Санаи 24 июни соли 2022 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб даъвати шашум баргузор гардид.
Дар кори иҷлосия раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр, муовини раиси вилояти Хатлон Файзуллозода Заробуддин, муовинон ва роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Кӯлоб, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, сардорони раёсатҳо, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, масъулони муассисаҳои таълимию тиббии шаҳр, занони собиқадор, намояндагони васоити ахбори омма ва ҳамчунин вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб иштирок доштанд.
Иҷлосияро раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр ифтитоҳ намуда, рӯзномаи маҷлисро ба ҳозирин шинос намуд.
Аз рӯи масъалаи якум “Оид ба рафти иҷрои қарори раиси шаҳри Кӯлоб аз 2 апрели соли 2021, №271 “Дар бораи қарори раиси вилояти Хатлон аз 26 феврали соли 2021, №56 “Оид ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 июли соли 2019, №373 «Дар бораи Барномаи рушди саноати хӯрокворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025» мудири бахши саноат, энергетика ва нақлиёту коммуникатсияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Абдуразоқ Хуҷамқулов баромад намуд.
Дар идомаи кори иҷлосия муовини якуми раиси шаҳри Кӯлоб, вакил аз ҳавзаи интихоботии №9 Ташрифзода Мунаваршо Саттор, Қурбонзода Наргис, вакил аз ҳавзаи интихоботии №22 баромад намуданд.
Ҳамчунин аз рӯи масъалаи дуюми рӯзнома Неъматзода Рустам вакил аз ҳавазаи интихоботии №15, раиси Коммисияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб “Оид ба аграарӣ, экология ва шуғли аҳолӣ суханронӣ намуд.
Ҳамин тавр, аз рӯи масъалаи сеюм ахбороти вакилӣ, вакил аз ҳавзаи интихоботии №2 Мирзоалӣ Саидов шунида шуд.
Баъдан, вакилон аз рӯи масъалаи чорум, панҷум ва шашуми рӯзномаи ҷаласа Лоиҳаи «Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолии шаҳри Кӯлоб барои солҳои 2023-2025», оид ба қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб аз 24 декабри соли 2021, №201 “Дар бораи буҷети маҳалии шаҳри Кӯлоб барои соли 2022 ҷиҳати ба ворид намудани тағйиротҳо, инчунин “Дар бораи буҷети иловагии шаҳри Кӯлоб барои семоҳаи дуюми соли 2022”- ро тасдиқ намуда, қарорҳои дахлдорро қабул гардид.
Дар идомаи кори иҷлосия роҳбарияти шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр изҳор доштанд, ки вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир боиси паст шудани сатҳи иқтисодиёти ҷаҳонӣ гардида, мувофиқи ояндабинии коршиносони Созмони Миллали Муттаҳид имсол ва соли оянда ба 220 млн. одам дар кишварҳои олам хатари гуруснагӣ таҳдид карда истодааст. Дар вохӯрие, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони вилояти Хатлон доштанд, аз ин вазъият изҳори нигаронӣ карда, таъкид намуданд, ки бояд ҳар як корхона, ташкилот ва муассиса, бахусус оилаҳо ғами ояндаи худро хӯрда, барои на кам аз ду сол маводи ғизоиро захира намоянд.
Дар ин замина муовини раиси шаҳр Ҳамидиён Орзу, муроҷиатнома ҷиҳати дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ба ҳозирин расонид.
Бояд қайд намоем, ки дар идомаи кори ҷаласа лоиҳаи қарори раиси шаҳри Кӯлоб ҷиҳати номгузорӣ намудани муасисиаи таҳсилоти миёнаи умими ҳудуди деҳаи Гулистони ба номи Шомадзода Маҳмад дар ҷамоати деҳоти Зарбдор қабул гардид.
Сипас, дар иҷлосияи мазкур муовини раиси вилояти Хатлон Файзуллозода Заробуддин суханронӣ намуд.
Баъди масъалаҳои ҷорӣ ва кадрӣ, раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр аз масъулин даъват ба амал овард, ки дар иҷрои вазифаҳои ба зиммадошта масъулиятшинос буда, баҳри беҳбудии рӯзгори мардум саъюу талоши бештар дошта бошанд.
Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб
ТАЪКИДҲОИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ БА БАЛАНД ГАРДИДАНИ САТҲИ НЕКӮАҲВОЛИИ МАРДУМ НИГАРОНИДА ШУДААНД
ё худ вазифаҳои аввалиндараҷаи масъулон ва фаъолони ҷомеа аз суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон аз 18.06.2022 дар ноҳияи Данғара, дар самти таъмини амнияти озуқаворӣ.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид месозанд, муваффақияти кори роҳбарӣ аз наздикӣ бо мардум вобаста аст. Яъне натиҷаҳои рушди ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ аз корҳои идеологӣ вобастагӣ доранд. Дар ин росто таъмини амнияти озуқаворӣ аз роҳи рушди соҳаи кишоварзӣ низ истисно нест. Зеро маҳз бо роҳи огоҳ кардани ҷомеа аз хатарҳои муосири геополитикӣ ва раҳнамоӣ кардани мардум барои осеб надидан аз оқибатҳои шадиди чунин буҳронҳо мо метавонем мувозинати иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсиро таъмин намоем. Барои даст ёфтан ба ин ҳадафҳо моро лозим аст мактаби давлатдории Пешвои муаззами миллат дар самти таъмини амнияти озуқавориро амиқтар омӯзем.
Дар солҳои нахустини раҳбарии хеш, ки миллати тоҷик ба ҷойи нон хун мехӯрд, маҳз тадбирҳои дурандешонаи Пешвои муаззами миллат ва корҳои шабонарӯзии идеологиашон ба мардум барои расидан ба рӯзҳои неке, ки имрӯз дорем, умед бахшид. Яке аз чунин тадбирҳои созанда, ин фаҳмонидани моҳияти истифодаи самаранок аз замин ва эҳёи фарҳанги заминдории миллати тоҷик буд. Мавқеи иҷтимоии деҳқон (аслаш “деҳгон”), ки замоне назарногир шуда, он ба як шуғли камранг ва ноҷолиб табдил ёфта буд, дубора баланд бардошта шуд. Баъзан шахсони гӯиё “зиёӣ” ҳам пайдо шуда буданд, ки баргузории иди ниҳол, иди каду, иди асал ва дигар ҷашнвораҳои ба рушди соҳаи кишоварзӣ равонашударо нолозим мешумурданд. Гурӯҳҳои ифротие низ аз дохил ва хориҷи кишвар ба идҳои миллии Наврӯз, Меҳргон ва Тиргон дар доираи фаҳмишҳои тангу торики худ хусусиятҳои динӣ доданӣ мешуданд.
Вобаста ба ин, маҳз суханони таъсирбахш ва андешаҳои муттаҳидкунандаи Пешвои муаззами миллат буданд, ки имрӯз ҷашни Наврӯз ҷаҳонӣ гардида, ҷашнҳои Меҳргону Тиргон хусусияти умумимиллӣ пайдо намудаанд. Мавқеи иҷтимоии деҳқон ва обруву манзалати кормандони соҳаи кишоварзӣ ба маротиб баланд гардид. Дар ҳар як сафари кориашон Пешвои муаззами миллат ба дилхоҳ шаҳру навоҳӣ аз ҳолати заминдорӣ ва рушди кишоварзӣ шахсан дидан мекунанд. Ҳамчун Пешвои мардумӣ ба хонаву ҳавлии сокинон ташриф бурда, истифодаи заминҳои наздиҳавлигӣ ва вазъи захираи маводи озуқаворӣ дар оиларо мепурсанд, маслиҳат медиҳанд ва дастгирӣ менамояд...
Ба наздикӣ, бо мақсади кам кардани таъсири буҳронҳои иқтисоди ҷаҳонӣ ба хоҷагии халқ (шиддат гирифтани муносибатҳои абарқудратҳо, ба сари ҳокимият омадани гурӯҳҳои террористиву фашистӣ дар баъзе аз кишварҳои Осиёи миёна ва ҳавзаи собиқ ИҶШС, канда шудани занҷираҳои вориду содирнамоии маводи озуқа дар пайи таҳримҳои сиёсӣ байни кишварҳои абарқудрат ва ғайра) дигарбора масъалаи ҳифзи амнияти озуқаворӣ ба масъалаи актуалӣ дар кишвар табдил ёфт.
Пешвои муаззами миллат зимни суханронӣ бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон дар ноҳияи Данғара санаи 18 июни соли 2022 таъкид намуданд, ки “Дар асоси маълумоти Созмони Милали Муттаҳид дар солҳои 2018 – 2021 бо сабаби вазъи мураккаби бавуҷудомада шумораи сокинони сайёра, ки ба норасоии маҳсулоти озуқа дучор шудаанд, 88 фоиз зиёд гардида, 193 миллион нафарро ташкил додааст. Мувофиқи арзёбии Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии ин созмон вазъи ҷаҳон имсол ва соли 2023 боз ҳам вазнинтар шуда, шумораи одамоне, ки ба хатари гуруснагӣ дучор мешаванд, ба 220 миллион нафар баробар мегардад. Ҳамзамон бо ин, тибқи пешгӯии ҳамин созмон дар мавсими солҳои 2022 – 2023 истеҳсоли ғалладона дар ҷаҳон кам мешавад. Дар ин давра истеҳсоли ғалладона дар ҷаҳон нисбат ба соли гузашта 16 миллион тонна, аз ҷумла гандум 6 миллион тонна ва биринҷ 1,3 миллион тонна коҳиш меёбад”.
Вобаста ба пешгирӣ аз таъсири чунин буҳронҳои глобалӣ ба хоҷагии халқ тибқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат дар шаҳри Кӯлоб гурӯҳҳои корӣ дар деҳаҳои чор ҷамоати деҳот ва маҳаллаҳои ҳудуди шаҳр ташкил ёфта, фаъолияташон дар доираи нақшаи тасдиқгардида таҳти назорати бевоситаи раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Назарзода Бахтиёр Худоёр қарор дорад. Гурӯҳҳои корӣ барои фаҳмонидани моҳияти масъала ба сокинон ва водор намудан ба корҳои амалӣ ба деҳаву маҳаллаҳо сафарбар гардидаанд.
Воқеан ҳам, агар ба гузаштаи на чандон дури таърихи соҳибистиқлолии кишварамон назар андозем, солҳои навадум маҳз фарҳанги истифодаи самараноки замин моро аз буҳрони ғизоӣ раҳонида буд. Пешвои муаззами миллат барои баровардани мардум аз фақру камбизоатӣ ба ҳар хонаводаи кишоварзон замин бахшида буд, ки имрӯз ба унвони «Заминҳои президентӣ» шинохта мешаванд. Маҳз ҳамин тадбири саривақтӣ кишварро аз буҳрони ғизоӣ раҳонида, роҳи халқро ба ояндаи пурбаракат ҳамвор кард.
Ҳоло мардум аз ин заминҳои кишт чӣ мегиранд? Ин ва дигар заминҳои корам бояд чи тавр самаранок истифода бурда шаванд? Кишти такрорӣ ва кишти барвақтии тирамоҳӣ чи гуна кишт аст ва то кадом андоза онҳо дуруст гузаронида мешаванд? Заминҳои наздиҳавлигиро то кадом андоза босамар истифода мебарем? Қитъаҳои замини корамбобе, ки дар назди ташкилоту муассисаҳо мавҷуд ҳастанд, чи тавр самаранок истифода бурда шаванд? Захираи дусолаи маводи ғизоиро ҳар як оила ба чи тартиб амалӣ кунад? Ин ва ба ҳамин монанд масъалаҳое ҳастанд, ки гурӯҳҳои корӣ дар миёни ҷомеа корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд.
Агар ба умқи масъала назар андозем, аксариятамон дар деҳот ва ҳавлиҳои шаҳрӣ 8-10 сотихӣ замини наздиҳавлигӣ дорем ва набояд онҳоро беистифода гузорем. Агар ба дарахтҳои ҳавлиҳоямон нигоҳубини дурустро ба роҳ монем, аз меваи он на танҳо худ истифода мекунем, балки ба фурӯш бароварда даромади муайян ба даст меорем. Хушкмеваи онро низ барои 1-2 сол захира кардан мумкин аст. Обмеваҳоро ҳам барои зимистон захира кардан мумкин. Бояд ба дарки ҷомеа расонем, ки истифодаи босамар аз ҳар ваҷаб замин боиси баланд гаштани сатҳи некӯаҳволиамон мегардад.
Ҳамзамон, фаҳмонидан зарур аст, ки ягона роҳи дарёфти кор ва таъмини зиндагии серу пур дар муҳоҷирати меҳнатӣ нест. Ҷойи кор ҳамин заминҳои пеши хонаамон буда, манбаи даромад ин фикр карда, роҳҳои баланд бардоштани самаранокии ҳосилро дарёфтан мебошад. Даромад аз муҳоҷирати меҳнатӣ бо назардошти рақобати бозори меҳнат дар шароити буҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ ва буҳронҳои нави сиёсӣ дигар ҷавобгӯи интизориҳои мардум буда наметавонад. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар дунё аз 358 миллион муҳоҷир 327 миллионаш муҳоҷири меҳнатӣ мебошад ва имконияти рақобат хеле маҳдуд гаштааст. Пас, ин муҳоҷирони тавакалии мо маҷбур мешаванд ба пасттарину сиёҳтарин корҳо даст зананд, то аҳли хонаводаро ноумед насозанд ва ё аққалан маблағи қарзи чиптаи ҳавопайморо баргардонда, роҳкирои пас гаштанашро фароҳам кунад. Чи азобҳое намекашанд, аммо чун ба Ватан баргаштанд, якбора худро шоҳу табъро вазир гирифта, дастро ба оби хунук намезананд ва танҳо корашон шикоят аз набудани ҷойи корист. Ин ҳам як навъ “номуси дурӯғин” аст, ки бояд қолабаш шикаста шавад ва ҷомеа дар рӯҳияе тарбия карда шавад, ки аз меҳнат ба таври худфиребдиҳӣ “ор” ва танбалиро пушти чунин баҳонаҳо пинҳон насозанд.
Чуноне Пешвои муаззами миллат санаи 18 июни соли равон зимни вохурӣ бо роҳбарону фаъолони вилояти Хатлон дар ноҳияи Данғара таъкид намуданд: “Дар шароити имрӯза тамоми мардуми Тоҷикистон, пеш аз ҳама, кишоварзон ва ҳар як оиларо зарур аст, ки ба истифодаи самараноки обу замин, аз ҷумла заминҳои наздиҳавлигиву президентӣ ва дар заминҳои обӣ ҳатман ба роҳ мондани кишти такрорӣ диққати аввалиндараҷа диҳанд. Бинобар ин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла вилояти Хатлонро зарур аст, ки барои сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили ғалладона чораҷӯӣ намуда, кишти такрориро бештар аз ҳисоби картошка, шолӣ, маккадон ва лӯбиёгиҳо васеъ ба роҳ монанд... Бори дигар таъкид менамоям: ҳоло, ки фурсат ҳаст, яъне мавсими фаровонист, тамоми мардуми кишвар, ҳамаи ташкилоту муассисаҳо ва ҳар як оила бояд дар фикри таъминоти худ бошанд, ҷиҳати ҳарчи бештар истеҳсол кардани маҳсулот ва барои ду сол захира намудани маводи зарурии ғизоӣ ҳамаи чораҳои заруриро андешанд, то ки дар фасли тирамоҳу зимистони дарпешистода танқисиву муҳтоҷӣ накашанд”.
Ҳамаи ин тадбирҳои дурандешонаи Пешвои муаззами миллат ба таъмини зиндагии шоистаи мардум равона шудаанд ва барои даст ёфтан ба ин ниятҳои нек бояд аҳлона ва содиқона заҳмат кашем.
Инчунин, ба дарки мардум, бахусус деҳқонону масъулини соҳаи кишоварзӣ расонидани нуктае, ки: вазифаи онҳо ин ғанӣ гардонидани бозорӣ истеъмолӣ аст ва ҳамин чиз нақши онҳоро дар татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии давлату Ҳукумати кишвар – ҳифзи амнияти озуқаворӣ муайян менамояд. Дар ин замина деҳқон метавонад ба фурӯши маҳсулоти деҳқонии худ бе миёнарав машғул шуда, даромадашро боз ҳам бештар кунад.
Дар айни замон деҳқонӣ кори ниҳоят даромаднок аст. Масалан, тибқи маълумоти Раёсатикишоварзии шаҳри Кӯлоб аз 1 га замин аз коштани пахтато ҷамъоварии ҳосили он, ба ҳисоби миёна то 15ҳазор сомонӣ харҷ мешавад. Ҳосили пахта аз заминҳои зархези мо аз 1 га замин камаш то 3 тонна, яъне 30 сентинерро ташкил дода, нархи 1 кг он ба 15 сомонӣ баробар аст. Яъне арзиши пахта аз 1 га замин ба 45 ҳазор сомонӣ баробар аст, ки фоидаи софи он тақрибан 30 ҳазор сомонӣ мебошад. Ин нишондоди камтарин аст.
Ана дар ҳамин 1 га замин агар боз картошка корида шавад, ба ҳисоби миёна 16тонна ҳосил ғундоштан мумкин, ки агар бо нархи яклухт 4сомонӣ ҳам нархгузорӣ шавад, 64 ҳазор сомонӣ арзиш дорад ва аз ин тақрибан беш аз 30-35 ҳазорсомониаш фоидаи соф аст.
Агар боз маҳсулоти полезӣ кошта шавад, масалан, тарбуз, аз 1 га замини лалмӣ камаш 30-40 тонна ҳосил ғундоштан мумкин, ки ба ҳисоби камтарин 50 дирам барои як килограмм яклухт фурӯшем 15-20 ҳазор сомониро ташкил медиҳад ва агар 5 ҳазор сомониашро ҳам хароҷот ҳисоб кунем 10-15 ҳазор сомонӣ фоидаи соф ба даст меояд.
Агар дар ҳамин заминҳо ба сифати кишти такрорӣ лубиёдонагиҳо (аз ҷумла мош, лубиё, нахуд, наск ва ғайра), ё ҷуворимака барои дон ва хуроки сабз, шолӣ, офтобпараст, гунҷид, чормағзи заминӣ, полезиҳо, картошка, забзавот (сабзӣ, бодиринг, помидор, карам...) ва монанди инҳо кишт намоем, аз як гектар замин то 20-25 ҳазор сомонии дигар фоида ба даст меояд ва аз он ҳисоб захираи дусола низ таъмин мегардад.
Дар маҷмуъ, аз се-чор ҳосил танҳо дар 1 га замин чанд маротиб даромади соф гирифтан мумкин аст, ки ин дар баланд шудани сатҳи зиндагӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ нақши калон бозида, масъалаи пурра ба ҷойи кор таъмин шудани аҳолӣ низ ҳал карда мешавад.
Бо назардошти ин, ба аъзои гурӯҳи корӣ, ки аз ҳисоби роҳбарияти шаҳр, ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ, олимони соҳаи кишоварзӣ, иттиҳодияҳои эҷодӣ ва фаъолони ҷомеа таркиб ёфтаанд, тавсия дода мешавад, ки:
Ø Оммаи васеи ҷомеаро бо ҷалби мутахассисони соҳа ба истифодаи самараноки ҳар як қитъа замини корам ташвиқ намуда, дар ин самт дастурамалҳои тавсиявӣ (заминро ба кишт чи тавр омода кардан, кадом намуди зироатро кай, чи хел кошта, чи тавр парварда, ҳосилашро ғундоштан ва монанди инҳо) дар шакли мақола ва ё китобчаҳо нашр намоянд;
Ø Ба дарки мардум расонидан, ки аз рафтан ба муҳоҷирати меҳнатӣ, ки фарзандони ҷавону камтаҷрибаи мо дар он ҷо ба садҳо мушкилот дучор шуда, ҳатто қурбони дасисаҳои гурӯҳҳои ифротӣ мегарданд, беҳтар аст дар Ватани худамон ба кори деҳқонии пурдаромад ҷиддӣ машғул шуда, ҳам ба худу оилаашон ва ҳам ба ҷомеа манфиат биёранд;
Ø Дар якҷоягӣ бо мақомотӣ дахлдори назоратӣ мардумро ба он ташвиқ намоянд, ки ягон ваҷаб замин бекор намонад ва махсусан аз заминҳои хоҷагии қишлоқ (тибқи тартиби муайяншудаи таркиби кишт) камаш се ҳосил бардошта шавад;
Ø Диққати ҷомеаро ба даромаднокии кори деҳқонӣ ҷалб намуда, дар замири ҷавонон фарҳанги заминдорӣ ва ҳаваси кор дар ин самт бедор карда шавад ва ғайра.
Агар мо ба дурустӣ андеша кунем, манбаҳои таъмини амнияи озуқаворӣ ва таъсиси ҷойи кор дар Тоҷикистон, аз ҷумла шаҳри Кӯлоб фаровонанд ва захираҳои моддиву имкониятҳои мавҷуда барои ҳамаи сокинон шароити хуби кору фаъолиятро дар самти истифодаи босамари замин фароҳам овардааст.
Мо фаъолон ва шахсони масъул дар ин самт бояд пешоҳангу раҳнамои мардум бошем ва корро аз заминҳои хоҷагӣ, идоравӣ ва наздиҳавлигии худ оғоз намоем. Боварии комил дорем, ки бо талошу меҳнати софдилонаву содиқона ва нангу номуси ватандорӣ таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин ва дигар самтҳои рушди хоҷагии халқ ба музаффариятҳои нав ба нав ноил мегардем.
Орзу ҲАМИДИЁН, муовини раиси шаҳри Кӯлоб оид ба маънавиёт.
Баъди ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба ихтилофоти миёни тоҷикон ҷанги шаҳрвандӣ хотима гузошта шуд. Миллати сарбаланди тоҷик 27 - июнро ҳамасола ҳамчун Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо тантана ҷашн мегиранд. Шукр, ки мардуми Тоҷикистон давоми 25 сол муқаддам дар фазои сулҳу осоиштагӣ зиндагӣ ва фаъолият менамояд.
Дар доираи чорабиниҳои идона бахшида ба ин санаи таърихӣ Корвони Сулҳу Ваҳдат дар Шоҳроҳи Ваҳдат” ба шаҳри Кӯлоб расид. Маврид ба ёдоварист, ки Раёсати фонди миллии “Шоҳроҳи Абрешим - Шоҳроҳи Ваҳдат ва дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон созмон ёфтааст.
Ин навбат V - умин Корвони Сулҳу Ваҳдат дар Шоҳроҳи Ваҳдат ба шаҳри Кӯлоб ташриф овард.
Ҳайати корвонро дар даромадгоҳи шаҳр муовини раиси шаҳри Кӯлоб Орзу Ҳамидиён ва дигар шахсони масъул истиқбол гирифтанд.
Нахуст, меҳмонон аз Муассисаи давлатии “Муҷтамаи ҷумҳуриявии осорхонаҳои Кӯлоб” боздид намуда, аз таърих ва фарҳанги қадимаи Кӯлоби бостонӣ огаҳӣ пайдо намуданд.
Дар идомаи сафар меҳмонон Оромгоҳи орифи номдори Машриқзамин Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуда, аз осорхонаи ин мутафакири бузург дидан намуданд.
Иштирокчиён аз тамошои чунин осорхонаҳо рӯҳу илҳоми тоза гирифта, барои фароҳам овардани чунин имконияту шароитҳо ба масъулон изҳори миннатдорӣ баён намуданд.
Бахши матбуотии МИҲД-и шахри Кӯлоб