ҶАЛАСАИ НАЗОРАТИИ НАЗДИ РАИСИ ШАҲРИ КӮЛОБ
3 октябри соли ҷорӣ дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб бо иштироки раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр, муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи раис ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, намояндагони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, раисони маҳаллаву ҷамоатҳова дигар шахсони масъул машварати корӣ доир гардид.
Дар ҷаласаи мазкур оид ба таъмини иҷрои супоришҳои қаблӣ, оид ба рафти даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, оид ба ҳолати ҷамъоварии зироатҳои кишоварзӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ, рафти обунашавии соҳаҳо ба рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳрӣ тибқи нақшаи тақсимот барои соли 2023 ва дигар масъалаҳои ҷорӣ мавриди муҳокимаронӣ қарор дода шуд.
Нахуст тибқи рӯзномаи тасдиқгардида роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр Абдуллоев Файзулло оид ба супоришҳои дар маҷлиси қаблӣ додашуда гузориши муфассал пешниҳод намуд. Зимни баррасии масъалаҳои мазкур роҳбарияти шаҳр аз масъулон ҷиҳати иҷрои супоришҳои протоколӣ пурсон гардид.
Оид ба масъалаи дуюми машварати корӣ муовини раиси шаҳри Кӯлоб Орзу Ҳамидиён вобаста ба рафти даъвати тирамоҳии ҷавонон ба Сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикстон баромад намуда, масъалаи сафарбарноамоии ҷавонони синни хизмати ҳарбӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Назарзода Бахтиёр масъулони сохторҳои дастгоҳи раиси шаҳр ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, ҳамчунин комисариати ҳарбии шаҳри Кӯлобро муваззаф намуданд, ки вобаста ба ҷалби ҷавонон ба Сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ бахусус падарону модарон ва ҷавононро баргузор намоянд ва дастур доданд, ки ҷиҳати иҷрои нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, корро дар ин самт дуруст ба роҳ монанд.
Бо ҳамин тартиб тибқи банди сеъми рӯзномаи маҷлис муовини якуми раиси шаҳри Кӯлоб Ташрифзода Мунаваршо баромад намуда, аз рафти иҷрои нақшаи кишти зироатҳои кишоварзӣ ҳисоботи муфассал пешниҳод кард. Зимни муҳокимаи масъалаи мазкур роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба масъулони кумитаи замин, раёсати кишоварзӣ, раисиони ҷамоатҳо ҷиҳати амалӣ намудани нақшаи кишти зироатҳо дасутур супоришҳои мушаххас дода шуд.
Дар идомаи кори ҷаласа муовини раиси шаҳр Даминзода Арафамо оид ба рафти иҷрои нақшаи обуна ба рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳрӣ дар назди ҳозирин ҳисобот пешниҳод намуд.
Ҳамчунин зимни ҷаласаи масъалаҳо оид ба пардохти иҷрои нақшаи андозҳо, таҳти назорати ҷиддӣ қарор додани раванди истифодаи самараовари заминҳои кишт, пешбурди корҳои сохтмонӣ дар иншоотҳои ҷашнӣ, тақвияти корҳои оммафаҳмонӣ миёни аҳолӣ, саривақт иҷро намудани супоришҳои аз ҷониби роҳбарият додашуда, шинонидани гулҳои мавсимӣ, иваз намудани шиору овезаҳо, рафти фаъолияти корхонаҳои саноатии дар минтақаи саноатӣ ҷойдошта ва дигар масъалаҳои ҷорӣ мавриди муҳокимаронӣ қарор дода шуд.
Дар охир раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр масъулонро вазифадор намуданд, ки ҷиҳати бартараф намудани камбудиву норасоиҳои ҷойдошта тадбирҳои зарурӣ ва саривақтӣ андешанд.
Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб
КӮЛОБ: БАРГУЗОРИИ РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Таъмини фазои орому осудаи Ватан ва амнияти ҷомеа яке аз муҳимтарин вазифаҳои давлату ҳукумат ба шумор рафта, вобаста ба он таълиму тарбия ва руҳану ҷисман омода намудани ҷавонони синни даъватӣ барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ беш аз пеш аҳамияти муҳим пайдо менамояд.
Бо ин мақсад санаи 1 октябри соли равон дар Комисариати ҳарбии шаҳри Кӯлоб маросими ботантанаи гусели тирамоҳии ҷавонони даъватшаванда ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар чорабинии тантанавӣ раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Назарзода Бахтиёр Худоёр, кормандони комиссарияти ҳарбӣ, волидайни даъватшавандагон ва ашхоси касбу кори гуногун иштирок карда, наваскаронро ба хизмати содиқона баҳри ҳифзу марзу буми кишвар гусел намуданд.
Сараввал, дар чорабинии мазкур роҳбарияти шаҳри Кӯлоб суханронӣ намуда, иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид намуданд: “Хизмат ба Ватан ва ҳимояи марзу буми аждодӣ барои ҳар як ҷавонмарди бонангу номуси Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳам қарз ва ҳам фарз аст”.
Зикр гардид, ки имрӯз ҳар як сокини шаҳри Кӯлоб бо чунин ҷавонони бонангу номуси диёр, ки ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар шуда истодаанд, сидқан ифтихор мекунанд. Ҳоло Қувваҳои мусаллаҳ ба як сутуни муқтадири ҳимояи марзу бум ва тамомияти арзии кишвар табдил ёфтаанд. Давлати Тоҷикистон ва мардуми тоҷик дар шахсияти афсарону сарбозони Қувваҳои мусаллаҳ муҳофизони боэътимоди Ватанро мебинанд ва ба онҳо ифтихор доранд.
Бо изҳори миннатдорӣ ба волидайни ҷавонони даъватшаванда, ки ихтиёран ба сафи артиши миллӣ пайвастаанд, раиси шаҳр ба ҳамаи онҳо ба ин рӯзи пуршараф табрику муборакбод намуда, ба наваскарон саломатӣ, хушбахтӣ ҳушёрию зиракӣ, матонату ҷасорат ва дар роҳи хизмати содиқона ба Ватан саодату комёбӣ ва барору музаффарият таманно намуд.
Ҳамчунин, як қатор волидайни даъватшавандагон ва ҷавононе, ки ба ихтиёран ба Сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил гардидаанд, баромад карда миннатдории хешро ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид дар Сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳури Тоҷикистон баён намуданд.
Баъдан маросими мардумии “Нонгазон” аз ҷониби модарони даъватшудагон баргузор гардид.
Дар қисмати охир ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳри Кӯлоб барномаи ҷолиби консертии омоданамудаи хешро пешниҳоди ҳозирин намуданд.
Бахши матбуотии Миҳд-и шаҳри Кӯлоб
Ба озмуни «Беҳтарин муаррификунандаи дастовардҳои шаҳри Кӯлоб»
АВҶИ КОРҲОИ СОЗАНДАГӢ БА ИСТИҚБОЛИ ҶАШН
Бо мақсади дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб иқдомҳои зиёди созандагию ободонӣ тарҳрезӣ гардида, бунёд ва азнавсозии иншооти маъмурию фарҳангӣ, коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ ва муассисаҳои хизматрасонию таълимӣ идома дорад.
Тавре мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр Қурбон Аҳмадзода, иттилоъ дод, дар чор соли оянда бо мақсади дар сатҳи олӣ пешвоз гирифтани ҷашни миллӣ 35 солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёд ва азнавсозии 462 иншооти таъиноташон гуногун ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла, бунёд ва азнавсозии 86 муассисаҳои таълимӣ, кӯдакистон, синфхонаҳои иловагӣ, 48 адад бунгоҳҳои тиббӣ, марказҳои саломатӣ, 40 коргоҳу корхонаҳои саноатӣ, 16 адад толору майдончаҳо иварзишӣ, 44 маркази хизматрасонӣ, 40 маркази савдо, 33 биноҳои баландошиёнаю маъмурӣ, 106 иншоот дар самти нақлиёт ва коммуникатсия, 13 иншооти ба соҳаи кишоварзӣ, 9 иншоот ба соҳилмустаҳкамкунӣ, 4 иншоот ба соҳаи фарҳанг, 21 иншооти дигари сохташаванда дар самтҳои гуногуни хоҷагии халқ аз ҳамон ҷумлаанд.
Ҳамчунин, иттилоъ дода шуд, ки соли ҷорӣ яке аз дастовардҳои хуби меҳнатӣ сокинони шаҳри Кӯлоб ин бунёд ва ба истифода додани 45 иншооти таъиноти гуногун бо таъсиси 100 ҷойи нави корӣ мебошад.
-Инчунин, ба муносибати 31–умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ва ташрифи меҳмонони олиқадр дар шаҳри Кӯлоб 22 иншооти дигар, аз ҷумла, ду коргоҳи паррандапарварӣ, як муассисаи таълимӣ, бинои маъмурии Кумитаи идораи замини шаҳр ва минтақаи Кӯлоб, бинои Агентии тоҷикстандарт дар минтақаи Кӯлоб, Маркази хизматрасонӣ, синфхонаҳои иловагӣ, пурра мумфарш кардани роҳи Чармгарони Поён ва Коллеҷи иноватсионии шаҳри Кӯлоб ба истифода дода мешаванд, ки ин ҳам бошад дастовардҳои шаҳри Кӯлоб дар давраи соли ҷорӣ ба ҳисоб мераванд,-гуфт Қурбон Аҳмадзода.
Мавсуф ҳамчунин, афзуд, ки айни замон дар 150 иншоот сохташаванда корҳои сохтмонӣ бо мароми баланд идома дошта, дар онҳо мутахассисону коргарони маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин гардидаанд.
Бояд тазаккур дод, ки соли ҷорӣ тибқи қарори раиси шаҳри Кӯлоб «Соли рушди саноат ва роҳҳои обод» эълон гардид. Бо ин мақсад дар минтақаи саноатии шаҳр ба 11 соҳибкор қитъаи замин барои бунёди корхонаҳои саноатӣ ҷудо гардид. Инчунин, бо мақсади иҷрои қарори мазкур барои таъмини ҳаракати бехатарии нақлиёт ва пешгирии тамбашавӣ воситаҳои нақлиёт, роҳи алтернативӣ дар кӯчаи Чармгарони Поён бо дарозии 850 метр аз ҳисоб имаблаѓгузории буҷети маҳаллӣ таъмиру навсозӣ гардида, пурра асфалтпӯш шуд.
Дар робита ба ҳадафи чорумистратегӣ–саноатикунонии босуръати мамлакат дар шаҳри Кӯлоб бунёд ва азнавсозии 40 коргоҳу корхонаҳои саноатӣ дар назар дошта шуда, то ҷашни 35 солагии Истиқлолияти давлатӣ сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳанд гирифт.
Исломи РАҶАБАЛӢ,
Рӯзноманигор