Санаи 4 августи соли 2025 дар толори мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҷаласаи назди раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр баргузор гардид.
Дар ҷаласа муовини якум, муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, сардорони раёсатҳо, шуъбаҳо, бахшҳои дастгоҳи раис, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои деҳот, муассисаҳои тандурустии шаҳр ва дигар фаъолон иштирок доштанд.
Дар ҷаласаи зикргардида масъалаҳои зерин баррасӣ карда шуданд:
1. Оид ба иҷрои дастуру супоришҳои протоколии маҷлиси назди раиси шаҳр аз 28.07.2025.
2. Оид ба омодагӣ ба соли нави таҳсили 2025-2026 дар Муассисаҳои таълимии шаҳри Кӯлоб
3. Омодагӣ ба даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
4. Масъалаҳои ҷорӣ.
Сараввал, раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр ҷаласаро ифтитоҳ намуда, изҳор доштанд, ки баҳри амалигардиии дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корбарию коргузориро боз ҳам ҷоннок созем, то ба рушду пешрафт ноил шавем.
Сипас, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Кӯлоб Қурбонзода Наргис оид ба иҷрои дастуру супоришҳои протоколии маҷлиси назди раиси шаҳр аз 28.07.2025. маълумот баён намуданд.
Вобаста ба омодагӣ ба соли нави таҳсили 2025-2026 мудири шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб Иззатуллоев Идимад ба сухан баромада, иброз доштанд, ки дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб 78-муассисаи таълимиву тарбиявӣ ва 13 муассисаи томактабӣ фаъолият менамоянд. Айни замон омодагӣ ба соли таҳсили 2025-2026 дар ҳамаи муассисаҳо бомаром идома дошта, таъмири дохилии аксарияти муассисаҳо ба анҷом расидааст. Дар моҳи август таъмири намуди зоҳирии муассисаҳо ба нақша гирифта шудааст. Дар ин баробар ҳамаи муассисаҳо омодагӣ ба давраи зимистони солҳои 2025-2026-ро дар мадди аввал қарор дода, ангишт ва ҳезум захира намуда истодаанд.
Раиси комиссияи даъватии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатҷон Ғаффорзода оид ба омодагӣ ба даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда иброз доштанд, тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб корҳои ташвиқоту тарғиботӣ миёни сокинон бомаром идома дорад.
Ҳамчунин роҳбарияти шаҳр фаъолияти ҳамаи соҳаҳои рушди иҷтимоию иқтисодиро муҳокима намуда, аз шахсони масъул камбудиву норасоиҳои ҷойдоштаро пурсон шуда, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо дастуру супориш ва тавсияҳои мушаххас доданд.
Бахши бойгонӣ-матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб
Бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, №АП1729 ва нақшаи тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон санаи 30-юми июни соли 2025 соати 11:00 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб бо иштироки раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва кормандони васоити ахбори омма нишасти матбуотӣ доир карда шуд. Дар нишасти матбуотии мазкур зиёда аз 50 намояндагони васоити ахбори оммаи ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, минтақавӣ ва шаҳрӣ иштирок доштанд.
Сараввал, раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр барои ҳамкории мутақобилан судманд бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, дастгирии сиёсати давлатӣ, тарғибу ташвиқи арзишҳои миллию давлатдорӣ ва муаррифии дастовардҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳр ба кулли рӯзноманигорон изҳори сипосу миннатдорӣ баён карданд.
Натиҷаҳои рушди иҷтимоӣ иқтисодии шаҳри Кӯлоб дар шашмоҳаи аввали соли 2025 ба таври маълумотномаи мухтасар дастраси рӯзноманигорон гардонида шуд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2024 бармеоянд, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва супоришҳои раиси вилояти Хатлон дар 6 моҳи соли ҷорӣ корҳои муайянро ба анҷом расонида, дар натиҷа аксарияти нишондиҳандаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳр дар давраи ҳисоботӣ бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст намуданд.
Дар натиҷаи бо нишондиҳандаҳои назаррас ҷамъбаст намудани самтҳои иқтисодию иҷтимоии шаҳр дар соли 2024 шаҳри Кӯлоб дар миқёси вилояти Хатлон бо Дипломи дараҷаи 1 ҳамчун “Шаҳри беҳтарин”-и вилоят эълон гардид, ки ин ҷоизаро муовини Сарвазири мамлакат муҳтарам Сулаймон Зиёзода ва раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид дар вазъияти тантанавӣ тақдим намуданд. Ин натиҷаи фаъолияти босамари мардуми созандаву бунёдкори шаҳри Кӯлоб ба ҳисоб меравад.
Маҳз талошу заҳматҳои сокинони ин шаҳри куҳанбунёд ва дар симо ҷавону замонавӣ буд, ки дар фестивали гулҳо “Сайри гули лола” шаҳри Кӯлоб дар ҷумҳурӣ миёни шаҳру ноҳияҳои мамлакат сазовори ҷойи дуюм гардид.
Ба ҳолати 1 июли соли 2025 иҷроиши Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Кӯлоб 28,1 фоизро ташкил дода, ҳамагӣ 1 милиарду 970,7 миллион сомонӣ аз худ карда шуд. Музди миёнаи меҳнат дар нимсолаи аввали соли 2025 2284,65 сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 524,7 сомонӣ зиёд аст.
Дар нимсолаи аввали 2025 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 229 млн. 277 ҳазор сомонӣ баробар шуд, ки нисбат ба нимсолаи аввали 2024 49 млн. 573 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Рушди соҳа 127,6 фоизро ташкил дод.
Дар зарфи нимсолаи 2025 корҳои сохтмонӣ ва васлгарӣ ба маблағи 106 млн. 869,3 ҳазор сомонӣ иҷро гардиданд, ки нисбат ба 6 моҳи аввали соли 2024 20 млн. 339,7 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Ба истиқболи ҷашни муқаддаси 35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд, азнавсозӣ дар таъмири 494 иншоот ба нақша гирифта шудааст. Аз ин шумора то ба имрӯз 400 иншоот ба истифода дода шудаанд, ки баробари 81 фоизи нақша аст.
Ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар зарфи 6 моҳи соли 2025 382 млн. 679,5 ҳазор сомониро ташкил дод. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 26 млн. 409,5 ҳазор сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш ба 107,4 фоиз баробар шуд.
Дар майдони 2860 гектар замин, аз ҷумла бори нахуст дар майдони 130 гектар кишти зериплёнкагии пахта гузаронида шуд ва ҳоло ниҳолҳо хуб нашъунамо карда истодаанд.
Дарозии роҳҳои автомобилгарди шаҳру деҳоти Кӯлоб 344 км, аз ин аҳамияти ҷумҳуриявӣ дошта 26,1 км, аҳамияти байналмилалидошта 18 км, аҳамияти маҳаллидошта 189,2 км, роҳҳои дохилишаҳрӣ 117 кмро ташкил медиҳанд.
Дар зарфи нимсола муассисаи нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳр 6 км роҳҳои аҳамияти маҳаллидоштаро тахту ҳамвор ва чуқричаҳоро рӯйпуш намуд ва дар канори онҳо 4001 бех дарахтонро шинонд.
Дар ин муддат ҷавонони шаҳру деҳоти Кӯлоб дар 14 мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иш-тирок намуда соҳиби 65 медал, аз ҷумла 11 медали тилло, 21 медали нуқра ва 33 медали биринҷӣ гардиданд.
Дар ин давра дар шаҳру деҳоти Кӯлоб 179 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 14 адад кам мебошад.
Нишасти матбуотӣ пурра бо саволу ҷавоб аз ҷониби рӯзноманигорон ҷараён гирифт. Ба саволҳои рӯзноманигорон аз ҷониби раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр, муовинони раис ва масъулини соҳаҳои дахлдор ҷавобҳои мушаххас пешниҳод гардиданд.
Дар давоми посух ба суолҳои рӯзноманигорон раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр иброз доштанд, ки бо дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон айни замон дар шаҳр татбиқи якчанд лоиҳаҳо рафта истодааст, аз ҷумла лоиҳаи “Кам кардани талафоти нерӯи барқ дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон”, лоиҳаи “Обтаъминкунӣ ва коррези шаҳри Кӯлоб”, лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Кӯлоб». Ҳамзамон сохтмони муассисаи таълимии нав дар деҳаи Зарбдори Ҷамоати деҳоти Зарбдор барои 240 ҷойи нишаст, сохтмони бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимии №№13, 15, 48, 50 дар ҷараён буда, сохтмону азнавсозии муассисаи таълимии №9 идома дорад. Бунёди муассисаи томактабӣ дар деҳаи Зарбдори Ҷамоати деҳоти Зарбдор дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад.
Раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр изҳори сипосу миннатдории кулли сокинони Кӯлобшаҳри бостониро ба Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ғамхориҳои пайваста ва дастгириҳои ҳамаҷонибаашон баён намуданд.
Бо итминони комил иброз доштанд, ки сокинони меҳнатдӯсти шаҳри Кӯлоб бо ҷонибдорӣ аз сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри иҷрои нақшаҳои дарпешгузошташудаи соли 2025 дар самти корҳои ободонию созандагии диёри биҳиштосоямон саъю талош хоҳанд варзид. Ҳама дар якҷоягӣ, новобаста аз оне, ки дар кадом вазифа фаъолият менамоем, сар карда аз роҳбарияти шаҳр, рӯзноманигорон, аҳли зиё, табибону омӯзгорон, ҳамагон бояд ба миллату давлату худ софдилонаву садоқатмандона хизмат намоем.
Нишасти матбуотӣ дар руҳияи самимият, ҳусни тафоҳум ва муколамаи созанда баргузор гардид.
Бахши бойгонӣ-матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб
Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҷаласаи кории назди раиси шаҳр Назарзода Бахтиёр Худоёр оид ба омодагиҳо барои даъвати навбатии ҷавонон ба сафи артиши миллӣ доир гардид.
Дар кори ҷаласа муовини аввал, муовинон ва роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сардорони раёсатҳо, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои таълимию тиббӣ, раисони ҷамоатҳо, имомхатибон, раисони кумитаҳои маҳал ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.
Сараввал, раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр оид ба иҷроиши андоз, пардохти барқ, иҷрои нақшаи обуна ба нашрияҳои даврӣ, нашъунамои пахта, кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ, вусъат бахшидани ҷойҳои нави корӣ, корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ва дигар масоили мавҷуда натиҷагирӣ намуданд.
Сипас, роҷеъ ба ҷалби ҷавонони синни даъватӣ барои хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки шароити хизмат дар қисмҳои ҳарбии мамлакат сол то сол хубтару беҳтар гардида, ба талаботи замон ҷавобгӯ мебошанд. Ҳамчунин тазаккур доданд, ки масъулони тамоми корхонаю ташкилотро зарур аст, пеш аз ҳама корҳои тарғиботиву ташвиқотиро миёни ҷомеа бештар намоянд. Ҳисси ватандӯстию меҳанпарастӣ ва хештаншиносиро дар ботини ҷавонон бояд бедор кард. Танҳо бо ин васила метавон шумораи ихтиёриёнро зиёд намуд.
Ҳамчунин роҳбарияти шаҳр фаъолияти ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллиро муҳокима намуда, аз шахсони масъул камбудиву норасоиҳои ҷойдоштаро пурсон шуда, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Бахши бойгонӣ-матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб
Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоббо иштироки раиси шаҳр Назарзода Бахтиёр Худоёр рӯзи қабули шаҳрвандон доир
гардид. Дар рӯзи қабул ҳамчунин муовини аввал, муовинон,роҳбари дастгоҳ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва масъулони бахшҳои мақомоти маҳаллӣ иштирок доштанд.
Ҳамчунин, иддае аз сокинон ба хотири дар якҷоягӣ бо мақомоти маҳаллӣ бартараф намудани мушкилиҳои дар маҳал ҷойдошта, саҳмгузорӣ дар ободонию бунёдкории кӯчаву маҳҳалаҳои зисти хеш муроҷиат намуда, хоҳони дар сатҳи баланд истиқболгирифтани ҷашни 35 солагии Истиқлоли давлатӣ мебошанд.
Раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр арҷу муроҷиати шаҳрвандонро шунида, дар доираи сиёсати инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба онҳо кӯмак намуда, вобаста ба баррасии саривақтии муроҷиати онҳо ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб
Посмотреть статистику
Охват публикации: 568
https://static.xx.fbcdn.net/rsrc.php/v4/yA/r/Fnx2y8rQGdU.png"); background-position: 0px -100px; background-size: auto; width: 24px; height: 24px; background-repeat: no-repeat; display: inline-block;" data-visualcompletion="css-img" aria-hidden="true">
Все реакции:
Вы, Isfandiyor Badalzoda, Ikrom Rahmonov и ещё 27Поделились: 10
https://static.xx.fbcdn.net/rsrc.php/v4/yr/r/OLnlM4fZEYk.png"); background-position: 0px -651px; background-size: auto; width: 20px; height: 20px; background-repeat: no-repeat; display: inline-block;" data-visualcompletion="css-img">
span data-ad-rendering-role="нравится_button">Нравит"я
https://static.xx.fbcdn.net/rsrc.php/v4/yA/r/Fnx2y8rQGdU.png"); background-position: 0px -761px; background-size: auto; width: 16px; height: 16px; background-repeat: no-repeat; display: inline-block;" data-visualcompletion="css-img">
https://static.xx.fbcdn.net/rsrc.php/v4/yr/r/OLnlM4fZEYk.png"); background-position: 0px -525px; background-size: auto; width: 20px; height: 20px; background-repeat: no-repeat; display: inline-block;" data-visualcompletion="css-img">
Комментировать
https://static.xx.fbcdn.net/rsrc.php/v4/yr/r/OLnlM4fZEYk.png"); background-position: 0px -861px; background-size: auto; width: 20px; height: 20px; background-repeat: no-repeat; display: inline-block;" data-visualcompletion="css-img">
Отправить
https://static.xx.fbcdn.net/rsrc.php/v4/yr/r/OLnlM4fZEYk.png"); background-position: 0px -882px; background-size: auto; width: 20px; height: 20px; background-repeat: no-repeat; display: inline-block;" data-visualcompletion="css-img">
Поделиться