

18 июли соли равон дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҷаласаи назоратии назди раиси шаҳр Назарзода Бахтиёр Худоёр доир гардид, ки дар он муовинони раиси шаҳр, сардорони раёсатҳо, мудирони шуъбаҳо, раисони ҷамоатҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.
Сараввал, раиси шаҳр ҷаласаро ифтитоҳ намуда, изҳор доштанд, ки баҳри амалӣ гардидани дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебояд масъулиятшинос бошему дар таъмини фазои мусоид ва рушду пешрафти шаҳрамон ҳиссагузор бошем.
Дар ҷаласаи мазкур қайд гардид, ки ҷиҳати ҳарчи зудтар ба роҳ мондани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар вохӯрӣ бо фаъолони вилояти Хатлон дар ноҳияи Данғара санаи 18 июни соли 2022 изҳор гардида буд нақша-чорабиниҳоро таҳрезӣ намуда баҳри амалигардии бандҳои он саривақт чораандешӣ намоем.
Дар идомаи ҷаласа дар асоси розигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо қарори дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб Даминова Арафамо муовини раиси шаҳри Кӯлоб таъин карда шуд.
Дар идомаи кори маҷлис ҳисоботи роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр Абдулло Файзуллоев оид ба таъмини иҷрои супоришҳое, ки дар дар маҷлиси назоратии қаблӣ додашуда шунида шуд.
Аз рӯи масъалаи навбатии рӯзномаи маҷлис оид ба рафти иҷрои қарори раиси шаҳр аз 19 июли соли 2020, №335, дар бораи қарори раиси вилояти Хатлон аз 22 майи соли 2022 №154 оид ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 октябри соли 2019 №463 дар бораи “Барномаи пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2024” Бобохуҷаев Саймумин маълумоти муфассал пешниҳод намуд.
Ҳамчунин оид ба пешниҳоди Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо корупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати Агентӣ дар вилояти Хатлон, шуъбаи минтақавӣ дар шаҳри Кӯлоб аз Амирҷон Гулмадов ҳисобот пешниҳод намуд.
Дар идомаи кори ҷаласа роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ба масъулин ҷиҳати ба самар расонидани кишти такрорӣ, инъикоси кишти такрорӣ дар васоити ахбори омма, таъминоти оби полезӣ ва оби нӯшокӣ ба аҳолӣ, тақвият бахшидани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни сокинон, саривақт пардохт намудани рухсатпулии омӯзгорон, ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуда, ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб
Дар минтақаи мазкур тибқи қарорҳои раиси шаҳр ба 11 нафар қитъаҳои замин барои сохтмони корхона ва коргоҳҳои саноатӣ дода шуд.
Дар ин замина бо мақсади хубтару беҳтар гардидани корхонаҳои саноатӣ тибқи нақша чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҳар ҳафта вохӯрӣ бо роҳбарону соҳибмулкони корхонаҳои саноатӣ ва корхонаҳои сохташаванда дар минтақаи саноатӣ баргузор карда мешавад.
Ин навбат санаи 15 июли соли равон вохӯрии муовини якуми раиси шаҳри Кӯлоб Ташрифзода Мунавваршо бо роҳбарони корхонаҳои саноатӣ ва соҳибкорон баргузор гардид.

Дар вохӯрии мазкур масъалаҳо оид ба сохтмону бунёди корхонаҳои саноатӣ ва назорати қатъии он аз ҷониби масъулин, иҷрои пардохти сарвақтии андозҳо, ҳамчунин фаъолияти хуби корхонаҳои саноатӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Санаи 14 июли соли равон раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, собиқадорони меҳнат, модарони Кӯлобшаҳр, волидони хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар шахсони масъул ба аёдати сарбозони қисми низомии 13483 “Д”-и шаҳри Кӯлоб ташриф оварда, аз вазъи шароитҳои истироҳату фароғати хизматчиёни ҳарбӣ аз наздик шинос шуданд.
Зимни суҳбату вохӯриҳои меҳмонон бо хизматчиёни ҳарбӣ раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр изҳор доштанд, ки маҳз бо шарофати ғамхориҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва хизмати садоқатмандонаи ҳайати шахсии Қувваҳои мусаллаҳ, мақомоти қудратии мамлакат дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ имконияти мустақилона ҳимоя намудани марзи Ватанро ба даст овард ва имрӯз ҷавонони ватандӯсти моро месазад, ки дар ҳимояи марзу буми кишварамон ҳамеша омода бошанд.
Тазаккур бояд дод, ки дар идомаи вохӯрӣ волидони сарбозон суханронӣ намуда, аз ободиву сулҳу осоиштагии Тоҷикистони биҳиштосоямон изҳори андеша намуданд ва таманно намуданд, ки ҳамеша Тоҷикистони азизамон гул-гуншуфон бошаду сулҳу ваҳдат пойдор бимонад.
Ҳамчунин, дар ин рӯз модарони рӯзгордида нону дигар дастранҷҳои ҳунарии худро пешкаши сарбозон намуданд.
Зикр кардан ба маврид аст, ки дар идомаи боздид аз қисми низомии 13483 “Д”-и шаҳри Кӯлоб маводҳои хӯрока дар шакли орд, равған, картошка, пиёз, макарон ва полезиҳо дастрас гардид.
Инчунин, ба китобхонаи қисми ҳарбӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ба хотири баланд бардоштани маърифатнокии хизматчиёни ҳарбӣ ва тарғиби ғояҳои ватандӯстии ҷавонон беш аз 1000 нусха адабиёти бадеии тозанашр тақдим карда шуд.
Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб