Шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Кӯлоб дар асоси барномаи давлатии маҷмуии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии барои солҳои 2021-2025 ва баҳри амали гардонидани дастуру нишондодҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, супоришу фармонҳои Сарраёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон, қарору фармонҳои Раёсат ва қарору фармонҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, фаъолияти худро равона сохта барои беҳтар ба роҳ мондани корҳои назоратӣ, санҷишӣ, ободонӣ ва созандагӣ корҳои муайянеро ба роҳ монда истодааст.
Кормандони Корхонаи обу канализатсияи шаҳри Кӯлоб ба саҳми тамоми истифодабарандагони оби нӯшокӣ мерасонад, ки бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Лоиҳаи бо оби нӯшокӣ таъмин намудани аҳолии шаҳри Кӯлоб ба имзо расонида шудааст. Лоиҳаи бо оби нӯшокӣ таъмин намудани шаҳри Кӯлоб корҳои сохтмонии зеринро дар бар мегирад:
Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Кӯлоб барои солҳои 2020-2025 (минбаъд Барнома) бо мақсади иҷрои банди 35-и Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар вохӯрӣ бо масъулону фаъолони шаҳри Кӯлоб аз 7-8 ноябри соли 2018 баён доштанд, таҳия шудааст.