Дар доираи робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон муносибатҳо байни вазорату идораҳои соҳавӣ густариш ёфта, табодули таҷрибаи мақомоти давлатии тарафҳо ба анъана даромадааст.
Дар ин замина санаи 30 июни соли равон ҳайати Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳти роҳбарии муовини якуми вазири шуғл ва муносибатҳои меҳнатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Муҳитдинов Эркин Мадорбекович, ҳамчунин мушовири пешбари Маъмурияти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, сардорони сохторҳои Вазорати шуғл ва муносибатҳои меҳнатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба шаҳри Кӯлоб ташриф оварданд.
Ҳайати меҳмононро дар даромадгоҳи шаҳр раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр ва дигар шахсони масъул самимона пешвоз гирифтанд.
Нахуст, меҳмонон Оромгоҳи орифи номдори Машриқзамин Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуда, аз осорхонаи ин мутафаккири бузург боздид намуданд.
Баъдан, бо ҳузури ҳайати меҳмонони Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ Кӯлоб мулоқот оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ бо раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр баргузор гардид.
Дар идома меҳмонон аз Муассисаи давлатии техникии Литсейи касби техникии сохтмонии ҷамоати деҳоти Даҳанаи шаҳри Кӯлоб боздид намуда аз шароит ва буду боши ин муассиса аз наздик шинос шуданд.
Зимни боздид аз муассисаи мазкур табодули таҷрибаи тарафҳо дар самтҳои танзими муносибатҳои меҳнатӣ, касбомӯзӣ, шуғли аҳолӣ ва таҳсилоти касбӣ сурат гирифт.
Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб
Бахшида ба 25- умин солгарди ҷашни Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Кӯлоб бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва бо ҷалби соҳибкорони ватанӣ як қатор иншоотҳои иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Бо иштироки раиси шаҳр ва муовини раиси вилояти Хатлон Файзуллозода Заробуддин дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Кӯлоб, нуқтаи ултрасадо ва ташхисию табобатии амрози занона, аз ҷониби соҳибкор Анварбӣ Қонунова ба истифода дода шуд.
Тибқи маълумотҳои дастрасгардида сохмони нуқтаи мазкур аз ҳисоби манзили истиқоматии соҳибкор ва қисмати пеши он аз масолеҳи сабуки васлшаванда дар муддати кутоҳ ба истифода дода шуда, айни замон дар он 4 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.
Дар иншооти мазкур таҷҳизотҳои муосир насб карда шуда, инчунин табибони собиқадор ба кор ҷалб карда шуданд.
Инчунин, дар ҷамоати деҳоти Кӯлоб, деҳаи Обшорон аз ҷониби фармоишгар ҶДММ “Махсус” коргоҳи сангу шағал ба истифода дода шуд. Дар коргоҳи мазкур таҷҳизотҳои эронӣ истифода гардида, 8 нафар бо ҷойи кор таъмин гардиданд.
Ҳамчунин, дар Ҷамоати деҳоти Зиракӣ, деҳаи Бахтобод низ коргоҳи сангу шағал, бо ҷалби соҳибкор Исохонов Каримхон, мавриди истифода қарор дода шуд, ки дар он 8 нафар ба ҷойи кор таъмин шуданд.
Дар Ҷамоати деҳоти Зарбдор бошад бинои ошхонаи №1-и хоҷагии “Хатлон”-и шаҳри Кӯлоб бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, фармоишгари он Маркази ҳамоҳангсозии лоиҳаҳо оид ба таҷдид ва рушди иншооти инфраструктураи иҷтимоӣ мебошад.
Иттилоъ дода шуд, ки дар иншооти мазкур сохтмончиёни маҳаллӣ ҷалб гардида, корҳои сохтмонӣ дар сатҳи зарурӣ иҷро гардидааст. Дар ошхонаи мазкур имкон фароҳам шудааст, ки дар як баст 85 нафар қабул кунад.
Қобили зикр аст, ки дар идомаи корҳои ободониву бунёдкорӣ бо иштироки муовини раиси шаҳри Кӯлоб Орзу Ҳамидиён ва намояндагон аз Федератсияи Россия дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Кӯлоб маркази ташхисию тиббии “Гемотест”, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Маркази мазкур аз ҷониби “Гемотест-Тоҷикистон” дар ҳамкорӣ бо “Гемотест- Россия” ба таври замонавӣ бунёд гардида, дар он таҷҳизотҳои муосир насб карда шудааст. Бояд гуфт, ки дар марказ 3 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.
Дар доираи тадбирҳои созандагиву бунёдкорӣ дар маҳаллаи Борбад низ Маркази ташхисию тиббии “Гемотест- Тоҷикистон” дар ҳамкорӣ бо “Гемотест- Россия” бо тарҳи муосиру замонавӣ бунёд гардида, 3 нафар ба ҷойи кори доимӣ таъмин шуд.
Дар пайи хамингуна амалу ташаббусхои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷмуҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳибкорони шаҳри Кӯлоб ният доранд, ки ба ифтихори ҷашни бузурги миллӣ 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳила ба марҳила иншоотҳои гуногунро сохта, мавриди истифода қарор диҳанд.
Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб
Боиси тазаккур аст, ҳамасола дар кишвари биҳиштосоямон Тоҷикистон ҷашни Ваҳдати миллӣ бо тантана таҷлил карда мешавад.
Бо ин мақсад санаи 27 июни соли равон ин ҷашни фархундаро дар шаҳри Кӯлоб бо шукӯҳу шаҳомат истиқбол намуданд.
Дар ин чорабинии бошукӯҳ раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, зиёиён, собиқадорони ҷангу меҳнат ва дигар ашхоси касбу кори гуногун иштирок доштанд.
Нахуст, Роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб суханронӣ намуда, тамоми сокинони шаҳри Кӯлобро ба фарорасии 25 солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ тарику муборакбод намуд.
Қайд намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин масъала дахл ва таъкид намуданд, ки “Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар таърихи навини давлатдории мо дастоварди бузург ва муқаддас мебошад. Зеро ин санаи муқаддас ҳамчун намунаи иттиҳоду ягонагии миллат заминаи бунёдии вусъат ёфтани корҳои ободонии Ватани азизмон- Тоҷикистонро фароҳам овардааст”.
Дар идомаи чорабинӣ, Раҳмонзода Шарифхон, раиси суди шаҳри Кӯлоб, Шоири Халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғойиб, Шоираи Ваҳдатсаро Хосият Вализода, собиқадори меҳнат Абдуҷаббор Зардиев, Директори Телевизиони Кӯлоб Бозорзода Сафаралӣ суханронӣ намуда,Вахдатро — бехтарин неъмат, хаёти инсон, орзуву армон, тахкими давлат, начоти миллат, рушди точикон, нумӯи даврон, хастии инсон арзёбӣ намуданд.
Сипас, як қатор собиқадорони меҳнат барои саҳми арзанда гузоштан дар таҳкими ваҳдати миллӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, ва тағби арзишҳои олии ватандӯстӣ бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб қадрдонӣ карда шуданд.
Дар охири чорабинии бошукуҳ бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва ҳунармандони гуруҳи “Ғарибшо-кампания” барои болидарӯҳии иштирокчиён барномаи омоданамудаи хешро пешниҳод намуданд.
Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб
Ҳамдиёрони азиз!
Имрӯзи Ваҳдати миллии мардуми Тоҷикистон 25- сола шуд. Ба ин муносиб Шумо ва мардуми ғаюри сарбаланди шаҳру деҳоти Кӯлобро самимона табрик гуфта, бароятон саломатӣ, саодати рӯзгор ва сулҳу ваҳдати абадӣ орзумандам.
Ҳар як халқу миллат дар таърихи худ руйдодҳое дорад, ки онҳоро дар солномаҳояш ба хатҳои заррин сабт намудааст. Албатта, мардуми тоҷик ҳам аз ҳумраи онҳо буда, санаҳои муқаддаси худро соҳиб аст. Дар миёни мардуми мо Рӯзи Ваҳдати миллӣ махсусан иди бузург маҳсуб меёбад ва ҳоло 25-умин солгарди онро таҷлил карда истодаем.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин масъала дахл ва таъкид намуданд, ки “Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар таърихи навини давлатдории мо дастоварди бузург ва муқаддас мебошад. Зеро ин санаи муқаддас ҳамчун намунаи иттиҳоду ягонагии миллат заминаи бунёдии вусъат ёфтани корҳои ободонии Ватани азизмон- Тоҷикистонро фароҳам овардааст”.
Барои насли калонсол, ки худ солҳои мудҳиши ҷанги шаҳрвандиро пушти сар кардааст ва оқибатҳои хунини даҳшатбори онро бо чашмонаш дидааст, ҷиҳати ташвиқу тарғиби сулҳу субот ягон эҳтиёҷот нест. Вале баҳри насли ҷавону ояндасози Тоҷикистон, ки аз нақли падару бародар ё дигар сарчашмаҳо аз ин ҷанги хонумонсӯз огаҳӣ ёфтанду меёбанд, дар хусуси таърихи начандон дури Ватан ҳарф задан, хизматҳои бузурги Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ёдрас шудан, фикр мекунам зарурияти замон аст.
Ҳамин тариқ ҷанги таҳмилии шаҳрвандии солҳои 90-уми қарни гузашта натанҳо пояҳои давлатдории кишварро хароб карда буд, балки агар пеши роҳи он гирифта намешуд, имкон дошт Тоҷикистонро пора-пора ва аз ҳама мудҳиштараш аз харитаи сиёсии ҷаҳон нест кунад. Яъсу ноумедӣ он қадар ҷомеаро фаро гирифта буд, ки аксарият ба фардои нек, боварӣ надоштанд. Ҳамин ҳолатро дида, шоири бедордили миллат Ашӯр Сафар бо ҳазор сӯзу гудоз гуфта буд:
Як бори дигар ханда ба лаб мешуда бошад,
Дар кишвари ғам базму тараб мешуда бошад.
Ба бахти мардуми тоҷик дар Иҷлосияи XVI-уми тақдирсози Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қудрати сиёсӣ ба дасти Эмомалӣ Раҳмон гузашт. Пешвои муаззами миллат аз лаҳзаҳои аввалини давлатдорӣ, ба даст оварданаи сулҳу суботро масъалаи марказии фаъолияти хеш қарор доданд ва барои расидан ба ин ҳадаф чӣ ҷонбозиҳо ва чӣ гузаштаҳое накардаанд. Билохира заҳматҳои шабонарӯзии Ҷаноби Олӣ самараи нек ба бор оварданд ва рӯзи 27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскави Федератсияи Россия Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. Аз ҳамон рӯзу сол ин санаи муқаддас ҳамчун рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷашн гирифта мешавад. Бинобарин бо дили пур мегӯем, ки, , Президенти кишваар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон мебошанд ва маҳз бо туфайли ин абармарди дунёи сиёсат инак 25 сол аст, ки халқи тоҷик ва тоҷикистониён дар фазои сулҳу суботи комил умр ба сар бурда, ба корҳои ободонию созандагӣ машғул ҳастанд.
Барқарор шудани сулҳу субот имкон дод, ки ҳаёти осоишта ҷараён бигирад ва давлату ҳукумат таҳти сарварии фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нигоҳи худро пурра ба ҳалли масъалаҳи дохилӣ равона намуда, роҳҳои минбаъдаи тараққиёту такмили мамлакат кушода шавад. Мардум дар ҳамбастагии зич бо Роҳбарияти Олиии мамлакат ба корҳои ободонию созандагӣ сафабар гардида, дар як муддати кутоҳ қуллаҳои баланди муродро фатҳ намояд. Барномаҳои хеле калони рушди соҳаҳои мухталифи иқтисодиёту иҷтимоиёт таҳияву тасдиқ ба тадриҷ амалӣ карда шаванд. Ҳазор корхонаҳои хурду миёна ва бузург, иншоотҳои муҳими инфрасохторӣ сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор бигиранд.
Хулоса рушди ҳамаҷонибаи мамлакат таъмин гардад ва дараҷаи некуаҳволии мардум сол аз сол боло равад. Дастоварду муваффақиятҳо, он қадар зиёду бузурганд, ки агар онҳоро феҳрист кунанд, ҷилд-ҷилд китобҳо таълиф мешаванд.
Гуфтаҳои боло далели онанд, ки гарави ҳамагуна пешравиҳо сулҳу ваҳдат ва суботи сиёсӣ аст. Аз ин рӯ, вазифаи ҳар як фарди ин ҷомеа аст, ки ин неъматҳои бебаҳоро чун гавҳараки чашм эҳтиёт кунанд ва нагузорад, ки касе онҳоро халалдор намоянд. Ҳамчунон, ки шоир фармудааст:
Хуни дил хӯрдем то ваҳдат ба даст овардаем,
Аз шикастанӣ, дасти ваҳдатро нигаҳ дорад Худо.
Бори дигар 25 – умин солгарди иди Впҳдати миллиро ба ҳамагон табрику таҳниян гуфта, бароятон рӯзгори пурфайзи баракат ва сулҳу созгории абадӣ таманно дорам.
Иди Ваҳдати миллӣ муборак!