Яке аз соҳаҳои муҳими муаррификунандаи давлату миллат, таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои мардумӣ ба шумор рафта, рушди он ба инкишофи ҳамаҷонибаи соҳаҳои иқтисодӣ, аз ҷумла соҳаҳои хизматрасониву маишӣ ва истеҳсолӣ мусоидат менамояд.
Маҳз ба ҳамин хотир аз ҷониби Пешвои миллат соли 2018 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардида, ба рушди ҳамаҷонибаи ин соҳаи ояндадор дар мамлакат заминаҳои воқеии ҳуқуқиву бунёдӣ гузошт.
Меҳмонхона дар хиёбони Исмоли Сомонӣ рӯ ба рӯи бозори «Саховат» ҷойгир шудааст. Сохтмони ин мехмонхона соли 1982 аз рӯи лоиҳаи махсус оғоз ёфтааст. Солҳои 2004-2005 ба муносибати таҷлили ҷашни 2700-солагии шаҳри Кӯлоб мавриди таъмиру азнавсозӣ қарор гирифт ва баъзе ҳуҷраҳои он ба толори мачлисӣ табдил дода шуд. Меҳмонхона 5-ошёна буда, дорои 56-ҳуҷра мебошад, ки аз ин ҳуҷраҳо 4-люкс, 2-апартамен, 50-поллюкс ва оддӣ мебошад. Сифати хизматрасониаш ба талаботи имрӯза ҷавобгу мебошад.
Меҳмонхонаи “Сахо” соли 2018 аз тарафи ҶДММ “Терминал” и шаҳри Кӯлоб сохта шуда, дар моҳи сентиябри ҳамон сол бо иштироки раиси шаҳри Кӯлоб кушода шуда ҳамарӯза ба сайёҳони дохилию хориҷи хизмат карда мерасонад. Меҳмонхона дар ш.Кӯлоб хиёбони И.Сомонӣ ҷрйги буда, бо тарзи замонавӣ сохта шуда дорои 9 ҳуҷра мебошад, шумораи катҳоихоб 20 ҷой, ташноб 2, ҷойишустушуй (душ) 4 ҷой, кондитсионер 9 дона, телевизор 11 дона мебошад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 |