Дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлисгоҳи дастгоҳи раиси вилояти Хатлон дар шаҳри Кӯлоб вохӯрии Прокурори вилояти Хатлон, мушовири адлияи дараҷаи 1 Авазҷон Назарзода, раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр ва намояндаи қароргоҳи раиси вилояти Хатлон дар шаҳри Кӯлоб Неъматзода Рустам бо иштироки васеъи сокинон, тамоми фаъолони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб бахшида ба 30-юмин солгарди Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” доир гардид.
Дар оғоз раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр ҳозиринро ба ифтихори 30-юмин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош намуда, изҳор доштанд, ки бо ташаббуси созанда ва роҳнамунсози Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо дар тамоми гӯшаву канори мамлакат дар фазои сулҳу оромии кишвар 30-юмин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардида истодааст, ки ин аз баланд будани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон гувоҳӣ медиҳад.
Дар идома таъкид гардид, ки маҳз бо қабул гардидани ин ҳуҷҷати тақдирсоз, миллати соҳибватани мо боз ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Зимнан изҳор доштанд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 28 декабри соли 2023 пешниҳод намуданд, ки соли 2024 "Соли маърифати ҳуқуқӣ" эълон карда шавад. Бо Фармони Президенти мамлакат таҳти рақами 668 аз 30 декабри соли 2023, соли 2024 "Соли маърифати ҳуқуқӣ" эълон гардид.
Мебояд тазаккур дод, ки ҳар як иқдом ё ташаббус барои расидан ба ягон матлаб ба миён меояд. Ҳадаф аз эълон гардидани соли 2024 "Соли маърифати ҳуқуқӣ" ин баланд бардоштани савияи дониши ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад. Кишварҳое, ки бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ ва ҳуқуқбунёдро пеша кардаанд, баланд бардоштани савияи донишҳои ҳуқуқии шаҳрвандонро вазифаи аввалиндараҷаи худ донистанд. Тоҷикистон ҳам дар ин миён наметавонад истисно бошад. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми болозикрашон таъкид намуданд, ки баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ омили асосии эъмори давлати ҳуқуқбунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад.
Дар доираи "Соли маърифати ҳуқуқӣ" дар давраи сипаришудаи соли равон якчанд вохӯриҳову мулоқотҳо бо мутахассисони варзидаи соҳаи ҳуқуқи ҷумҳурӣ анҷом дода шуд ва имрӯз Прокурори вилояти Хатлон, мушовири адлияи дараҷаи 1 Авазҷон Назарзода тасмим гирифтааст, ки бо мову шумо вохӯриву мулоқот анҷом дода, атрофи паҳлӯҳои алоҳидаи Конститутсия ва қонунгузориҳои амалкунанда сӯҳбат намоянд ва боварӣ дорем, ки ин вохӯрӣ ҳадафмандона буда, боз ҳам сатҳи дониши ҳуқуқии шаҳрвандон боло бурда мешавад.
Зимни баромади худ Прокурори вилояти Хатлон, мушовири адлияи дараҷаи 1 Авазҷон Назарзода дар оғоз таъкид доштанд, ки ҷамъ шудани тамоми масъулини соҳаҳои гуногуни ҷомеа ин аз баланд будани сатҳи дониши ҳуқуқии шаҳрвандон ва эҳтироми онҳо нисбати Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ҳамзамон иброз гардид, ки вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳон нишон медиҳад, ки бояд ҳар як сокини Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иродаи қавии ватандорӣ, ҳувияти миллӣ ва ҳифзу эҳтироми арзишҳои милливу давлатдорӣ баҳри таҳкими истиқлолу озодӣ масъулияти аввалиндараҷа дошта бошад. Бахусус насли наврасу ҷавон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва нерӯи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ дошта, парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва мамлакати муқаддасамон бошанд”.
Дар идомаи вохӯрӣ иброз гардид, ки Тоҷикистон аз соли 1929 то имрӯз, 5 маротиба, солҳои 1929, 1931, 1937, 1978 ва 1994 Конститутсия қабул кардааст. Конститутсияи амалкунанда аз конститутсияҳои гузашта куллан фарқ дошта, меъёрҳои он мустақиман амал намуда, ба талаботи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад.
Чи гунае, ки ба мо маълум аст, санаи 10 декабри соли 1948 аз ҷониби Ассамблеяи генералии Созмони Миллали Муттаҳид Эъломияи ҳуқуқи башар қабул гардидааст, ки иҷрои он барои ҳама давлатҳои аъзои СММ ҳатмӣ мебошад.
Меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 ноябри соли 1994 ба стандартҳои байналмилалии ҷаҳонӣ ҷавобгӯ буда, аз меъёрҳои Эъломияи ҳуқуқи башар сарчашма гирифтааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули Конститутсия роҳу раванди сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиро пурра муайян намуд. Ба дигар маъно, халқи тоҷик бо Роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақдирашро ба дасти хеш навишт ва ба сӯи ояндаи дурахшон устуворона гом мезанад.
Таъкид гардид, ки мақсади гузарондани вохӯрии мазкур пешгирӣ намудани шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб, тарғиби либоси миллӣ, ҳамзамон риоя ва иҷрои қонунҳои амалкунандаи Ҷумуҳурии Тоҷикистон мебошад.
Инчунин дар ин вохурӣ доир ба мафҳуму моҳияти маърифати ҳуқуқӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон, зарурияти санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, зарурияти риояи бечунучарои талаботҳои қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, моҳияти терроризму экстремизм, ҳадафҳои ғаразноки ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон, муҳоҷирон ба гурӯҳҳои ғайриқонунӣ, истифодаи дурусти телефонҳои мобилӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар масъалаҳои мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар охири ҷамъомад ҳозирин фикру андешаҳои худро дар бораи экстремизм ва терроризм, шомилшавии иддае аз ҷавонони аз илму маърифат дарканормонда ба гурӯҳҳои ифротгаро баён дошта, аз аҳли толор даъват ба амал оварданд, ки дар чунин вазъият бо дарки масъулияти баланди таърихӣ ва рисолати шаҳрвандӣ мо вазифадорем, ки истиқлоли миллӣ ва осоиштагии ҷомеаи худро аз чунин омилҳои хатарзо ва таъсири қувваҳои моҷароҷӯ эмин нигоҳ дорем.
Дар интиҳои вохӯрии мазкур роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҷиҳати роҳандозӣ намудани чунин вохӯрии судманд ба Прокурори вилояти Хатлон изҳори сипос намуда, изҳор доштанд, ки ҳар як сокини кишвар аз ҷумла сокинони шаҳри Кӯлоби бостонӣ ҷиҳати амалӣ гардидани сиёсати созандаву бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон содиқонаву софдилона хизмат менамоянд.
Бахши бойгонӣ-матбуотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб