Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба қабул ва муроҷиати шаҳрвандон санаи 23 сентябри соли 2022 дар толори маҷлисгоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19-и ҷамоати деҳоти Зиракии шаҳри Кӯлоб қабули сайёри шаҳрвандон аз ҷониби муовини якуми раиси вилояти Хатлон Салимзода Амонулло   баргузор гардид.

       Ҳамчунин дар қабули мазкур муовинони раиси шаҳри Кӯлоб, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва дигар шахсони масъул ширкат доштанд.

       Нахуст муовини якуми раиси вилояти Хатлон Салимзода Амонулло    оид ба фаъолияти рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Кӯлоб ибрози андеша намуд. Зимни суханронӣ ба масъулони шаҳр ҷиҳати омодагӣ ба давраи зимистони соли 2023, обуна ба рӯзномаҳои чумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳрӣ, даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳо масъулонро муваззаф намуд.

       Бояд қайд кард, ки дар қабули мазкур 9 нафар сокинон оид ба масъалаҳои гуногун аз ҷумла сохтмони биноҳои иловагӣ дар муассисаҳои таълимӣ, таъмини оби нушокӣ ва полезӣ, таъмири роҳҳо ва дигар масъалаҳо муроҷиат намуданд.

       Баъд аз шунидани арзи ҳар як сокини ҷамоат, аз тарафи муовини раиси вилоят ба ҳар як масъули ташкилоту идораҳо доир ба иҷроиш ва таъмини ин масоили мавҷуда дар муҳлатҳои муайян   супоришҳои мушаххас дода шуд.

 Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб

Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP