Нахуст мехостем, дар сарлавҳа ба ҷойи “рақибони хориҷӣ” ибораи “душманони хориҷӣ”-ро истифода барем. Чунки дар амал баъзе рафторе аз “дӯстон”-и хориҷӣ мебинем, ки воқеан душманонаанд. Аз ҷумла, дар як давраи муайян ҳамчун яроқи сиёсиву иттилоотӣ истифода бурдани ТЭТ ҲНИ бар зидди Тоҷикистон, провокатсияҳои марзӣ, то як муддат тира нигоҳ доштани муносибатҳо бо дигар кишварҳои ҳамсоя.
Дар зимн, суханҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки вобаста ба сиёсати хориҷии кишвар дар яке аз баромадҳояшон иброз дошта буданд, ба хотир расид, ки мазмунан чунин буд: мо дар доираи принсипи “Сиёсати дарҳои боз” бо ҳамаи кишварҳо ва созмонҳои расмии байналмилалӣ ҳамкорӣ мемонем ва набояд дар ин росто ба душмантарошӣ роҳ диҳем.
Сиёсатмадорони сатҳи ҷаҳонӣ низ ба ин ақидаанд, ки дар дунёи сиёсат дӯстиву душманӣ вуҷуд надорад, танҳо бархурди манфиатҳост, ки самти муносибати тарафҳоро муайян мекунад.
Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ то кадом андоза фаҷиабор будани созишкорӣ бо гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистиро беш аз пеш дарк карда истодаанд. Далели равшан ба ин, ташкили ниҳодҳои байналмиллалии мубориза бар зидди терроризму экстремизм ва таҳияи феҳристи ягонаи гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ мебошад.
Тибқи иттилои расида, санаи санаи 14 сентябри соли 2022 Суди олии Федератсияи Россия ҳизби наҳзати исломиро ташкилоти террористӣ эътироф карда, фаъолияти онро дар қаламрави кишвараш манъ кард. Ба андешаи мо, дар Федератсияи Россия коршиносон эҳсос намуданд, ки ТЭТ ҲНИ бо истифода аз потенсиали муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон ячейкаҳои алоҳида ташкил карда, на танҳо ба амнияту суботи Тоҷикистон (шарики стратегии Россия), балки ба оромиву осудагии сокинони худи Россия низ таҳдид мекунанд. Ба ин васила ТЭТ ҲНИ аз муҳоҷирони меҳнатӣ, ки фирефта кардану ба дом андохтанашон дар хориҷи кишвар нисбатан осонтар буд, дар фосила қарор гирифт ва роҳашон ба Россия баста шуд. Аз сӯи дигар, террористӣ эътироф шудан дар ҳудуди кишвари абарқудрате мисли Россия амалан ТЭТ ҲНИ-ро ба тобуте табдил дод, ки Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш ҳамчун мурдаҳои сиёсӣ дар он ҷойгир шудаанд. Албатта хоҷагони хориҷиашон дар Аврупо тавассути бархе созмонҳои бо ном “ҳомии ҳуқуқи башар” ва расонаҳои бо ном “озод” болои сари ин “тобут” то дер гоҳ навҳа хоҳанд кард.
Дар зимн, чун ба таърихи ҳодисаву воқеаҳои на чандон дур назар меафканем, абарқудратҳои ғарбӣ бо истифода аз усулҳои “ҷудо созу ҳукм рон” дар аксари кишварҳо бунёди “давлат дар дохили давлат”-ро роҳандозӣ карда истодаанд. Ин усул аз он ҷиҳат “самарабахш” арзёбӣ мегардад, ки ҳеҷ гоҳ пояҳои давлатдориро мустаҳкам шудан намегузорад. Доимо гурӯҳҳое ҳастанд, ки ба амалӣ шудани барномаҳои муҳимми давлатӣ бавосита (гурӯҳҳои алтернативии расмӣ) ва ё бевосита (гурӯҳҳои алтернативии ғайрирасмӣ) халал мерасонанд. Дар ин сурат принтсипи конститутсионии “давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона” зери суол рафта, дар охир кишвар ба майдони ошубу нобасомониҳо табдил меёбад (далели гуфтаҳои боло - ҳодисаҳои солҳои навадуми кишварамон).
Дар пайи террористӣ эътироф шудани ТЭТ ҲНИ дар Россия муноқишаҳои марзӣ дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон бо айби ҷониби Қирғизистон оғоз шуд. Қирғизистоне, ки дар муноқишаҳои қаблии ташкилкардааш талафоти калон дида, қариб буд бахше аз сарзаминашро аз даст диҳад (ҷавонармардони ҷасури тоҷик ин гурӯҳҳои фашистиро то Бодканд таъқиб карда, шармандавор пеш карданд), аз куҷо ҷуръат пайдо кард, то ба сӯи марзи Тоҷикистон тир кушояд?! Ин ҳаракати провокатсионӣ пеш аз ҳама ба сустии иродаи роҳбарияти баландпояи Қирғизистон рабт дорад. Азбаски дар дохили кишварашон ҳазорҳо мушкилоти иҷтимоӣ ҷамъ омада, пояҳои давлатдории ҳукуматаш суст шудааст, мехоҳанд тавассути эҷоди муноқиша дар марзи мо мардумашонро атрофи ҳукумати нокоми Қирғизистон муттаҳид кунанд. Маҳз ба ҳамин хотир ҳукумати Қирғизистон, сар аз президенташ то сардори кумитаи амнияташон аз рӯзҳои аввале, ки ҷониби Тоҷикистон тир кушоданд, фавран нотаи эътирозии чанд ҳафта (ва ё моҳ) таёркардаашонро ба сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон супурданд. Тошиев пайваста талош кард худро дар меҳвари дурбинҳои расонаҳои хабарӣ қарор диҳад. Фикр карданд, бо якчанб “Байрактар”-е ки дар ихтиёрашон қарор гирифтааст, метавонанд ба Тоҷикистон ғалаба кунанд. Аммо баъди мағлубият аз хуни рехтаи мардум, ки бо айби худи роҳбарияти Қирғизистон чунин фоҷеа рӯй додааст, барои худ имиҷи сиёсӣ гирифтанӣ шуда, тариқи расонаҳо мотами миллӣ эълон намуда, байрақҳояшонро дар сафоратхонаҳои хориҷи кишвар фароварданд. Ин усулҳои кории Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Ҷапаров ба усулҳои пиарсозиву ҳиллагариҳои сиёсии собиқ Президенти Ҷумҳурии исломии Афғонистон Ашраф Ғанӣ бисёр монанданд. Гӯиё Ашраф Ғанӣ ва Садир Ҷапаров дарси як мактабро хонда бошанд, худро ба мардум наздик нишон дода, дар асл аз эътимоди мардум ва эҳсоси ватандӯстии онҳо ба манфиати худ ва зиёни давлатдорӣ истифода мебаранд. Вагарна, чи зарурат дошт чунин як муносибати неку созандаи ду кишварро, ки дар заминаи он халқи тоҷику қирғиз ба хешу табор табдил ёфта буданд, ба ин ҳад бадқасдона тира намуд. Агар чунин тартиб идома ёбад, он рӯз дур нест, ки Ҷапаров ва Ташиев мисли Ашраф Ғанӣ ва генералҳояш дар ҳавопаймоҳои махсус бо пулҳои зиёди мардум халқашонро дар миёни хоку хун раҳо карда худ фирор мекунанд...
Зимнан, бояд қайд намоем, ки дар низоми сиёсати амалӣ барои расидан ҳадафҳои муҳимми стратегӣ аз тамоми қишру гурӯҳҳо васеъ истифода бурда мешавад. Дар ҳодисаҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон ҳам эҳтимоли таъсири “дасти сеюм” ҷой дорад, то пояҳои давлатдории ин ду кишвар заиф гарданд. Яъне Садир Ҷапаров ҳам мисли Ашраф Ғанӣ мумкин аст барои муддате дастнишонда бошад, то ба ҳар васила Қирғизистонро дар дарозмуддат ба майдони муноқишаҳои низомӣ табдил диҳад...
Чун ба таҳлили вазъи дохилии Тоҷикистон назар меафканем, аз оғози солҳои соҳибистиқлолӣ барои заиф сохтани пояҳои давлатдории миллии тоҷикон қувваҳои гуногун истифода бурда шудаанд, аз ҷумла:
1. Тундгароёни динӣ ба хотири ангехтани кинаву адовати мазҳабӣ байни қишри мусалмони Тоҷикистон тавассути ТЭТ ҲНИ, инчунин, ҷараёнҳои ваҳобия, салафия, ҷамоаи таблиғ ва ғайра;
2. Ячейкаҳои хуфта, ки ҳанӯз солҳои 70-уми асри гузашта дар дохил ва хориҷи кишвар пайдо шуданд, таҳсили ғайрирасмии динӣ ҷорӣ карданд ва баъди бист соли омодагӣ ба майдонҳо рехтанд;
3. Созмонҳои расмии экстремистӣ ба хотири ташкили инқилобҳои ранга тавассути ташкилотҳои ҷамъиятии бо ном байналхалқии ҳифзи ҳуқуқи инсон ва воситаҳои ахбори оммаи “озод”-и таҳти нуфузашон қарордошта;
4. Демократҳои лухтак, ки низоми фаъолияташон баҳри ташкили бенизомии фикриву амалӣ ва нофармонии ба қавли худашон “маданӣ” равона шудааст. Ин лухтакҳо тавассути ҳизбҳои демократӣ, сотсиал-демократӣ, ҳизби таъсиснаёфтаи “Тоҷикистони нав” ва дигар гурӯҳҳои ҳамсон қарор буд сиёҳкорӣ кунанд ва дар вақташ то ҷое карданд;
5. Гурӯҳҳои таъсиррасон ба сиёсати хориҷӣ ва муносибати неки Тоҷикистон ба кишварҳои ҳамсоя. Бояд қайд намоем, ки муноқишаҳои хунини марзӣ тасодуфӣ нестанд, чун мо дар гузашта бо Қирғизистон муносибатҳои неки ҳамсоядорӣ доштем ва ҳоло ҳам кӯшиш карда истодаем, ки бадтар нашавад. Аммо ҳамин, ки муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Узбекистон дар сатҳи хеле баланд беҳбуд ёфт, ба таври ногаҳонӣ Қирғизистон муносибаташро нисбати мо ба таври якҷониба тағйир дод...;
6. Гурӯҳҳои зархариди мухобиротӣ, ки ба хотири манфиатҳои шахсиву гурӯҳӣ иттилооти муҳимму махфиро дар ихтиёри душманони идеологии мо мегузоранд ва ғайра.
Бояд гуфт, гарчанде ҳамаи ин усулҳо тавре роҳандозӣ мешаванд, ки гӯиё аз ҳамдигар ҷудоанд, вале онҳо дар ҳамоҳангӣ амал мекунанд. Мо 7 сол пеш дар яке аз конференсияҳои ТҶҶ “Созандагони Ватан”, ки ба масъалаи роҳҳои пешгирӣ аз гаравиши ҷавонон ба гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ бахшида шуда буд, дар ростои шиддат гирифтани рақобатҳои сиёсии кишварҳои абарқудрат иброз дошта будем, ки рӯзе мерасад дар баробари ибораҳои “гурӯҳҳои озодихоҳ”, “лидери ғайрирасмӣ”, “фаъоли маданӣ”, “коршиноси мустақил”, “равияи муътадили динӣ” ва ғайра (асосан ба аъзои гурӯҳҳои экстремистӣ чунин формулабандии унвонҳоро ба роҳ мемонанд) дар лексикони сиёсӣ ибораи “террористони муътадил” ҳам пайдо мешавад. Аллакай як сол боз мебинем, ки дар лексикони лидерони кишварҳои абарқудрат ва ҳатто Осиёи миёна дар нисбати гуруҳи террористии “толибон” ва дигар гурӯҳҳои террористӣ ибораи “Террористони муътадил” истифода шуда истодааст ва ҷомеаи ҷаҳониро барои ҳамкорӣ бо онҳо дилгарм сохтаниянд.
Дигар хатаре, ки ба ба амнияти кишвар ва осудагии мардум таҳдид мекунад, ин ячейкаҳои хуфтаи гурӯҳҳои террористист. Ба ёд биёрем, чигуна ячейкаҳои хуфтаи ташкилоти экстремистиву террористии ҳизби наҳзати ислом, ки аз ҷониби сохторҳои дахлдори идеологии иттиҳоди шӯъравӣ ҳамчун “ташкилоти муътадили динӣ” нисбаташон чандон таваҷҷуҳ нашуд (пушти парда бозиҳои дигар ҳам буд), солҳои 90-ум бо фароҳам омадани андак фурсати муносиб чи гуна фитнаву бадбахтиҳоро ба бор оварданд. Айни замон бошад ҳарчанд ТЭТ ҲНИ бо вуҷуди доштани баъзе ячейкаҳои хурд мавқеи динӣ-сиёсии худро миёни ҷомеа пурра аз даст додааст, аммо ячейкаҳои экстремистиву террористии салафия ва ҷамоаи таблиғ “рушд” карда истодаанд. Чунончи қайд кардем, ТЭТ ҲНИ дигар “тобути сиёсӣ”-е беш нест. Аммо гурӯҳҳои салафияву таблиғия ва аҳён-аҳён фотимия (бо эҳтимоли зиёд нақшаҳои перспективиашон барои даҳсолаҳои оянда аст) низ ба хати сурхи амнияти давлат наздик шудаанд. Гурӯҳҳои ифротгаро бо истифода аз номи ин равияву ҷараёнҳо ва дар маҷмуъ бо сӯистифода аз бовариҳои диниву мазҳабии мардум кӯшиш доранд ҷомеаро аз лиҳози рӯҳоният ба қишрҳои ба ҳам зидди иҷтимоӣ ҷудо карда ҷанг андозанд. Чунончи мушоҳида мешавад, салафиҳо давоми 10 соли охир тавонистанд бисёре аз рӯҳониёни тоҷикро, ки мардум ба ҳарфашон гӯш медод ва дар вуҷудашон эҳсоси ватандӯстӣ буд, ба доми худ кашида, салафизмро дар мағзашон ҷо карда оҳиста-оҳиста аз минбарҳои расмӣ шармандавор дур кунанд. Ин раванд бо суръат идома дорад. Ҳамчунин, ин гурӯҳ якҷо бо ҷамоаи таблиғ варзишгарони маъруф (ҳатто тренерони дастаҳои футболу гуштину ғайра риши салафӣ доранд), фарзандону аҳли оилаи шахсони мансабдор, соҳибкорон ва доираҳои таъсиррасони тиҷоратӣ, блогерҳо, наздикони шахсони бонуфузи кишвар, кормандони тоҷики ташкилотҳои хориҷиву корпусҳои дипломатӣ ва ғайраҳоро ба доми худ кашида истодаанд.
Дар сиёсатҳои байналмилалии иттилоотӣ низ ҳамин вазъиятро мушоҳида кардан мумкин. Ҳарчанд Ҷейми Флай - президенти Радиои Аврупои Озод/Радиои озодӣ мегӯяд: “Радиои озодӣ пойбанди меъёрҳои баландтарини рӯзноманигорӣ аст”, аммо аз аъзои гурӯҳҳои ҷинояткор ба сифати “фаъоли маданӣ”, “коршиноси мустақил”, “манбаи муътамад”, “сиёсатмадори маъруф” ва монанди инҳо ситоиш карданаш собит месозад, ки побанди сиёсати ихтилофбарангез дар саросари ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон мебошад. Ин ҳам, бо эҳтимоли зиёд, ба хотири бо Россия ва Хитой шарики стратегӣ будани Тоҷикистон аст. Ҳол он ки Тоҷикистон бо содиқ будан ба принсипҳои сиёсати дарҳои бози хориҷӣ бо Штатҳои муттаҳидаи Амрико ҳамкориҳои дӯстона, устувор ва мутақобилан судманд дорад. Пас барои мо нофаҳмост, ки чаро Радиои озодӣ чунин як сиёсати редаксионии ба ғаразҳои душманони миллати тоҷик олударо роҳандозӣ кардааст. Худи Ҷейми Флай пеш аз он, ки номаҳои саркушода нависад, ба дарки ин масъалаҳо рафтааст?! Оё медонад, ки Тоҷикистон барои ҳифзи дӯстиву ҳамкорӣ бо мардуми Амрико чи қадар иғвову дасисаҳои Радиои озодиро таҳаммул карда истодааст ва ин расона то кадом анзода аз имконият ва зарфиятҳои Тоҷикистони демокративу ҳуқуқбунёд сӯистифода мекунад. Ҳол он, ки дар аксар кишварҳо Радиои озодиро ҳамчун расонаи иғвогар бастанд ва ё ба феҳристи агенҳои хориҷӣ шомил кардаанд.
Маълум нест нафрати кормандони Радиои озодӣ нисбати муваффақиятҳои рӯзмарра ва ҳатто истиқлолияти давлатҳои пасошӯъравӣ дар чист? Ҳар як дастовардро дар гузоришҳои худ кӯшиш мекунанд ба ҳадди ниҳоӣ камранг ва ба гунаи манфӣ нишон диҳанд. Бубинед, дар барномаи “Настоящее время”, ки асосан гузоришҳои Радиои озодиро бо забони русӣ пушиш медиҳад, аз ҷойи чорабинии бошукӯҳ дар шаҳри Душанбе бахшида ба 31-солагии Истиқлолияти давлатӣ Шавкат Тургаев бо лаҳни дағал «эпидцентр» ном бурд ва аз аввал то охири гузориш як лаҳну оҳанги ғаразмандона ҷо дошт. Пас бигзор Ҷейми Флай нахуст дар як номаи саркушода ба кормандони худаш риояи этика ва меъёрҳои ахлоқии журналистиро фаҳмонида, баъдан гузоришҳояшонро ба эфир роҳ диҳад. Дар ҳоле, ки Радиои озодӣ ба гурӯҳҳои террориристиву экстремистӣ минбар дода, хабарнигоронаш аз шахсиятҳои ҷиноятпеша, ки аксарашон бо ҷосусони хориҷӣ дар алоқаанд, қаҳрамон месозанд, пас интизоред, ки раҳмат шунавед?
Дар баробари Радиои озодӣ дар кишвар чунин расонаҳо ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ зиёд ҳастанд, ки аз меъёрҳои озодии баён сӯистифода карда, бо тамғагузориҳои душманона нисбати ниҳодҳои давлаиву ходимонӣ сиёсӣ ва хизматчиёни давлатӣ шантаж (журналисти расонаи байналмилаливу озодам гуфта, иддаои шикоят ба созмонҳои ҷаҳонии ҳуқуқи башар), таҳдид (ба таври расонаӣ беобру карданди шахси мансабдор ё ниҳоди давлатӣ), танқид дар заминаи ғаразҳои шахсиву гурӯҳӣ ва дигар амалҳои ғайрикасбиву аз лиҳози меъёрҳои ахлоқӣ нодуруст ҳам васоити ахбори омма ва ҳам номи пуршарафи журналистиро доғдор месозанд. Маҳз чунин гурӯҳҳои фазосози иттилоотӣ аз тарафи Федератсияи Россия террористӣ эътироф шудани ТЭТ ҲНИ-ро дар ибтидо кам монда буд, ки “фоҷеаи байналмилалӣ” эълон кунанд, ҳоло чун диданд “ҳушдор”-ҳояшон самар надод, ин тасмими амалан саривақтиро танқид карда истодаанд. Бигзор нисбати чунин равандҳои носолим тадбирҳои ҳуқуқӣ ва дар ин замина чораҳои техникӣ андешида шавад, то покизагии фазои иттилоотӣ ва мафкуравии ҷомеа таъмин гардад.
Танҳо дар сурати анҷом додани тадбирҳои амалӣ дар шакли ошкор сохтани симои воқеии шахситҳои аз лиҳози сиёсӣ ноустувор ва ба тарбияи муассисаҳои ислоҳӣ тавсия додани онҳо, тарбияи ҷомеа дар рӯҳияи шинохти воқеиятҳои ҳаёти имрӯза ва солим нигоҳ доштани фазои иттилоотӣ метавонем аз пайдоишу чеҳрарушансозии бо ном “демократ”-ҳои лухтак, ки низоми фаъолияташон баҳри ташкили бенизомии фикриву амалӣ равона шудааст, ҷилавгирӣ намоем. Дар ин замина, гурӯҳҳои бадхоҳи таъсиррасон ба сиёсати хориҷӣ ва муносибати неки Тоҷикистон ба кишварҳои ҳамҷаворро шинохта, оқибатҳои ногувори фаъолияти ғайриқонуниашонро дар сатҳи байналмилалӣ пешгирӣ намоем. Инчунин, системае ба вуҷуд биёрем, ки аз гурӯҳҳои зархариди мухобиротӣ, ки ба хотири манфиатҳои шахсиву гурӯҳӣ иттилооти муҳимму махфиро тавассути воситаҳои эелектронӣ ва шабакаҳои пушидаи интернетӣ дар ихтиёри душманони идеологии мо мегузоранд, пешгирӣ созем. Мо барои анҷоми чунин рисолатҳои бузургу таърихӣ тамоми имконият, хусусан шахсиятҳои донишманд ва содиқ ба халқу ватанро дар ихтиёр дорем. Тоҷикистон бо вуҷуди таҳаввулоти тезутунди сиёсии ҷаҳон истиқлолияти давлатиро чун ҷавҳари ҳастии миллат ҳифз хоҳад кард.
Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол имрӯзҳо таҳти сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як кишвари аз ҳама лиҳоз комёб табдил ёфта, мавқеи сиёсии кишвар дар арсаи байналмилалӣ хеле устувор гардидааст. Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар таъмини амнияту оромии сайёра худро масъул мешуморад ва ин рисолати таърихии худро иҷро карда истодааст.
Айни замон мо сокинони сарбаланди кишвар аз он хушнудем, ки кишварҳои ҷаҳон низ душманони халқи тоҷикро дар симои ТЭТ ҲНИ ва дигар гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ҳамчун душманони башарият шинохта истодаанд ва ин раванди дурусту созанда, дар мисоли иқдоми дурандешонаи Суди олии Федератсияи Россия баҳри таъмини амнияти сайёра заминаҳои мусоид мегузорад.
Орзу Ҳамидиён, шаҳри Кӯлоб