Боиси ифтихор ва сарфарозӣ мебошад, ки дар замони соҳибистиқлолӣ зери таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дастгириҳо дар самти соҳаи маориф, аз ҷумла мусоидат дар таълиму тарбияи насли наврас дар сатҳи баланд қарор дорад.
Дар доираи сиёсати ғамхоронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҷалби хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳру деҳоти Кӯлоб дар истироҳатгоҳи беруназшаҳрии "Шарора" воқеъ дар ноҳияи Муъминобод басти дуюм сурат гирифт.
Имрӯз дар доираи сиёсати ғамхоронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр истироҳатгоҳи беруназшаҳрии "Шарора" воқеъ дар ноҳияи Муъминобод бо тамоми шароитҳои мусоиди буду бош барои хонандагон муҳайё гардидааст, ки басти дуюми хонандагони муассисаҳои таълимӣ дар истироҳатгоҳи мазкур оғоз гардида, зиёда аз 100 нафар хонандагони синфҳои аз 4 то 8 ҷалб гардидаанд ва таҳти роҳбарии бевоситаи масъулони шӯъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб қарор доранд.
Ёдовар мешавем, ки барои хонандагон хӯрокҳои гарм, бозиҳои шавқовар, чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва варзишӣ ба нақша гирифта шудааст.
Бахши бойгонӣ-матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб
Все реакции:
Вы, Nohira Haqnazarzoda, Фарида Азамава и ещё 30Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Ҷапаров ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 8-уми июли соли 2025 сурат гирифт, як гардиши муҳим дар муносибатҳои ду кишвар ба шумор меравад. Дар замоне ки минтақаи Осиёи Марказӣ ба таҳкими равобити дохилминтақавӣ ниёз дорад, мулоқоти роҳбарони ду кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Садир Жапаров имкони баррасии ҳамаҷонибаи масъалаҳои сиёсӣ ва амниятиро фароҳам овард.
Пас аз солҳои баҳсҳои тӯлонӣ дар масъалаи марз ниҳоят ҷонибҳо тавонистанд ба созиш бирасанд ва масъалаҳои сарҳадиро ба таври расмӣ ҳаллу фасл намоянд. Имрӯз на танҳо марзи мушаххасшуда, балки ифтитоҳи гузаргоҳҳои марзии Тоҷварон ва Қарамиқ баёнгари эътимоди нав мебошад.
Аз ҷиҳати сиёсӣ, сафари мазкур намунаи дипломатияи сабурона ва дарозмуддатест, ки бо роҳандозии музокироти доимӣ, хештандорӣ ва ироаи иродаи сиёсӣ ба натиҷа расид. Созишномаи таъсиси Шӯрои байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон нишон доданд, ки ҳоло ҷонибҳо омодаанд низоми навбатии ҳамгироиро дар минтақа барпо кунанд. Сафар боз як паём ба дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад: роҳҳои муваффақият дар сиёсати минтақа танҳо сулҳ, гуфтугӯ ва манфиати муштарак аст.
Яке аз натиҷаҳои муҳими сафари Садир Жапаров ба Тоҷикистон, ки шояд зиёд дар расонаҳо зикр нашуд, ин нақши мутақобилаи ҷомеаҳо дар танзими муносибатҳои ду кишвар мебошад. Баъд аз буҳронҳои марзӣ, равобити байни одамон, хусусан дар минтақаҳои наздимарзӣ коста гардида буданд. Аммо акнун бо ифтитоҳи гузаргоҳҳо ва имзои тавофуқномаҳои ҳамкорӣ дар сатҳи иҷтимоӣ, фазо барои ҳамгироии мардумӣ фароҳам шудааст, ки мо намунаашро дар миёни сокинони ноҳияҳои Лахши Тоҷикистон ва Чон-Алайи Қирғизистон дидем.
Ду кишвар барои густариши ҳамкориҳои фарҳангӣ, илмӣ, таълимӣ ва расонавӣ низ тавофуқ намуданд. Бо ташкили чорабиниҳои муштарак, табодули донишҷӯён ва рӯзноманигорон, инчунин ворид намудани бандҳои мушаххас дар барномаҳои фарҳангии давлатӣ, ҳадаф бар он аст, ки на танҳо муноқишаҳо, балки нофаҳмиҳо ва стереотипҳо низ аз байн бурда шаванд.
Мардуми ҳар ду кишвар таърихи муштарак, урфу одати наздик ва эҳтироми мутақобила доранд. Сафари Садир Жапаров метавонад оғози марҳилаи «дипломатияи мардумӣ» дар Тоҷикистон шавад, ки муҳаррики устувор барои ҳифзи сулҳ ва пешбурди робитаҳои оянда аст.
Ҳамин тавр, ҳарчи бештар муносибатҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ дар миёни ду кишвар мустаҳкам мешаванд, ҳамон қадар муҳит барои густариши робитаҳои иқтисодӣ мусоидтар мегардад. Сафари имрӯзаи Президенти Қирғизистон ба Тоҷикистон заминаи воқеии барқарорсозии равобити иқтисодии судмандро фароҳам кард.
Дар доираи ин сафар беш аз 20 санади ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун, аз энергетика ва об то кишоварзӣ ва тиҷорат, имзо шуд. Аз ҷумла, созишномаҳо байни Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи саноат ва технологии нав, ҳамкориҳои аграрӣ, туризм ва тиҷорати марзӣ имкон медиҳанд, ки корхонаҳои муштарак ташкил шаванд ва маҳсулоти ватанӣ озодона ба бозорҳои ҳамдигар роҳ ёбанд.
Хулоса, ин сафар нишон дод, ки чунин сафарҳо метавонад омили асосии субот бошад ва агар тарафҳо ба манфиати умумӣ диққат диҳанд, ҳамаи монеаҳо бо роҳи дипломатӣ бартараф мешаванд.
ОДИНАЗОДА Латофат Амиршо,
директори Коллеҷи омӯзгории шаҳри Кӯлоб
Дар доираи сиёсати ғамхоронаи Пешвои муаззами миллатмуҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҷалби хонандагонимуассисаҳои таълимии шаҳру деҳоти Кӯлоб дар истироҳатгоҳи беруназшаҳрии "Шарора" воқеъ дар ноҳияи Муъминобод сурат гирифт.
Зимни сӯҳбат, муовини раиси шаҳри Кӯлоб Даминзода Арафамо Искандар бо хонандагони муассисаҳои таълимӣ дар истироҳатгоҳи беруназшаҳрии "Шарора" таъкид доштанд, ки дар замони соҳибистиқлолиикишвар шароитҳои мусоиди таълиму тарбияи насли наврас, аз ҷумла фаро гирифтани онҳо дар вақти таътил дар истироҳатгоҳҳо аз ҷониби давлату Ҳукумати ҶумҳурииТоҷикистон дастигирии амиқ пайдо кардаст.
Истироҳатгоҳи беруназшаҳрии "Шарора" воқеъ дар ноҳияи Муъминобод бо тамоми шароитҳои мусоиди буду бош барои хонандагон муҳайё гардидааст, ки зиёда аз 100 нафар хонандагони синфҳои аз 4 то 8 ҷалб гардидаанд ва таҳти роҳбарии бевоситаи масъулони шӯъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб қарор доранд.
Ёдовар мешавем, ки барои хонандагон хӯрокҳои гарм, бозиҳои шавқовар, чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва варзишӣ ба нақша гирифта шудааст.
Бахши бойгонӣ-матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб
Ҳаёти пурмоҷарои сиёсии асри XXI собит намуд, ки барои ҳар як давлату миллат, ҳифзи амнияти миллӣ ва давлатии он дар мақоми аввал қарор дорад. Бесуботӣ ва нооромии ҷаҳони имрӯз ба давлатдории кишварҳои рӯ ба тараққии минтақаи Осиё зарбаҳои сангину хашин мезанад, ки ин як падидаи тасодуфӣ нест. Кишварҳое, ки дар паси ин ҳаводиси вазнин қарор доранд, бо истифода аз роҳу воситаҳои гуногун ба хотири амалӣ сохтани ғаразҳои геополитикии худ, боиси ҷангҳо ва муноқишаҳои хунин дар гӯшаҳои мухталифи дунё мегарданд.
Дар ин замина, мо бояд зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарҷамъу муттаҳид, ба хотири тинҷиву оромии кишвари азизамон пайваста талош варзем. Чун мо ин мусибату бадбахтиро аллакай дар авохири асри XX паси сар кардаем. Ҳар қадаре ки аз он рӯзҳои сахту сангини ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта фосила мадидтар мешавад, арзиши сулҳ, осоиш ва суботи сиёсӣ барои мардуми тоҷик ҳамон қадар баландтар мегардад.
Орзу мекунам, ки он рӯзҳои мудҳиши ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дигар ҳаргиз бар сари миллати тамаддунсоз ва фарҳангии тоҷик барнагардад. Насли калонсолу солхӯрда он рӯзҳои сиёҳу мудҳишро хуб дар хотир доранд. Вале вазифаи мост, ки насли ҷавонро огоҳ созем, то ҳушёрию зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд, бахусус дар чунин шароити муосир, ки авзои ҷаҳонӣ печидаву пурмоҷаро аст.
Ногуфта намонад, ки Тоҷикистон ҳамроҳ бо дигар ҷумҳуриҳои собиқи Шӯравӣ баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва ба даст овардани истиқлоли давлатӣ ба мушкилоти зиёде рӯ ба рӯ гашт. Душманони миллати соҳибтамаддун ва куҳанбунёди мо намехостанд, ки мо баъди ҳазорон сол соҳиби давлату ҳукумати мустақили худ гардем. Аз ҳамин рӯ, бо ҳар васила кӯшиш мекарданд, ки дар сарзамини мо нооромӣ ба вуҷуд оварда, сулҳу суботро аз байн баранд ва халқи тоҷикро аз давлатдории миллӣ маҳрум созанд.
Мутаассифона, дар оғози истиқлоли давлатӣ онҳо тавонистанд ба ниятҳои нопоки худ то ҳадде муваффақ шаванд. Бо баҳонаи дину демократия ва озодии андеша, дар ниқоби суханони зебо, бо дасисаи бегонапарастон мафкураи мардумро таҳриф карданд ва тоҷикро зидди тоҷик шӯронданд.
Баъзе шахсони ноогоҳу соддалавҳ, ки мафкураи маҳдуди динӣ доштанд, ҳамчун василаи дасти хориҷиён дар ин муноқишаҳо даст доштанд. Дар муддати кӯтоҳ, дар кишвар чандин ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва тундгарои динӣ ва сиёсӣ пайдо шуданд, ки ҳар кадоме бо баҳонаи дифоъ аз дину арзишҳои миллӣ вазъияти нооромро боз ҳам шиддат мебахшиданд.
Сохтори давлатдорӣ қариб ки фалаҷ шуда буд. Мухолифин бо баҳонаҳои гуногун иҷозаи қабули қарорҳои муҳимро аз ҷониби аъзои Шӯрои Олӣ намедоданд. Аз сӯйи дигар, мардумони оддӣ бо ваъдаҳои пучи мухолифин ба майдон кашида мешуданд. Барои ҳифзи сохти конститутсионӣ ва намояндагони қонунии халқ, мардуми Кӯлоб ва дигар минтақаҳои кишвар ба майдон баромаданд ва дар натиҷа, мутаассифона, муқовимати мусаллаҳона оғоз ёфт.
Мухолифини мусаллаҳ ба силоҳ даст заданд ва аввалин қурбониёни ин муноқишаҳо зиёиён ва мардуми оддӣ шуданд. Аз ҷумла, сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум» Муродалӣ Шералӣ аз ҷониби мухолифини мусаллаҳ ба қатл расид. Намояндагони халқ гаравгон гирифта шуданд ва ҷанги шаҳрвандии бародаркуш оғоз гардид.
Ёдоварии он рӯзҳо гарчанд аламовар аст, вале барои огоҳии насли ҷавон муҳим мебошад. Ҷангу хунрезӣ танҳо бадбахтӣ меорад. Ҳазорон хона вайрону валангор шуд, ҳазорон модар падар бефарзанд, ҳазорон кӯдак бепадар монд. Бародар қотили бародар, фарзанд душмани волидайнаш шуд. Аз ноамнӣ ва тарс мардуми осоишта ба гуреза табдил ёфта, бо аҳлу оила хоки Ватанро тарк карданд. Хусусан дар Кӯлоб, баъзе навоҳии он ва ҳамчунин дар Афғонистон ҳазорон нафар фирорӣ шуданд. Авбошиву ғоратгарӣ ҷойи маърифату маданиятро гирифт. Муҳоҷирон дар ғарибӣ, бахусус дар Афғонистон, бо гуруснагиву нодорӣ зиндагии фоҷиабор доштанд.
Вазъият печидатару сангинтар мешуд. Мардум ба як ақли солим ва сарвари оқилу вафодор ниёз доштанд. Хушбахтона, тақдир миллати тоҷикро бо чунин шахсият рӯбарӯ сохт. Дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нахуст ба ҳайси Раиси Шӯрои Олӣ ва баъдан Президенти кишвар интихоб гардиданд. Ин масъулият дар он шароити хатарнок ҷоннисорӣ ва далерии фавқулода металабид.
Президенти муҳтарам, ки ҷавон, дурандеш ва фарзона буданд, барои наҷоти миллат ҷонфидоёна талош варзиданд. Аз ҷумла, сафари ҷасуронаи эшон ба Афғонистон ва мулоқот бо раҳбарони онвақтаи Афғонистон- профессор Бурҳониддин Раббонӣ ва Аҳмадшоҳи Масъуд, барои сулҳу баргардонидани гурезаҳои тоҷик, шаҳодати мардонагии эшон аст.
Ҳар боре ки навори мулоқоти пурдарди Пешвои миллатро бо муҳоҷирони тоҷик дар хоки Афғонистон тамошо мекунам, ашки чашмонамро нигоҳ дошта наметавонам. Он суханони дилсӯзи эшон, ки мегуфтанд: «Солҳо мегузаранд, ҳар касе ки аз ин ҷо мегузарад, мегӯяд, ки ин қабристони гурезаҳои тоҷик аст. Магар барои мову шумо айб нест? Айб нест, ки ҳамватанони мо дар ғарибӣ умр ба сар баранд, дар ғарибӣ тарки дунё кунанд?»
Ин суханон то абад дар гӯши таърих мемонанд. Даъватҳои пайвастаи эшон барои бозгардондани гурезаҳо аз хотирҳо намеравад: «Ҳамватанони азиз, шуморо хонаву даратон, пайвандону наздиконатон интизоранд. Ба Ватани аҷдодӣ баргардед».
Бо талошҳои шабонарӯзии Пешвои миллат, 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин ба имзо расид. Ин рӯз барои миллати тоҷик рӯйдоди тақдирсоз буд.
Маҳз бо сулҳ мо ба пешрафт ноил шудем. Ҳамаи дастовардҳои даврони Истиқлол натиҷаи сулҳу суботи сиёсиест, ки бо роҳбарии оқилонаи Пешвои миллат ба даст омадааст. Имрӯз Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун кишвари орому пешрафта мешиносанд.
Ҳарчанд баъзе нафарони бадхоҳ кӯшиш мекунанд, ки таҳкими сулҳро нодида гиранд, вале таърих ҳаргиз фаромӯш намекунад, ки маҳз Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон мактби сулҳофарии тоҷикиро асос гузоштанд.
Ваҳдати миллӣ-ин муҳимтарин дастоварди таърихи навини мост. Ваҳдат барои мо танҳо як калима нест-ин ҳастии мост, ваҳдати мост, бақои давлатдории мост. Пас биёед, шукронаи суботу оромӣ ва Пешвои хирадманди худро кунем, зеро бидуни ӯ мо имрӯз чунин рӯзҳои орому осударо намедидем.
Мо, мардуми соҳибтамаддуну соҳибфарҳанг, ҳамеша барои ҳимояи арзишҳои миллӣ омодаем. Сулҳу осоиштагӣ ва истиқлоли давлату кишвари худро мисли гавҳараки чашм азиз медорем ва барои ҳифзи ин неъматҳои бебаҳо тамоми нерӯи ақлонӣ ва ҷисмонии худро сафарбар месозем.
Дар фарҷом, мехоҳам матлаби худро бо як андешаи бисёр арзишманди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷамъбаст намоям: «Биёед, ба қадри ин Ватан, ин сарзамини биҳиштосои аҷдодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва нону намаки он расем».
Поянда бод Тоҷикистони азиз!
Поянда бод Истиқлолияти давлатӣ!
Поянда бод сулҳу ваҳдати миллӣ!
Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборак ва хуҷаста бод, ҳамватанони азиз!
Шермуҳаммад Тоҳиров, муаллими калони кафедраи забоншиносӣ ва таърихи забони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ