Боиси ифтихору сарфарозист, ки ҳамасола 22 сентябр ҳамчун Рӯзи Рӯдакӣ бо шукуҳу шаҳомати хоса дар кишварамон  таҷлил карда мешавад. Ба ин муносибат дар театри мазҳакаи мусиқии ба номи Сайдалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб ҷамъомади тантанавӣ барпо гардид.

Дар ин ҳамоиш муовини раиси шаҳри Кӯлоб Даминзода Арафамо, шоирону адибони шинохтаи шаҳр, омӯзгорону донишҷӯён ва хонандагони муассисаҳои миёна ва олӣ  ширкат варзиданд.

Нахуст бо сухани ифтитоҳӣ муовини раиси шаҳри Кӯлоб Даминзода Арафамо суханронӣ намуда, табрикоти раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёрро ба муносибати Рӯзи Рӯдакӣ ба ҳозирин ироа намуд.

Зикр гардид, ки   бо ҳидояти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол 22 сентябр  «Рӯзи Рӯдакӣ», бо тантана қайд мегардад. Тавре, ки маълум аст, Устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар сарнавишти халқи тоҷик аз нахустин суханварону андешамандони ояндабин буд, ки бо сухани баландмазмуни худ барои эҷод, бунёд ва рушди назму насри адабиёти тоҷику форс пояи устувор гузошт, Чуноне ки  Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, «Забони шеъри Рӯдакӣ забони меъёр ва забони адабии мост, ки онро бо гузашти дувоздаҳ аср мо имрӯз низ истифода мебарем ва бо шеъри Рӯдакӣ ҳар рӯз сухан мегӯем».

Дар идомаи ҳамоиши мазкур шоирону адибон баромад намуда, аз  бузургии   Одамушшуаро    Абубӯабдуллоҳи Рӯдакӣ  ёд намуданд.

Дар қисмати фарҳангии ҷамъомад ғазал ва суруду таронаҳо  тақдими ҳаводорони осори безаволи Маликушшуаро Рӯдакӣ гардид.  

Шамсия Наврӯзова, мутахассиси пешбари бахши матбуотии Миҳд-и шаҳри Кӯлоб

 

Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP