Санаи 20 сентябри соли равон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати раиси шаҳр ҷаласаи корӣ оид ба вусъат бахшидани корҳои ободониву созандагӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа муовинони раис, роҳбари дастгоҳи шаҳр, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳ ва мақомоти ииҷроияи ҳокимияти давлати шаҳр, сардороин раёсатҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои шаҳрӣ, раисони ҷамоатҳо ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.
Сараввал раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Назарзода Бахтиёр суханронӣ намуда, оид ба мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози андеша намуда, ҷиҳати ободу зебо намудани маҳали зист ва вусъат бахшидани корҳои ободониву созандагӣ ба масъулон супоришҳои мушаххас дод.
Дар идомаи ҷаласа роҳбарияти шаҳри Кӯлоб оиди рафти корҳои ободонии шаҳр пурсон шуда, ҷиҳати насб намудани шиору овезаҳо, ба тартиб даровардани назди биноҳо, рангу бор ва тоза намудани хонаҳои наздиҳавлигиву баландошёна, шинонидани гулҳо дар назди ҳамаи ташкилоту муассисаҳо ва дигар масъалаҳо ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Бахши матбуотии Миҳд-и шаҳри Кӯлоб
Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP