Имрӯз ҷашни ваҳдати миллӣ ҳамчун дастоварди бузургу таърихии халқамон ба яке аз ҷашнҳои умумимиллии мо ва рамзи иттиҳоду ҳамбастагии мардуми шарифи тоҷик табдил ёфтааст.
Эмомалӣ Раҳмон
Оғози Истиқлолияти давлатӣ барои Тоҷикистон душвориҳову имтиҳони сангинро пеш овард. Баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ ва ба даст овардани Истиқлолият, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке аз сахттарин фоҷиаҳо ҷанги шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ шуд. Дар кутоҳтарин фурсат ҳама низомҳои иқтисодиву иҷтимоиву сиёсӣ фурӯ рафтанд. Солҳои 1992–1997 дар кишвар муҳити сиёсию иҷтимоӣ ноором, иқтисод вайроншуда ва ҷомеаи пароканда ҳукмфармо буд.
Маҳз дар чунин як вазъият, соли 1992 шахсияти наве дар саҳнаи сиёсии кишвар зуҳур кард, ки бо садоқат ба Ватан ва бо диди сиёсиву давлатдорӣ роҳбарии кишварро ба уҳда гирифта, ҳамон замон, дар яке аз аввалин суханрониҳояшон изҳор доштанд, ки «Ман ба шумо сулҳ меорам!» Ин суханони тиллоӣ ва умедбахш танҳо ваъда набуд, ин аҳд буд, садоқат буд, ки дар тамоми фаъолияти сиёсиву ҷамъиятии ояндаи Роҳбари давлат татбиқ гардиданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ваҳдати миллии Тоҷикистонро арзиши волою муқаддас ва дар баробари Истиқлоли давлатӣ заминаи асосии дигаргунсозиҳои демократӣ ном бурда, таъкид менамоянд: “Мо имрӯз метавонем бо ифтихор изҳор намоем, ки истиқрори сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дастоварди бузургтарин ва воқеан таърихии тоҷикон мебошад, ки маҳз дар натиҷаи ҳамбастагии мардуми кишвар ва азму талоши фарзандони содиқи халқамон муяссар гардид”.
Ваҳдат кафолат медиҳад, ки тамоми захираҳои кишвар ба самти ободонӣ ва пешрафти умум равона мешаванд. Ҳар як фарди ҷомеа бо эҳсоси масъулият ва ҳисси ватандӯстӣ бояд саҳми худро дар нигоҳ доштани ваҳдат гузорад. Ваҳдати миллӣ моро ба эҳтироми ҳамдигар даъват мекунад, ҳатто агар мо аз миллат ё нажоди гуногун бошем.
Бигзор, истиқлолу озодӣ ва ваҳдати миллати тоҷик абадан поянда бошад ва дар қалби ҳар як фарди ватандӯст оташи меҳру ҳамфикриро фурӯзон нигоҳ дорад!
Даминзода Арафамо Искандар
Муовини раиси шаҳри Кӯлоб