Санаи 31 октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Кӯлоб Фестивали вилоятии «Либоси миллӣ – осори тамаддуни ҷаҳонӣ» бо иштироки Абдуллозода Умеда – муовини раиси Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдусаломзода Анзурат – муовини раиси вилояти Хатлон, Назарзода Бахтиёр Худоёр - раиси шаҳри Кӯлоб, кормандони ташкилоту муассисаҳои шаҳриву минтақавӣ, фаъолзанон ва собиқадорони меҳнат, намояндагони ВАО-и маҳалливу вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ, баргузор гардид. Бояд қайд намоем, ки Фестивали мазкур дар асоси Амри раиси вилояти Хатлон роҳандозӣ шудааст.
Дар фестивали вилоятӣ аз тарафи фаъолзанони 10 шаҳру ноҳияи минтақаи Кӯлоб бар тан либоси миллӣ, ки аз матоъҳои атласу адрас, чакану гулбаст дӯхта шуда буданд, дар назди майдони Парчами шаҳри Кӯлоб роҳпаймоӣ намуданд.
Сипас, дар майдони Боғи фарҳангию фароғатии шаҳри Кӯлоб ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр ҳозиринро бахшида ба Фестивали мазкур, ки бо ташаббуси раиси вилояти Хатлон роҳандозӣ гардидааст, табрик намуд.
Дар оғоз роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб меҳмонони гиромиқадр, занону бонувону хоҳарони аз навоҳии минтақаи Кӯлоб ба шаҳр ташрифовардаро ба шаҳри бостонии Кӯлоб аз самими қалб хайрамақдам намуда, изҳор доштанд, ки боиси қаноатмандиву ифтихор аст, ки ҷиҳати таъмини иҷрои дастури Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, супориши протоколии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои марбутаи раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид, имрӯз шаҳри Кӯлоб макони баргузории чунин чорабинии муҳташам, ба мисли Фестивали вилоятӣ таҳти унвони «Либоси миллӣ-осори тамаддуни ҷаҳон» интихоб гардидааст.
Мебояд тазаккур дод, ки аз қадим миллати тоҷик бо сару либоси хоссаи худ фарқ дошт ва хушбахтона ин анъанаро то ҳанӯз нигоҳ доштааст. Маҳз ҳаминро ба инобат гирифта, Сарвари давлат дар аксарияти Паёму баромадҳояшон барои ба бар намудани либосҳои миллӣ, хотима бахшидан ба бегонапарастӣ ва даст кашидан аз истифодаи либосҳои барои фарҳанги мо бегона таъкид менамоянд. Аз ҷумла, зимни яке аз суханрониҳояшон зикр намуданд, ки «...ҳар миллат бинобар собиқаи фарҳангии худ дар либоспӯшӣ рафтору анъанаҳои махсус дорад, ки арзишҳои моддиву маънавии гузаштаи онҳоро инъикос менамояд ва ҳар миллат аз рӯи забон, фарҳанг ва шакли либоспушияш шинохта мешавад... Модарону бонувони мо тоҷикон, тарзи либосҳои миллии худро доштанд ва онро ба мо мерос гузоштанд, ки ҳар кадоме аз онҳо дар баробари зебогиву рангорангӣ, меъёрҳои ахлоқиву эътиқодии мардуми бостонии моро инъикос мекард». Ҷойи дигар Пешвои муаззами миллат таъкид месозанд ки "Бегонашавии одоб ва расму ойини либоспушӣ-бегонашавии фарҳангиест, ки истиқлоли фикрӣ, ҳуввияти миллӣ ва фарҳанги миллиро халалдор месозад», Воқеан қобили қайд аст, ки халқу миллатҳои гуногуни дунё арзишҳои моддиву маънавӣ ва фарҳангии худро доранд ва онҳоро аз насл ба насл мерос гузошта, маҳз тавассути ҳамин арзишҳо кишвари худро ба ҷаҳониён муаррифӣ месозанд. Масалан, либоси миллии мардуми Ҳинду - «сари», Ҷопон - «кимано» ва Араб - «абая» ном дошта, оламиён медонанд, ки онҳо моли ҳамин миллатҳо мебошанд. Хушбахтона ба туфайли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва заҳмату талошҳои Ҷаноби Олӣ мо натанҳо тавонистем атласу адрас ва чакани худро соҳибӣ кунем, балки намудҳои алоҳидаи ин либосҳоро ҷаҳонӣ гардонидем. Бахусус бо қарори Кумитаи ҳифзи мероси фарҳангии ЮНЕСКО санаи 29 ноябри соли 2018, "Чакан" ба Феҳристи мероси фарҳангӣ-моддии башарият ворид карда шуд. Фикр мекунам ин дастоварди бузург боиси ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонист, аз ҷумла тамоми иштирокчиёни чорабинии имрӯза мебошад.
Қобили зикр аст, ки занону модарони тоҷик дар ҳама давру замон посдори ойину анъанаҳои муқаддаси халқу миллат буданд, ҳастанд ва хоҳанд буд. Вақте сухан аз либоси миллӣ меравад, ҳатман пеши назар симои занон бо либоси хосса падидор мегардад. Мақсад аз баргузории ҳамагуна чорабиниҳое, ки марбут ба либосанд, ташвиқу тарғиб ва тақвияти ҳамин ҳолат мебошад. Фестивали минтақавии «Либоси миллӣ-осори тамаддуни ҷаҳон» ҳам истисно набуда, маҳз ба ҳамин мақсад созмон дода шудааст. Боварӣ ҳаст, ки ин чорабинии муҳим дар сатҳи баланд баргузор гардида, дар кори ташвиқу тарғиби либосҳои миллӣ саҳми босазое мегузорад. Ҳозирин шоҳиди муаррифии ҳунари асил, намоиши гулдӯзиҳои нотакрори пурсеҳру ҷозиба ва мафтуни рангҳои пурҷилои либосҳои ба намоиш пешниҳодшаванда мегарданд.
Дар охир ба ҳама иштирокчиён бурдбориҳо таманно намуда, ба кори фестивал муваффақият таманно намуданд.
Дар идома, ҳамзамон муовини раиси вилояти Хатлон Абдусаломзода Анзурат низ табрикоти раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саидро ба муносибати баргузории чунин чорабинии фарҳангии миллӣ шодбош гуфта, зикр намуд, ки баргузор кардани чунин чорабинии фарҳангӣ аз дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад. Либоси миллӣ як рукни фарҳанги миллат ба шумор рафта, ёдгоре аз гузаштагонамон аст, ки тӯли қарнҳо зебогиашро гум накардааст ва минбаъд низ гум нахоҳад кард. Дар идома зикр намуданд, ки мо бояд ин анъанаи миллиро давом диҳем ва онро ба насли оянда расонем. Кӯлоб дар ҳақиқат зиннати чакан аст.
Ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва дигар ташкилкунандагони чорабинии мазкур изҳори сипос намуданд.
Абдуллозода Умеда ҳозиринро барои ҷашнгирии чунин чорабинии бошукӯҳ табрику таҳният гуфта, зикр намуд, ки дар ҳақиқат чунин чорабинӣ, ки бонувон бо як рӯҳияи баланд иштирок намуданд, бо як самимияти хос баргузор шудааст. Ба чорабинии мазкур баҳои баланд дода шуд.
Аз тарафи санъаткорони Қасри фарҳанги шаҳр барномаи консертӣ пешкаши ҳозирин гардонида шуд.
Дар ҷамъбасти чорабинӣ туҳфаҳои таъсиснамудаи раиси вилояти Хатлон ба фаъолони шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб ботантана супорида шуд.
Инчунин, аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ба ташкилкунандагон ва кормандони фаъоли шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб барои тарғибу ташвиқ ва рушди фарҳанги миллӣ Сипосномаҳо тақдим гардид.
Бахши бойгонӣ-матбуотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб
Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 |