Имрӯз, 13 июни соли равон дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҷаласаи назоратӣ таҳти раёсати раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр доир гардид.
Дар кори ҷаласа муовинон ва роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сардорони раёсатҳо, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои таълимию тиббӣ, раисони ҷамоатҳо, ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.
Нахуст, раиси шаҳр ҷаласаро оғоз намуда, ҳозиринро ба рӯзномаи маҷлис шинос намуд. Қайд намуд, ки ҳар яки моро мебояд барои амалӣ гардидани дастуру ҳидоятҳои Роҳбарияти олии кишвар, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба самтҳои асосии дохилӣ ва хориҷии кишвар корбариро боз ҳам ҷоннок намоем то ба рушду пешрафти шаҳрамон саҳмгузор бошем.
Дар ҷаласа тибқи банди якуми рӯзномаи маҷлис Ташрифзода Мунаваршо оид ба ҳолати корҳо дар соҳаи кишоварзӣ ҳисобот пешниҳод намуд.
Сипас, роҳбарияти шаҳри Кӯлоб аз рӯи масъалаи навбатии рӯзнома “Дар бораи рафти амалишавии “Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Кӯлоб барои солҳи 2020-2025” суханронӣ намуда қайд намуд, ки Барномаи мазкур бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳия ва қабул гардида, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон аз 25 июни соли 2020, №389 тасдиқ карда шудааст.
Ҳамчунин, аз рӯи масъалаи мазкур мудири шуъбаи иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳри Кӯлоб Раҳмонзода Алиаҳмад ахборот пешниҳод намуд.
Қайд кард, ки мақсад аз қабули Барномаи мазкур таъмини рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳр буда, амалишавии он боиси ҳалли мушкилотҳо гардида, ба баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагонии аҳолии шаҳру деҳоти Кӯлоб мусоидат менамояд.
Дар идомаи ҷаласа роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ба масъулин ҷиҳати ба самар расонидани кишти такрорӣ, таъминоти оби полезӣ, рафти ҷамъоварии ҳосили гандум, корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронидан миёни фаъолзанон, инъикоси кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ дар телевизиону рӯзномаҳо, риоя кардани қоидаҳои зидди сӯхтор дар ғаллазорҳо, амалӣ намудани лоиҳаҳо бо ҷалби сармоягузорони хориҷӣ ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор дода, ба масъулин дар ин бобат дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб
Дар натиҷаи боришоти зиёд ва омадани сел, ки санаи 11-майи соли 2021 ба шаҳри Кӯлоб омад ба Шураксой ва Девонасой зарари худро расонида буд.
Имрӯзҳо корҳои таъмиру барқарорсозии сойҳои мазкур бо дастуру супоришҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳисоби маблағҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавасути Дирексияи иншоотҳои сохтмонии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи пудратчиён ҶДММ “Хайр-Неъмат”, " Шаҳриёр сохтмон" ва " Балх 2015" корҳо бо маром идома дорад.
Бояд гуфт, ки дар натиҷаи омадани сел ба шаҳри Кӯлоб соли 2010 ба сойи Тебалай низ зарар дида буду пурра барқарор гашт, боз 11- майи соли 2021 дар натиҷаи боришоти зиёд ва омадани сел қимате аз сойи Тебалай хароб гардида буд, мавзеҳои хароб гардидаи сойи болозикр низ аз ҷониби сохтмончиён пурра барқарор гашта истодааст.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва сокинони шарафманди он аз дастгириву ғамхориҳои ҳамаҷонибаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ менамоянд.
Айни замон корҳои бунёду барқарорсозӣ бо маром идома дошта, сохтмончиён азму талош доранд то корҳоро бо сиффати баланд ва дар муҳлатҳои муайянгашта ба анҷом расонанд.
Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб
Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Роҳбарияти Олии кишвар бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ба ифтихори 25 –умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ аз 8-ум то 11-уми июни соли равон дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон корвони «Модарони ваҳдатсаро» баргузор гардид.
Имрӯз, 11 июни соли 2022 даври ҷамъбастии корвони «Модарони ваҳдатсаро» ва даври вилоятии фестивал озмуни ҷумҳуриявии “Сад ранги чакан” дар Қасри фарҳанги ба номи Рустами Абдураҳим-и шаҳри Кӯлоб доир шуд.
Ин чорабинии бошукӯҳ бо иштироки раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр, муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Ҳилолбӣ ва занону духтарони фаъоли кишвар, инчунин дигар шахсони расмӣ доир шуд.
Нахуст, меҳмонон аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили чакандӯзӣ, гулдӯзӣ, заргарӣ, оҳангарӣ ва санъати рассомӣ, ки дар саҳни Қасри фарҳангии шаҳр ба намоиш гузошта шуда буд, дидан намуда, ба санъату ҳунари волои сокинони шарафманди Кӯлобшаҳри бостонӣ баҳои баланд доданд.
Сипас, муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ дар назди ҳозирин суханронӣ намуда, иброз дошт, ки халқи тоҷик дар тӯли ҳазорсолаҳо бо шарофати шахсиятҳои муборизу ҷассур, ватандӯсту меҳанпарвар, донишманд ва бонангу номус тавонистааст, ки бо ганҷинаи таърих ва тамаддуни башар саҳми мондагор гузорад.
Дар идомаи баргузории чорабинии Фестивали “Сад ранги чакан” раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр аз дастоварду комёбиҳои тамоми сокинони Кӯлобшаҳри бостонӣ ёдовар гардида, бо қаноатмандӣ зикр кард, ки бо шарофати ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру ҳидоятҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар радифи дигар арзишҳои миллии тоҷикон арзишҳои фарҳангӣ низ аз нав эҳё гардиданд, ки ҳунари гулдӯзии тоҷикон- Чакан аз зумраи онҳо мебошад.
Ҳамчунин, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Ҳилолбӣ дар назди ҳозирин низ баромад намуда, изҳор дошт, ки калимаи модар вожаи гӯшнавоз ва хеле самимӣ буда, дар баёну шуниданаш писанди ҳамагон аст ва ибораи Ваҳдат низ дар радифи калимаи модар ифодакунандаи меҳру муҳаббат, боҳамоӣ, иттиҳоду сарҷамъӣ ифода ёфтааст.
Инчунин, занону модарони фаъол аз манотиқи гуногуни кишвар бо маърӯзаҳои пурмуҳтавои худ бобати Ваҳдати сартосарии кишвар, талошу ҷонбозиҳои фарзонафарзандони шуҷои Ватан, истиқлолияти комили кишвар, фаъолияти занону модарони муввафақи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо факту далелҳои амиқу дақиқ баромадҳо намуданд.
Дар қисмати дигари чорабинии корвони «Модарони ваҳдатсаро» , даври вилоятии фестивал озмуни ҷумҳуриявии “Сад ранги чакан” сурат гирифт, ки дар он намоиши либосҳои қадимаи чакан, либосҳои кӯдакона, либосҳои муосир, либосҳои маросимӣ ва идона, инчунин намоиши либосҳои расмӣ, либосҳои гуногуни сӯзандӯзии тарроҳон ва бонувони муваффақи шаҳри бостонии Кӯлоб пешниҳоди ҳозирин гардид.
Барномаи театрикунонидашудаи бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва аҳли санъату ҳунари маъруфи кишвар, ки таҷассумгари ваҳдату ҳамбастагӣ, истиқлолияти сартосарӣ ва ҳамчунин аз ҷаҳонишавии чакан омода гардида буд то дергоҳ пешниҳоди аҳли толор карда шуд.
Дар охир аз баргузории корвони “Модарони ваҳдатсаро” , ки бахшида ба 25-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ натиҷагирӣ гардида, ба як қатор намояндагони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, иштирокчиёни фаъол, тарроҳон, ҳунармандон ва бонувони фаъоли шаҳру навоҳӣ Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳри Кӯлоб қадрнонӣ карда шуд.
Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб
Театрро оинаи зиндагӣ мегӯянд. Ҳар як нақше ки дар он рӯи саҳна гузошта мешавад, бозгӯ аз ҳаёти гузаштаву имрӯзаи инсонист.
Бо ин мақсад бахшида ба ҷашни 25-солагии Ваҳдати миллӣ ва 100 солагии Ходими намоёни давлатӣ ва ҷамъиятӣ, устод Меҳрубон Назаров санаи 9 июни соли 2022 дар театри мусиқӣ-мазҳакавии Сайдалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб намоишномаи "Лаъли Бадахшон"-и ҳунармандони театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Меҳрубон Назарови шахри Хоруғ баргузор гардид, ки дар он роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва аҳли фарҳанги шаҳри Кӯлоб иштирок намуданд.
Пеш аз оғози намоишнома мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Кӯлоб Давлатҷон Ғаффорзода баромад намуда, меҳмононро аз номи роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб хуш омадед намуда, изҳор дошт, ки боиси ифтихор ва сарбаландӣ мебошад, ки дар доираи таҷлили 25-солагии Ваҳдати миллӣ ҳунармандони театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Меҳрубон Назаров-и шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо намоишномаи “Лаъли Бадахшон” ба Кӯлобшаҳри бостонӣ қадам ранҷа намуданд ваитминони боварӣ дорем, ки дар оянда низ бо беҳтарин намоишномаҳо меҳмони мардуми шаҳри Кӯлоби бостонӣ хоҳад шуд.
Ҳамчунин дар намоишнома ҳунармандони Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон аз рӯи асари драматурги тоҷик, устод Ҷумъа Қуддус, дар таҳияи коргардони театр Умеди Хисрав нақшофарӣ намуданд. Образҳои ин намоишнома мусбию манфи буда, хунарпешахои чавон кушиш намуданд, то ки аз уҳдаи нақши ба зиммадошта ба хубӣ бароянд.
Боиси тазаккур аст, ки намоишномаи мазкур дар озмуни “Парасту” сазовори ҷоиза гардида, дар ҷашнвораи “Фаҷр” дар шаҳри Теҳрон низ ба намоиш дода шудааст.
Бояд қайд намуд, ки ҳунармандони ҷавони театр бо як маҳорати хосса дар саҳна тӯли як соат баромад намуданд. Мавзӯи намоишнома як воқеаи аҷибест, ки дар кӯҳистон ба вукӯь омадааст ва аз урфу одату меҳмоннавозии онҳо ҳикоят мекунад.
Намоиши “Лаъли Бадахшон” мардумро ба роҳи некиву накӯкорӣ, хайру сахо ва дӯстдории обу хоки ин сарзамин ва эҳтиром ба сарватҳои табиӣ даъват менамояд.
Ҳамаи ҳодисаву воқеоти асар гирди як сангпораи лаъл чарх мезананд. Як мусофир аз шаҳри дур бо амри занаш дар ҷустуҷӯи сангпораи лаъл худро ба Бадахшон мерасонад ва бо истифода аз найрангу фиреб онро ба даст меорад, аммо оқибат ин сангпора барояш дар зиндагӣ бадбахтиҳои зиёд ба бор меорад.
Воқеан ҳам ҷилои санги оташини лаъл ва мусиқии мардумӣ ба намоишнома шукӯҳу шаҳомати тозае бахшид.
Дар анҷоми намоишномаи театрӣ ҳунармандони шаҳри Хоруғ миннатдории хешро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгириҳои ҳамешагиашон ва ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани намоишномаи мазкур изҳори сипос намуданд.
Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб