Санаи 2 ноябри соли равон маорифчиёни шаҳру деҳоти Кӯлоб дар баробари дигар кормандони ташкилоту муассисаҳои марбута зери ҳидоятҳои роҳнамунсози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамзамон ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб истифода аз рӯзҳои истироҳатӣ, боду ҳавои мусоид ва беталаф ҷамъоварӣ намудани тиллои сафед ба хоҷагиҳои деҳқонии Ҷамоатҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб кӯмак расониданд.
Ёдовар мешавем, ки тӯли чанд рӯз мешавад бо истифода аз боду ҳавои мусоид дар рӯзҳои истироҳатӣ кормандони соҳаҳои мухталифи шаҳр ва сокинони хурду бузурги деҳаҳои гирду атрофи ҷамоатҳои деҳоти шаҳр ҷиҳати расонидани кӯмак ба марди деҳқон, ки аз масъулият ва ҳисси баланди ватандӯстии ҳар як шаҳрванд гувоҳӣ медиҳад, бо як меҳру муҳаббат ва рисолати ҷавонмардӣ сафарбар гардиданд.
Маврид ба зикр аст, ки дар ҳашари дастаҷамъонаи имрӯза зиёда аз 1000 нафар кормандони касбу кори гуногун ва сокинон саҳмгузорӣ намуданд. Чунин иқдомҳои дастаъҷамона минбаъд низ идома меёбад.
Бахши бойгонӣ-матбуотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб
Зери ҳидоятҳои роҳнамунсози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, иҷрои дастурҳои саривақтии раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҷиҳати саривақт ва беталаф ҷамъоварӣ намудани пахта субҳи имрӯз 1200 нафар кормандони касбу кори гуногун дар Ҷамоатҳои деҳоти Зарбдор ва Зиракии шаҳри Кӯлоб ба ҳашари дастаҷамъона барои кӯмак расонидан ба марди деҳқон сафарбар гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки тӯли чанд рӯз мешавад, ки бо истифода аз боду ҳавои мусоид дар рӯзҳои истироҳатӣ кормандони соҳаҳои мухталиф, ҷиҳати кӯмак намудан ба марди деҳқон, ки аз масъулият ва ҳисси ватандӯстии ҳар як шаҳрванди бедордил гувоҳӣ медиҳад, бо як меҳру муҳаббат ва рисолати ҷавонмардӣ барои кумак намудан ба марди деҳқон сафарбар мегарданд.
Бахши бойгонӣ-матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҷиҳати саривақт ва беталаф ҷамъоварӣ намудани пахта, субҳи имрӯз тамоми роҳбарон ва кормандони ташкилоту муассисаҳои шаҳрӣ ба ҳашари дастаҷамъона барои кӯмак расонидан ба марди деҳқон сафарбар гардиданд.
Бо истифода аз боду ҳавои мусоид дар рӯзҳои истироҳатӣ кумак намудан ба марди деҳқон рисолати ҷавонмардист.
Ёдовар мешавем, ки дар ҳашари дастаҷамъона анқариб 1700 нафар кормандони касбу кори гуногун дар Ҷамоатҳои шаҳру деҳоти Зарбдор ва Зиракии шаҳри Кӯлоб сафарбар гардидаанд.
Бахши бойгонӣ-матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб
Бо дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон солҳои охир бо роҳандозӣ намудани барномаҳои гуногуни давлатӣ хоҷагиҳо бо техникаҳои кишоварзӣ таъмин карда шудаанд, ки кори марди деҳқон дар шудгору кишти саривақтӣ ва ҷамъоварии ҳосил хеле осон гардидааст.
Имрӯз дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, роҳбари Гурӯҳи корӣ дар шаҳри Кӯлоб, Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр аз рафти нашъу намои пахта ва дигар зироатҳо шинос шуда, бо масъулин сӯҳбат намуданд.
Ёдовар мешавем, ки дар ҳошияи дастуру супоришҳои Роҳбарияти Олии сиёсии кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд дар шаҳри Кӯлоб ширкати пахтаи Кӯлоб таъсис дода шудааст. Заминҳои ширкати мазкур 1900 га-ро дар бар гирифта, масъулин дар заминҳои бар зимма доштаашон кишти навъҳои пунбадонаи лотос, бухоро ва дигар навъи ба иқлими минтақа мувофиқро кишт намуданд.
Зимни сӯҳбат роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб иброз доштанд, ки дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва нақшачорабиниҳои тасдиқшуда аз рӯзи аввали кишти пунбадона бо ҷалби мутахассисону масъулон, ҷиҳати дар сатҳи баланд ва босифат ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахта ва дигар маҳсулотҳои кишоварзӣ тамоми чораҳои агротехникиро бо ҷалби олимони соҳа дида баромада, то ин ки ҳосили фаровон ба даст оваранд.
Ҳамчунин, роҳбари Гурӯҳи корӣ дар шаҳри Кӯлоб, Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим изҳор намуданд, ки имрӯз давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имконият ва шароитро барои марди деҳқон муҳайё намудаст ва вазифаи мо дар он мебошад, ки дар заминҳои ба зимма доштаамон хуб кор карда, маслиҳати олимон ва мутахассисони соҳаи кишоварзиро дар самти кишту парвариш намудани дилхоҳ маҳсулот истифода бурда ва дар як сол 3 ё 4 ҳосил ба даст оварем. Ҳамчунин, зери ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми худро гузорем.
Бахши бойгонӣ-матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб