Санаи 28 майи соли равон дар асоси нақшаи баргузории чорабиниҳои тарғиботӣ таҳти унвони "Тоҷикона мепӯшем", ки аз тарафи муовини раиси вилояти Хатлон Абдусаломзода Анзурат Ашур, нақшачорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб хосатан дастури бевоситаи раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр дар Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ аксияи "Тоҷикона мепӯшем" баргузор гардид.
Ҳадаф аз баргузории чунин чорабиниҳо муаррифии либоси миллӣ мебошад, зеро оламиён миллати тоҷикро бо фарҳанги хоси шарқиёна мешиносанду эҳтиром менамоянд.
Пӯшидани либоси миллӣ шиддати воридшавии либосҳо ва фарҳанги бегонаро ба мамлакат паст менамояд. Либос дар арсаи байналмилалӣ муаррифгари давлат ва миллат мебошад. Агар давлатро аз як ҷиҳат аз рӯйи муқаддасоташ: Нишон, Парчам ва Суруди миллӣ шиносанд, аз тарафи дигар аз рӯйи либос ва фарҳангаш мешиносанд. Аммо, аз чӣ сабаб бошад, ки баъзан занону духтарони тоҷик вақтҳои охир ин рукни муқаддаси миллатро камтар қадр менамоянд ва арзиши миллии онро нодида мегиранд.
Набояд зани тоҷик аз либоси миллии хеш дида ба либоси бегона шавқу ҳавас дошта бошад, зеро ин ба мо – тоҷикон, мардуми дорандаи фарҳанги бою пурарзиш зебанда нест. Дуруст мегӯянд, ки зани тоҷикро либоси миллиаш зеботар менамояд, на либоси халқу миллатҳои дигар. Аз ин рӯ, занону духтарони тоҷикро зарур аст, ки ба қадри либоси миллиамон бирасанду эҳтироми онро ба ҷо оранд, чунки зани тоҷикро дар ҳама давру замон бо либоси миллиаш мешиносанду эҳтиром менамоянд.
Дaр Тоҷикистон нaфaреро пaйдо нaмудaн душвор aст, ки мaфтуни сеҳру ҷозибаи aтлaсу aдрaси Суғд, чaкaни Хaтлон, гулдӯзиҳои нотaкрори минтaқaи Рaшт, aлочaву шоҳии водии Ҳисор, рaнгҳои пурҷилои куртaву тоқӣ вa ҷӯробҳои Бaдaхшон нaбошaд. Либоси миллии мо мaҳз бо ҳaмин рaнгу ҷило дaр ҷaҳон муaррифӣ гaрдидaaст. Бояд ба ин афрод гӯшрас намуд, ки либоси миллии мо тоҷикон аз замони пеш то ба имрӯз чакану атласу адрас мебошад ва шоирони бузурги мову ҳунармандони асили санъати тоҷик, ки аз ин муқаддасоти миллӣ бохабар ҳастанд, онро таҷассуму тараннум намуданд.
Эй духтари нозанини қадрас,
Зебанда туро либоси атлас…
***
Бо шоми сипеду ранги зебои чакан,
Гулрез бувад ваҷаб-ваҷаб хоки Ватан.
Ифтихор аз он дорем, ки зaнону модaрони тоҷик дaр ҳaмa дaвру зaмон посдори оину aнъaнaҳои муқaддaси хaлқу миллaт бa шумор мерaвaнд. Умед аст, ки духтарони нозанину модарони меҳрубони тоҷик ҳамеша ва дар ҳар замоне, ки набошад фарҳанги бегона ва либоси ғайрро ба бар наменамоянд ва ҳамеша либоси зебою шинамашонро аз дигар либосҳо болотар мегузоранд.
Имрӯз, дар толори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили ёддошт ва гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон, зиндаёд Ашур Сафар баргузор гардид.
Дар оғози маҳфил аз тарафи ровӣ меҳмонони аз дуру наздик омада ба ҳозирин шиносо карда шуд.
Сипас, ректори Донишгоҳ профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек дар назди ҳозирин маҳфилро бо сухани ифтитоҳӣ оғоз бахшид. Зимни суханронӣ қайд намуд, ки Устод Ашур Сафар ҳамчун хатмкардаи Донишгоҳи мазкур доимо дар маҳфилҳои адабӣ ба донишгоҳ ташриф меоварданд ва гули сарисабади маҳфилҳо буданд. Бо лутфу хушгӯиҳои худ на танҳо дар минтақаи Кӯлоб, балки дар тамоми Тоҷикистон маҳбубияти хосаеро пайдо карда буданд. Бо ашъори пур аз меҳри ватандорию ватандӯстӣ дар дили ҳаводорони каломи мавзун ҷойгузин буданд. Аз хотираҳои шоир якчанд мисол оварданд.
Муовини якуми раиси шаҳри Кӯлоб Ташрифзода Мунавваршо низ аз ҳаёту фаъолияти устод ёдоварӣ карда, номгӯи китобҳои таълифёфтаи ӯро қайд намуданд ва дар охири сухан иброз доштанд, устод то рӯзҳои вопасини умр дар шаҳри Кӯлоб зистанд ва Кӯлобро тарк накарданд.
Шоир халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб низ, аз хотираҳои худ дар давоми солҳои бо устод фаъолият карданашонро ёддоварӣ намуда, аз чакидаҳои намакину пур аз ҳазлро ба ҳозирин нақл карданд. Доир ба васфи Устод порчаҳои шеърии худро, ки солҳои қаблӣ ба риштаи назм кашида буданд, бахшиданд.
Алимуҳаммад Муродӣ – Шоири халқии Тоҷикистон аз хотираҳои худ дар даврони шиносоӣ бо Устод ва лаҳзаҳои хотирмонро нақл карда, доир ба ҳаҷвиёту лутфҳои шоир бо овардани порчаҳои шеърӣ сухани худро анҷом бахшиданд.
Аз дӯстдорони ашъори шоир Давлати Раҳмониён – ҷонишини сармуҳаррири маҷаллаи «Садои Шарқ», низ аз ашъори шоир намунаҳо оварда, хосса шеъри «Ҷома»-ро қироат намуд ва қайд кард, ки ин шеър дар эҷодиёти шоир ҷойгоҳи махсусро доро аст.
Толиб Луқмон – мудири бахши назми Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аз номи Раёсати ИНТ ҳозиринро шодбош гуфт. Ӯ қайд намуд, ки ғазалиёти шоири шаҳир баландпоя аст ва бо равонию сабки махсус дар дили дӯсторони каломи шеър зудтаъсир аст.
М.Сабурӣ – мудири бахши нақди адабии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон доир ба ҷузъиёти ашъори шоир ва такмили тасвири Устод маърӯзаи пурмуҳтаво намуд.
Ҳотам Асозода – директори Муҷтамаи ҷумҳуриявии осорхонаҳои шаҳри Кӯлоб бо самимияти хос аз ашъору хотираҳои эшон ҳарф гуфта, қайд кард, дили устод Ашур Сафар бо дили ҷомеа метапид. Бо ғаму ғуссаи халқи азизаш ҳамроҳ буд.
Фарзанди шоир Файзи Ашур, ки бо дуои падар хомабадаст шудааст, бо арзи эҳтиром ба ташкилкунандагони маҳфили мазкур арзи сипос намуд. Инчунин, аз ашъори шоири зинадаёд порчаҳои манзумро ба ҳозирин бахшид.
Дар ҷамъбаст, каломи савту суруд бо иштироки дастаи ҳаваскорони донишгоҳ бо иштироки сарояндаи хушсалиқа Нурулло Холов ба чорабинӣ ҳусни анҷом бахшид.
Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб
Чойхона иншооти фарҳангию фароғатӣ солҳои 2004-2005 бахшида ба ҷашни 2700-солагии шаҳри Кӯлоб, ҳамчун туҳфа аз ҷониби мақомоти иҷрояи Ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва гуруҳи соҳибкорон сохта ба истифода дода шудааст. Ин чойхона дар рӯ ба рӯи мақбараи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ қарор дорад. Бино якошёна буда, аз толори барҳаво ва 6-ҳуҷраи иловагӣ бо катҳои чӯбини пурнакшу нигор дорои 100-ҷой нишаст мебошад.
Фарҳанг ҳамчун соҳаи сарнавиштсоз ва такягоҳи боэътимоди маънавии ҷомеа дар низоми сиёсати иҷтимоии кишвар яке аз самтҳои муҳиму афзалиятнок эълон гардида баҳри таъмини рушди устувори он аз рӯзҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ пайваста таваҷҷуҳ ва ғамхории хоса зоҳир мегардад