Тибқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, 11 сентябри соли ҷорӣ сафари ҳайати бонуфузи ҳукуматию тиҷоратии вилояти Хатлон, таҳти роҳбарии Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба Ҷумҳурии Туркия оғоз гардид.
Ҳадафи ин сафар ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд, густариш додани муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ бо минтақаю шаҳрҳои Газиантеп, Қаҳраманмараш, Бурса ва Истанбул унвон шудааст.
Зимни сафари корӣ ҳайати вилояти Хатлон аз корхонаҳои саноатӣ, аз ҷумла корхонаву коргоҳҳои нассоҷӣ, қолинбофӣ, пойафзолдӯзӣ, истеҳсоли мебел, истеҳсоли маҳсулоти ғизоӣ ва коркарди ашёи хоми гуногун боздид ба амал оварда, таҷрибаи Туркияро дар самти ташкили минтақаҳои саноатӣ мавриди омӯзиш қарор медиҳад.
Дар назар аст, ки дар доираи сафари мазкур вохӯриҳо бо роҳбарияти минтақаҳои болозикр, инчунин дар шаҳрҳои Қаҳраманмараш ва Истанбул нишастҳои корӣ бо соҳибкорон ва дар шаҳрҳои Газиантеп ва Бурса “Бизнес Форуми байниминтақавии вилояти Хатлони Тоҷикистон ва минтақаҳои Туркия бо дарназардошти мулоқотҳои тиҷоратӣ дар шакли В2В байни ширкатҳои тоҷикию туркӣ ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкории мутақобилан судманд баргузор гардад.
Сафари ҳайати беш аз 60-нафараи вилояти Хатлон то 18 сентябр идома хоҳад кард. Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия барои дар сатҳи матлуб иҷро шудани барномаи сафар мусоидат мекунад.
Қобили зикр аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид ба он меварзанд, ки имконот ва шароити феълан фароҳамовардашудаи ҳамкорӣ бо Туркия бояд самаранок ва ба нафъи ҳарду ҷониб истифода гардад, то дар тамоми бахшҳои ҳамкорӣ нишондиҳандаҳои чашмраси рушд ба даст оянд.
Соли 2021 гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Туркия 390,5 млн. доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро ташкил дод.
Маҷмуан, солҳои 2007-2021 ба соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус саноат, хизматрасонӣ ва савдо беш аз 221 млн. доллари ИМА (2%-и ҳаҷми умуми воридоти сармояи хориҷӣ) сармояи туркӣ, аз ҷумла 124 млн. доллари ИМА (2,2% аз ҳаҷми умуми воридоти сармояи мустақими хориҷӣ) сармояи мустақим ҷалб гардида, аз рӯи ин нишондодҳо Туркия мутаносибан дар мавқеи 14 ва 9 дар байни кишварҳои хориҷӣ ҷойгир шудааст.
Имрӯз, 12 сентябри соли ҷорӣ дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати муовини якуми раиси шаҳри Кӯлоб Ташрифзода Мунаваршо ҷаласаи назоратӣ баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи раис ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, намояндагони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои таълимӣ ва тиббӣ, раисони ҷамоатҳо, имомхатибон ва дигар шахсони масъул ширкат доштанд.
Дар ҷаласаи мазкур оид ба рафти даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, рафти корҳои омодагӣ дар иншоотҳои сохташаванда, рафти иҷрои нақшаи обуна ба рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳрӣ, иҷрои кишти тирамоҳӣ ва дигар масъалаҳо мавриди муҳокимаронӣ қарор дода шуд.
Аз рӯи масъалаи якум муовини раиси шаҳри Кӯлоб Ҳамидиён Орзу оид ба рафти даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳозири ҳисобот пешниҳод намуд. Дар идомаи баррасии масъалаи мазкур изҳор гардид, ки тибқи нақшаи тасдиқгардида ҳар як масъулинро мебояд дар муҳлати кутоҳтарин дастуру супоришҳоро иҷро намоянд .
Тибқи рӯзномаи маҷлис мудири шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб Аҳмадзода Қурбон оид ба рафти иншоотҳои сохташаванда дар шаҳру деҳоти Кӯлоб ва муовини раиси шаҳри Кӯлоб Даминзода Арафамо оид ба рафти иҷрои нақшаи обуна ба рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва маҳаллӣ муфассал ҳисобот доданд.
Ҳамчунин дар кори ҷаласа масъалаҳо оид ба иҷроиши пардохти андоз, сари вақт пешниҳод намудани ҳисоботҳои оморӣ аз ҷониби масъулон, тоза ва озода намудани гирду атрофи ташкилоту муассисаҳо, оид ба рафти кишти зироатҳои кишоварзӣ ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Зикр гардид, ки дар доираи дастуру супоришҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар яки моро мебояд, ки корбариро дар самтҳои рушди иқтисодию иҷтимоии хоҷагии халқ боз ҳам беҳтару хубтар ба роҳ монда то дар рушду пешрафти шаҳри азизамон ҳиссагузор бошем.
Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб тамоми сокинони бонангу номус ва ватанпарвари шаҳри Кӯлобро ба фарорасии 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик менамояд.
Барои мо сокинони шаҳри Кӯлоб, ки ҷузви ҷудонопазири халқи хушбахту босаодат ва шарафманди Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳастем, мояи ифтихору сарбаландист, ки бо шарофати сиёсати оқилонаву хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 9-уми сентябрро ҳамчун солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои сулҳу субот, ҳамдигарфаҳмиву якдилӣ ва Ваҳдати миллӣ истиқбол мегирем.
Истиқлолият дар таърихи давлатдорӣ ва сарнавишти миллати тоҷик гардиши куллӣ ва оғози марҳилаи сифатан нави рушдро ба вуҷуд оварда, дар назди мо иҷрои вазифаи бисёр пурмасъулияти таърихӣ, яъне бунёди давлати мутамаддини ҷавобгӯ ба манфиатҳои халқу мамлакат ва эҷоди аркони давлатдории муосирро пеш гузошт.
Мардуми баору нанги шаҳри Кӯлоб, якҷо бо дигар фарзандони озодихоҳи кишвар, ки дар марҳилаҳои душвортарин барои ҳимояи арзишҳо ва мустаҳкам гардидани пояҳои Истиқлолияти давлатӣ фидокориву азхудгузариҳо нишон додаанд, имрӯзҳо бо шукргузорӣ аз фазои орому осудаи кишвар ба корҳои созангӣ рӯ овардаанд.
Ҳамакнун, ки аз 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқбол гирифта, ба остонаи 35-солагии ин ҷашни муқаддас қадам мегузорем, ба ин муносибат дар тамоми гушаву канори ватанамон, аз ҷумла шаҳри Кӯлоб таҳти сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои ободониву бунёдкорӣ бо маром ҷараён доранд. Ҷавобан ба ин таваҷҷуҳу дастгириҳо мо мардуми Кӯлобшаҳри бостонӣ дар роҳи пойдор нигоҳ доштани Истиқлолияти давлатӣ, таҳкими дастовардҳои он, дӯст доштани Ватан, ҳимояи марзу бум ва эҳтиром ба фарҳангу арзишҳои олии милливу давлатдорӣ саҳми арзандаи худро мегузорем.
Имрӯз вобаста ба талаботу таҳаввулоти ҷомеаи ҷаҳонӣ мо миллати соҳибтамаддунро зарур аст зиракиву ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем. Мо ҳамчун пайравони воқеии роҳи ҳидоятнамудаи Пешвои миллат ҳастии худро барои таҳким ва рушди Истиқлолияти давлатӣ бахшида, нерӯи созандаи хешро баҳри шукуфоиву пешрафти ватани азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол сафарбар менамоем.
Бо ин нияту таманниёт бори дигар ҳамаи Шумо сокинони меҳанпарасти шаҳри Кӯлобро ба фарорасии санаи муқаддаси миллӣ – 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику шодбош гуфта, бароятон дар роҳи ҳифзи Истиқлолият ва таҳкими дастовардҳои он муваффақият ва барои Тоҷикистони азиз Истиқлолияти абадӣ ва суботу оромии сартосариро таманно менамоем!
Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бод!