Боиси зикр аст, ки санаи 8 июл ҳамчун Рӯзи маъюбон ва пиронсолон дар Тоҷикистон қайд карда мешавад. Бахшида ба ин рӯз санаи 8 юли соли 2022 дар боғи фарҳангӣ-фароғатӣ ба номи Мир Сайи Алии Ҳамадонӣ чорабинии бошукуҳ баргузор карда шуд.
Нахуст, иштирокчиён аз намоиши ҳунарҳои маҳсули дастии маъюбон боздид намуда, ба ҳунари волои ин табақа баҳои баланд доданд.
Сипас, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ин табақаи эҳтиёҷманди чомеаро ба муносибати ҷашнашон табрику таҳният намуда, изҳор дошт, ки таваҷҷӯҳу ғамхорӣ ба маъюбону пиронсолон, шахсони яккаву танҳо ва ба меҳрубонӣ ниёздошта дар меҳвари сиёсати хирадмандона Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад ва ин ҳама натиҷаи сиёсати инсондӯстона аст, ки имрӯз дар тамоми муассисаҳои соҳа, аз қабили марказҳои хизматрасонии иҷтимоӣ ва мактаб-интернатҳои шаҳр тамоми шароитҳои зарурӣ барои зиндагӣ ва кору истироҳати қишри ниёзманди ҷомеа фароҳам оварда шуда, аёдати онҳо дар арафаи иду айём ба таври мунтазам ба роҳ монда мешавад.
Дар идомаи чорабинӣ ба як қатор фаъолон барои саҳми арзанда гузоштан дар тарбияи нафарони имконияташон маҳдуд бахшида ба Рӯзи маъюбон дар Тоҷикистон бо Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб сарфароз гардонида шуданд.
Дар охир барномаи пурмуҳтавои фарҳангӣ аз тарафи санъаткорони шинохтаи бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва маъюбони боистеъдод пешниҳоди ҳозирин гардонида шуд.
Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб
Санаи 8 июли соли 2022 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҷаласаи ҷамъбастии натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Кӯлоб дар шашмоҳаи якуми соли 2022 бо иштироки Азим Иброҳим, намояндаи Ҳукумати мамлакат, Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Назарзода Бахтиёр Худоёр, раиси шаҳри Кӯлоб, Қурбонзода Амирхон, муовини раиси вилояти Хатлон ва кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб доир гардид.
Нахуст, роҳбарияти шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр, дар ҷаласаи ҷамбастӣ суханронӣ намуда, изҳор дошт, ки дар давраи сипаригашта сокинони шаҳри Кӯлоб ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон баҳри расидан ба нишондиҳандаҳои назаррасу арзандаи меҳнатӣ, аз тамоми имконот самараноку оқилона истифода бурда, бо фаъолияти аҳлонаву содиқонаи худ ба раванди пешрафту тараққиёти диёри биҳиштосоямон вусъати тоза бахшида, дар шашмоҳаи соли 2022 ба тақвияти корҳои созандагиву бунёдкорӣ заминаҳои мусоиду устувор гузошта истодаанд.
Сипас, дар маҷлиси васеи фаъолони шаҳри Кӯлоб оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Кӯлоб дар шашмоҳаи соли равон ҳисоботи муовини якуми раиси шаҳр Ташрифзода Мунаваршо, муовини раиси шаҳр Орзу Ҳамидиён, Асозода Манучеҳр, Сардори раёсати агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукмати Ҷумҳурии Тоҷикистон ждар шаҳри Кӯлоб, Аҳмадзода Қурбон, мудири шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар назди ҳозирин шунида шуд.
Дар идомаи ҷаласаи ҷамъбастӣ, аз ҷониби баромадкунандагон қайд гардид, ки дар шашмоҳаи соли 2022 мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” фаъолият намуда, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (21 декабри соли 2021), дастуру супоришҳое, ки дар Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 январи соли 2022 “Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021 ва вазифаҳо барои соли 2022” ва машварати кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони вилояти Хатлон дар ноҳияи Данғара 18 июни баён гардид, ба роҳбарӣ гирифта, дар шашмоҳаи соли 2022 ҷиҳати пешбурди иқтисодиёту иҷтимоиёт корҳои муайянро ба сомон расонида, ба нишондодҳои назаррас ноил гардидааст.
Ҳамчунин, дар ҷараёни маҷлиси фаъолон Раиси шаҳри Кӯлоб, иҷрои саривақтии нақшаи андоз, оид ба таъмину либосҳои мактабӣ ба таълимгирандагон, ҷиҳати кишти такрорӣ ва самаранок истифода бурдани қитъаҳои замини наздиҳавалигӣ, баҳри рушди соҳаи саноат ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, ба кор андохтани корхонаҳои бозистода, таъмини босифати барқ, кишту истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, корҳои ободонию созандагӣ, таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокиву полезӣ, рушди соҳаи сайёҳӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ, ҷалби мутахассисони ҷавони соҳаҳои маорифу тандурустӣ ба кор, пешгирии ҷудошавии оилаҳо ба масъулин дастуру супоришҳои махсус дод.
Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб
Санаи 04 июли соли равон дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб муҳокимаи ҷамъиятӣ дар мавзӯи “Натиҷагирӣ аз иҷрои татбиқи “Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Кӯлоб барои солҳои 2020-2025” баргузор гардид.
Дар муҳокимаи мазкур раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр, Файзулло Машраб Қурбоналӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдусаломзода Мунаввар- Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бобошозода Шоҳин, сармутахассиси Раёсати рушди минтақаҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Зокир Раҳмонов, мушовири маҳаллии Барномаи Рушди Созмони Миллали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.
Нахуст, дар ҷаласа роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр суханронӣ намуда, қайд намуд, ки Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Кӯлоб барои солҳои 2020-2025 тибқи дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмсон ва дар асоси банди 35-и Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳангоми сафари корӣ ба шаҳри Кӯлоб рӯзҳои 7-8 ноябри соли 2018, баён доштанд, таҳия гардида, бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июни соли 2020, №389 тасдиқ шудааст.
Бояд қайд намоем, ки Барномаи мазкур дар ҳамкорӣ бо Вазорати рушди иқтисод ва савдаои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ дастраси вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, ташкилоту муассисаҳои шаҳри ҷамоатҳои деҳоти шаҳр ва як қатор ташкилотҳои байналхалӣ гардонида шудааст.
Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Кӯлоб барои солҳои 2020-2025 ҳамагӣ 225 лоиҳа ба маблағи 7 миллиарду 12,0 миллион сомониро дар бар мегирад.
Дар идома аз ҷониби масъулин ҷиҳати натиҷаҳои иҷрои Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Кӯлоб барои солҳои 2020-2025 маълумоти муфассал пешниҳод гардид.
Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб
Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҷаласаи назоратӣ таҳти раёсати раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр доир гардид.
Дар кори ҷаласа муовинон ва роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сардорони раёсатҳо, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои таълимию тиббӣ, раисони ҷамоатҳо ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.
Нахуст, раиси шаҳр ҷаласаро ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба рӯзномаи маҷлис шинос намуд. Қайд намуд, ки ҳар яки моро мебояд, ки тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар вохӯрӣ бо фаъолони вилояти Хатлон санаи 18 июни соли равон дар ноҳияи Данғара дар самти таъмини амнияти озуқаворӣ иброз доштанд, корро боз ҳам ҷоннок намоем.
Дар ҷаласаи навбатӣ тибқи банди якуми рӯзномаи маҷлис Файзулло Абдуллоев оид ба супоришҳои қаблии раиси шаҳр ҳисобот пешниҳод намуд.
Сипас, аз рӯи масъалаи дуюми рӯзномаи маҷлис ахбороти роҳбарони гуруҳи кории таъсисдодашуда ҷиҳати гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва самаранок истифода бурдании заминҳои наздиҳавлигӣ миёни сокинони деҳот ва маҳаллаҳои шаҳр шунида шуд.
Аз рӯи масъалаи сеюм ҳисоботи сармутахассис-ҳуқуқшиноси роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Амирҷон Гулмадов пешниҳоди ҳозирин гардонида шуд.
Дар идомаи ҷаласа роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ба масъулин ҷиҳати ба самар расонидани кишти такрорӣ, таъминоти оби полезӣ, тақвият бахшидани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни сокинон, инъикоси кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ дар телевизиону рӯзномаҳо, риоя кардани қоидаҳои зидди сӯхтор дар ғаллазорҳо, пардохти саривақтии рухсатпулии омӯзгорон ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор дода, ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб