Имрӯз, 5 октябри соли равон дар толори маҷлисгоҳи донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бахшида ба таҷлили Рӯзи забони тоҷикиӣ ҷамъомади тантанвӣ баргузор гардид.
Дар ҷамъомади мазкур раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр, сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон Нозимзода Файзулло Ватан, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, зиёиён, гуруҳи фаъоли “Авангард”, гуруҳи захиравии шаҳри Кӯлоб ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.
Баъд аз садо додани суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомад оғоз гардида, сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон, полковники милитсия Нозимзода Файзулло Ватан вобаста ба аҳамияти забони давлатӣ, ташаббусҳои созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумуҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти баланд бардоштани мақоми забони давлатӣ ибрози андеша намуд.
Ҳамчуни раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр суханронӣ намуда, тамоми мардуми Кӯлобшаҳри бостониро ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд. Зикр гардид, ки бо туфайли сиёсати хирадмандона ва дастгириҳои доимии Роҳбарияти Олии мамлакат, Ҷаноби Олӣ дар замони соҳибистиқлолӣ, забони давлатӣ ба марҳилаи тозаи рушд ва таҳаввул ворид гардид. Пеш аз ҳама дар ин давра ба сифати як унсури миллатсоз ҳусну қубҳи худро дигар ва дар ҷомеа мавқеи худро устувор намуд. Пешвои муаззами миллат забони тоҷикиро барои худ чунин мешуморад: “Забони тоҷикӣ натанҳо воситаи гуфтугую муошират, балки болотар аз он, шиносномаи миллати азизам, руҳи поки гузаштагонамон ва оинаи осори ниёгонамон мебошад».
Ин гуфтаҳо далели онанд, ки забони давлатӣ зери пуштибонии бевоситаи Пешвои миллат ва давлату ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад.
Дар идомаи ҷамъомади мазкур Давлатзода Раҳмон Қодир сардори қисми минтақавии РВКД ҶТ оид дар минтақаи Кӯлоб, ректори донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Раҳмонзода Дилшод ва дигар зиёиён оид ба нақши забони давлатии тоҷикӣ дар замони соҳибистиқлолӣ андешаронӣ намуданд.
Дар охир ба як зумра фаъолони шаҳру минтақаи Кӯлоб Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Бахши матбуотии Миҳд-и шаҳри Кӯлоб
Имрӯз 5 октябри соли равон дар Қасри фарҳанги ба номи Рустами Абдураҳими шаҳри Кӯлоб бахшида рӯзи забони давлатӣ ва омӯзгорон бо иштироки раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр, доираи васеъи омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ, фаъолон, собиқадорон, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва хонандагону донишҷӯёни донишгоҳу колеҷу муассисаҳои таълимии шаҳр чорабинии идона баргузор гардид.
Пеш аз оғози чорабинӣ роҳбарияти шаҳри Кӯлоб ва дигар меҳмонон аз намоиши дастовардҳои илмии таълимгирандагони муассисаҳои миёна ва олии касбӣ дидан намуда, ба истеъдоди волоии онҳо баҳои баланд доданд.
Дар ин чорабинии бошукӯҳ нахуст раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Назарзода Бахтиёр Худоёр суханронӣ намуда, ҳамагонро ба ин муносибат табрику таҳният гуфт. Изҳор доштанд, ки нақш ва ҷойгоҳи Пешвои муаззами миллат дар баланд бардоштану бартарӣ додани рукнҳои давлатӣ, бахусус забон ниҳоят бузург аст. Зеро ба туфайли сиёсати хирадмандона ва дастгириҳои доимии Ҷаноби Олӣ дар замони соҳибистиқлолӣ, забони давлатӣ ба марҳилаи тозаи рушд ва таҳаввул ворид гардид. Пеш аз ҳама дар ин давра ба сифати як унсури миллатсоз ҳусну қубҳи худро дигар ва дар ҷомеа мавқеи худро устувор намуд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ бахшида ба муносибати Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон таъкид карданд, ки «Забон неъмати бебаҳои зиндагии аҳли башар мебошад. Инсон фақат тавассути забон метавонад эҳсос ва фикру андешаҳои худро иброз намояд.
Забони миллӣ оинаи пурҷиллои таърих, ҷаҳони маънавӣ ва хираду маърифати ҳар як халқу миллат ба шумор меравад».
Дар идомаи чорабинӣ устоди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, ховаршинос, Зафар Мирзоён баромад намуда, қайд кард, ки тайи ҳазорсолаҳо шоирону муттафакирон, олимону донишмандони гузаштаи мо, аз ҷумла Рӯдакиву Ибни Сино, Фирдавсиву Дақикӣ, Саъдиву Ҳофиз ва Ҳилоливу Бедил бо ин забони нобу беолоиш асарҳо эҷод кардаанд, ки боиси ифтихор ва сарбаландӣ мебошанд.
Дар идомаи чорабинӣ бахшида ба рӯзи забони давлатӣ ба як зумра кормандони соҳаи маорифи шаҳри Кӯлоб бо Сипосномаҳои раиси шаҳри Кӯлоб қадрдонӣ карда шуданд.
Дар охир барномаи омоданамудаи ҳунармандони шаҳри бостонии Кӯлоб, ки тараннумгари ватандустиву хештаншиносӣ буд пешкаши ҳозирин гардонида шуд.
Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб
Тӯли чанд рӯз боз бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бахшида ба сазовор таҷлил намудани Рӯзи забони давлатӣ таҳти шиори “Тани солим-руҳи солим” миёни кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва наврасону ҷавонони шаҳри Кӯлоб мусобиқаи кушоди варзишӣ аз рӯи намудҳои варзиши шашкаю шоҳмот, тенниси рӯи миз, тенниси калон, футболи хурд, волейбол ва гуштини миллӣ баргузор гардид. Озмуни мазкур санаи 5 октябри соли равон дар боғи фарҳангиву фароғатии ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо баргузор намудани чорабинии тантанавӣ ва фарҳангӣ сурат гирифт.
Дар ин чорабинии тантанвӣ раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр, сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон Нозимзода Файзулло Ватан, Давлатзода Раҳмон , сардори қисми минтақавии РВКД ҶТ дар минтақаи Кӯлоб, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои шаҳр. зиёиён ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.
Чорабинӣ бо садо додани Суруди Милли Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Сипас, ба ғолибони мусобиқаҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Дар фарҷом ҳунармандони шаҳри бостонии Кӯлоб барномаи консертии омоданамудаи хешро манзури иштирокчиён гардониданд.
Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб
Ҳамдиёрони азиз!
Ҳамагонро ба муносибати Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон аз самими дил табрику муборакбод гуфта, пеш аз ҳама саломатӣ, рӯзгори хурраму осуда, сулҳи абадӣ ва осмони софу беғубор таманно менамоям. .
Ҳамчунон ки ҳамагон дар хотир дорем ин ҷашни миллӣ то вақтҳои наздик ҳамасола дар санаи дигар, яъне рӯзи 22 июл ҷашн гирифта мешуд ва ин сабаби воқеӣ дошт. Мебояд тазаккур дод, ки дар замони Шӯравӣ, бинобар сабаби мақоми давлати доштани забони русӣ, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам, ки қисми таркибии ҳамон давлат буд, аксарияти чорабиниҳо (маҷлису машваратҳо, семинарҳо, конференсияҳо ва ғайра) бо забони давлатӣ созмон дода мешуданд. Насли калонсол ин ҳолатро ба хубӣ дар ёд доранд. Истифодаи забони тоҷикӣ асосан дар гуфтугузори кучаву дохили оилавӣ ба назар мерасид. Дар натиҷаи ин гуна сиёсати якҷониба мавқеи забони тоҷикӣ хеле маҳдуд гардида буд.
Вале дар нимаи дуюми солҳои 80-уми асри ХХ баъд аз саршавии равандҳои демократикунонии ҷомеа, дар ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шуравӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ҷунбишу созмонҳои демократӣ ба миён омаданд. Бахусус ҳиссимиллии мардуми тоҷик бедор гардида, дар ҳама гушаву канори мамлакат мардум дар маҷлисҳо, инчунин тавассути васоити ахбори омма изҳори назар ва талаб менамуданд, ки ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ дода шавад. Гурӯҳҳои ташаббускор барои расидан ба ин мақсад имзои мардумро ҷамъоварӣ намуда, варақаҳои имзоҷамкуниро баста-баста ба мақомотҳои марбутаи ҷумҳурӣ пешниҳод мекарданд. Зери ана ҳамин фишорҳо рӯзи 22 июли соли 1989 дар Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Қонуни забони тоҷикӣ (форсӣ)» қабул гардид ва тибқи он забони тоҷикӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми давлатиро касб кард. Аз ҳамон рӯз то соли 2009 санаи 22 июл ҳамчун «Рӯзи забон» ҷашн гирифта мешуд.
Аммо соҳибихтиёру соҳибистиқлол шудани кишвар имконият фароҳам оварданд, ки қонунгузорӣ такмил ва қонунҳо ба талаботи давру замон мутобиқ гардонида шаванд. Бахусус Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи Забони давлатии Тоҷикистон» қабул намуд. Рӯзи 5 октябри соли 2009 ба он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо гузоштанд. Пас аз ин Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот даровард ва рӯзи 5 октябр Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон эълон гардид. Инак соли 13-ум аст, ки халқи Тоҷикистон ин санаи муҳимро ҳамчун Рӯзи Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил менамояд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ бахшида ба муносибати Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон таъкид карданд, ки «Забон неъмати бебаҳои зиндагии аҳли башар мебошад Инсон фақат тавассути забон метавонад эҳсос ва фикру андешаҳои худро иброз намояд.
Забони миллӣ оинаи пурҷиллои таърих, ҷаҳони маънавӣ ва хираду маърифати ҳар як халқу миллат ба шумор меравад».
Ба маврид аст зикр кунем, ки нақш ва ҷойгоҳи Пешвои муаззами миллат дар баланд бардоштану бартарӣ додани рукнҳои давлатӣ, бахусус забон ниҳоят бузург аст. Зеро ба туфайли сиёсати хирадмандона ва дастгириҳои доимии Ҷаноби Олӣ дар замони соҳибистиқлолӣ, забони давлатӣ ба марҳилаи тозаи рушд ва таҳаввул ворид гардид. Пеш аз ҳама дар ин давра ба сифати як унсури миллатсоз ҳусну қубҳи худро дигар ва дар ҷомеа мавқеи худро устувор намуд.
«Барои ман – мегуянд Сарвари тоҷикони дунё – забони тоҷикӣ натанҳо воситаи гуфтугую муошират, балки болотар аз он, шиносномаи миллати азизам, руҳи поки гузаштагонамон ва оиннаи осори ниёконамон мебошад». Ин гуфтаҳо далели онанд, ки забони давлатӣ зери пуштибонии бевоситаи Пешвои миллат ва давлату ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад.
Боиси ифтихору қаноатмандист, ки бо забони тоҷики тули асрҳо адибони машҳури олам, аз қабили Рӯдакиву Фирдавсӣ, Ибни Сино, Саъдиву Ҳофизу Хайём, Ҷомиву Бедилу Мавлавӣ асарҳои безаволи худро эҷод карданд ва онро беолоиш нигоҳ доштанд.
Дигар бузургони ҷаҳон ҳам умуман забонро васф карда, онро яке аз шартҳои мавҷудияти қавму миллатҳо донистаанд. Аз ҷумла адиби машҳури доғистонӣ Расул Ғамзатов мегуяд: «Агар донам, ки фардо забони ман мемирад, розиам, ки ман имрӯз бимирам».
Модоме чунин аст, биёед ҳамагон ба қадри забони давлатии худ расем. Онро ҳамаҷониба эҳтиром кунем, барои ҳифз ва рушду такомуллаш заминаҳои мусоидро ҳарчӣ зиёдтар фароҳам оварем. Зеро миллате, ки забонашро тавоно намесозад, пос намедорад, азиз намешуморад, оқибаташ заволу нестист.
Бори дигар Рӯзи забони давлатӣ муборак бошад!