dv id="«r32o»" " " ">"
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ дар қатори бахшҳои иқтисоду иҷтимоиёт, фарҳанг, сиёсати давлатии ҷавонону занон,таъмини волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ, муқовимат бо терроризму экстремизм, самаранокии бозори меҳнат ва дигар масъалаҳои ниҳоят муҳими сиёсати дохилию хориҷии Тоҷикистон ба масъалаи илм ва маориф диққати аввалиндараҷа дода, дурнамои як соли ояндаи кишварро муайян намуданд. Пешвои муаззами миллат таъкид сохтанд: “Ман аз рӯзҳои аввали роҳбарии худ ба масъалаи илмумаориф эътибори доимӣ ва аввалиндараҷа медиҳам, зеро маориф асоси бунёди ҷомеаи навин ва пешрафти давлатумиллат маҳсуб меёбад”.
Гуфтаҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз он далолат мекунад, ки таҳсилоти томактабӣ яке аз самтҳои афзалиятноки соҳаи маориф маҳсуб ёфта, аз ҷониби роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам дастгирӣ меёбад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 2010 дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ (24.04.2010) таъқид намуда буданд: «Имрӯз вақти он расидааст, ки ба зинаи аввали низоми маориф, яъне тарбияи томактабӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шавад, зеро дар муассисаҳои тарбияи томактабӣ хиштҳои нахустини бинои шахсият ва ҷаҳонбинии инсон гузошта мешаванд».
Дар даврони соҳибихтиёрии кишвар бо мақсадибарқарор намудани муассисаҳои томактабӣ ва рушдиминбаъдаи онҳо бо ташаббуси Пешвои миллат як қаторсанадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул ва дастраси муассисаҳоитомактабӣ гардонида шуданд. Бори аввал дар мамлакатҚонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таълиму тарбияитомактабӣ» (аз 28.12.2013, №1056) қабул гардид, кизаминаҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва иқтисодии рушди соҳаитомактабиро муайян менамояд.
Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии кишвар (24.04.2010) воқеъбинона дарҷ намудаанд дар самти таҳсилотитомактабӣ аз имкониятҳои бахши хусусӣ ҳанӯз ба таври лозимӣ истифода бурда намешавад. Вобаста ба ин, Президенти кишвар дар Паёми соли 2015 (23.01.2015) Вазорати маориф ва илм, мақомоти иҷроияи ҳокимиятидавлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро вазифадор карда буданд, ки бо ҷалби имкониятҳои ташкилоту созмонҳоиғайриҳукуматӣ, бахши хусусӣ ва шахсони эҳсонкор доир ба таъсиси шаклҳои алтернативии муассисаҳои томактабӣ, таъмиру таҷдид ва таҷҳизонидани онҳо тадбирҳои муассирандешанд.
Дар самти рушди муассисаҳои томактабии хусусӣ боқарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2014, №295 Барномаи давлатии рушди муассисаҳоитомактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2014-2020 тасдиқ гардида буд, ки самтҳои асосии рушд ватадбирҳои дастгирии давлатии рушди соҳибкории хусусиродар самти ташаккул ва рушди муассисаҳои томактабиихусусӣ муайян менамуд. Тибқи Барномаи мазкур дар давомисолҳои 2014-2018 бояд 675 муассисаҳои таҳсилотитомактабии хусусӣ ташкил карда мешуд. Аз рӯи маълумотишуъбаи иттилоотии низоми идоракунии Вазорати маориф ваилми Ҷумҳурии Тоҷикистон, масалан, соли 2019 дар ҷумҳурӣ 60 маркази хусусии инкишофи кӯдак бо фарогирии1551 ва 153 муассисаи томактабии хусусӣ фаъолиятменамоянд.
Тавре медонем дар кишварамон бо ба даст омаданиистиқлоли давлатӣ ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба амаломада, он дар баробари дигар соҳаҳо, ба соҳаи таҳсилотитомактабӣ низ таъсири манфии худро расонид. Пас аз истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ бо дастгирии ҲукуматиҶумҳурии Тоҷикистон шумораи муассисаҳои таҳсилотитомактабӣ ва фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои мазкуртадриҷан меафзояд.
Масалан, соли 2020 теъдоди муассисаҳои таҳсилотитомактабӣ дар ҷумҳурӣ ба 636 адад расида, дар онҳо 96578 кӯдак таълиму тарбия мегирифтанд, ки дар муқоиса бо соли 2017-ум 21 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва 3525 нафаркӯдак зиёд буд.
Дар маҷмуъ, тайи солҳои соҳибистиқлолӣ тавре дар Паёми имсола (28.12.2024) Пешвои миллат арз доштанд дар кишвар 262 муассисаи томактабӣ сохта, ба истифода дода шуд.
Агар дар муассисаҳои томактабӣ дар соли 2013 даҳфоизи кӯдакони синни томактабӣ тарбият мегирифтанд, дар соли таҳсили 2017-2018 фарогирии кӯдакони синнитомактабӣ 14,5 фоиз, аз ҷумла дар Вилояти МухториКӯҳистони Бадахшон 35 фоиз, вилоятҳои Хатлон 9 фоиз, Суғд 14,6 фоиз, шаҳри Душанбе 26,2 фоиз ва шаҳруноҳияҳои тобеи марказ 8,3 фоизро ташкил медод.
Бо вуҷуди корҳои то имрӯз дар соҳаи маорифамалигардида, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонзимни ироаи Паёми имсола (28.12.2024) ба Ҳукуматимамлакат, Вазорати маориф ва илм ва роҳбарони мақомотииҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш доданд, кибо дарназардошти афзоиши аҳолӣ ва зиёд гардиданишумораи кӯдакону наврасон тадбирҳои мушаххасандешанд. Яъне дар панҷ соли оянда бо истифода аз ҳамаисарчашмаҳои маблағгузорӣ ва бо дарназардошти ҳадафигузошташуда барои фарогирии 50 фоизи кӯдакони синнусоли томактабӣ бунёди 800 муассисаи таҳсилоти томактабротаъмин намоянд. Роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар панҷ соли оянда, бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ, бароидар ҳар як маҳалли аҳолинишин, ки 100 оила зиндагӣмекунад, ҳатман бунёд кардани як муассисаи томактабӣтадбирҳои зарурӣ андешанд.
Мо кормандони соҳаи маориф дар таҷрибаи худ дарк намудаем, ки яке аз омилҳои баланд гардидани сифатитаълиму тарбия таъмини муассисаҳои таълими томактабӣбо кадрҳои соҳибтахассуси педагогӣ ба шумор меравад. Бо шарофати соҳибистиқлолии Тоҷикистон масъалаитаъминоти кадрӣ дар муассисаҳои таҳсилоти томактабиикишвар махсусан дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлонтадриҷан ҳалли худро ёфт.
Хуллас, аз таҳлилҳо бармеояд, ки роҳбарияти давлатбо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо ба инкишофизинаи таҳсилоти томактабӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, ҷиҳати рушду нумуи минбаъдаи он дар «Барномаи давлатиирушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонбарои солҳои 2020-2025» (аз 22.06.2019, № 316) чунинсамтҳо афзалиятнок шуморида мешаванд:
- зиёд намудани муассисаҳои томактабии давлатӣ;
- сохтмони бинои нави муассисаҳои томактабӣ;
- таъмиру таҷдид ва зиёд намудани ҷойҳо дар муассисаҳои томактабии амалкунанда;
- таъсиси муссисаҳои томактабӣ дар заминаи биноикӯҳнаи муассисаҳо, ки соҳиби бинои нав мешаванд;
- бунёди низоми марказҳои кӯмаки машваратӣ ваметодӣ барои оилаҳое, ки кӯдакони синну соли томактабиро дар хона тарбия менамоянд.
Хушбахтона айни замон дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб теъдоди муассисаҳои томактабӣ рӯ ба афзоиш буда дар давраи амалишавии «Барномаидавлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар ҶумҳурииТоҷикистон барои солҳои 2020-2025» тамоми муассисаҳои томактабии ҳудуди шаҳри Кӯлоб аз таъмири ҷорӣ ва асосӣ бароварда шуданд. Махсусан дар Муассисаи томактабии №1-и шаҳри Кӯлоб дар давраи замистон тамоми ҳуҷраҳои кӯдакона аз таъмири ҷорӣ бароварда шуда бо навтарин таҷҳизоти зарурӣ барои таълиму тарбияи кӯдакон муҷаҳҳаз гардонида шуданд. Барои фасли тобистон бошад бозҳам шароити зарурӣ барои давраи гармӣ фароҳам оварда шуда тамоми долонҳои наздиҳавлигии ҳудуди муассиса таъмиру таҷдид гардиданд, майдончаҳои бозии кӯдакон дар ҳудуди муассиса бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин гардиданд, мизу курсиҳои наву замонавӣ барои кӯдаконе, ки ба мактаби мераванд таъмин гардида аз ҳисоби кадрҳои баландихтисос ба онҳо дарсҳои томактабӣ гузаронида шудаанд.
Ҳоло бо мақсади фарогирии бештари кӯдакон ба таълиму тарбияи томактабӣ, дастрасӣ ба таҳсилоти босифатва таъмини шароити арзанда барои кӯдакон дар муассисаи мо ҳуҳуди 25 нафар омӯзгорону мураббияҳо ва шахсони масъул ба таълиму тарбияи беш аз 260 нафар кӯдакон машғул мебошанд. Бешубҳа дар давраи амалишавии «Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025» ва иҷрои амру супоришҳои роҳбарияти олии мамлакат самтҳои афзалиятноки барнома, ки дар боло дарҷ гардидаанд дар муассисаи мо низ амалӣ карда шудаанд.
Мо кормандони соҳаи маориф, бахусус бахши таҳсилоти томактабии Шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб худро вазифадор меҳисобем, ки баҳри иҷрои рисолати асосии худ яъне ба таълиму тарбия фаро гирифтани кӯдакон саҳми боризу арзанда дошта бошем.
Баҳри таълиму тарбияи дурусти насли наврас, таъмин намудани инкишофи дурусти ҷисмонӣ, ақлию зеҳнӣ, ташкили бозӣ, меҳнат, машғулиятҳои таълимию ҳаёти маишии кӯдак аз донишу заковати худ истифода намоем.
Ҳангома Юсуфова
Мудири муассисаи таҳсилоти томактабии ✓1-и шаҳри Кӯлоб
Гулҳои ҳазорранг дорад, Кӯлоб,
Мардони баору нанг дорад, Кӯлоб,
Аз бахти баланди хеш дар ҳар хона,
Базми найю тору чанг дорад, Кӯлоб!
dv id="«r5qo»" " " ">"
Наврӯз аз ҷумлаи бузургтарин ва маҳбубтарин ҷашнҳои тоҷикон мебошад, ки аз даврони бостон ҳамчун пурарзиши ниёгони некномамон то замони мо расидааст.
Эмомалӣ Раҳмон
Пешвои миллат Наврӯзро на танҳо ҷашни фарҳангӣ, балки омили рушди иқтисодӣ, хусусан, соҳаи сайёҳӣ, меҳисобанд. Ҳамасола дар Тоҷикистон фестивалҳои наврӯзӣ баргузор мегарданд, ки дар онҳо намоишгоҳҳои ҳунарҳои мардумӣ, барномаҳои фарҳангӣ, озмунҳои бадеӣ ва бозори маҳсулоти миллӣ ташкил карда мешаванд. Бо дастгирии Пешвои миллат, маконҳои таърихӣ ва фарҳангии марбут ба Наврӯз, аз ҷумла Боғи Ирам, Кӯли Сарез, шаҳри бостонии Панҷакент ва ноҳияҳои кӯҳистонии кишвар, ҳамчун нуқтаҳои ҷолиби сайёҳӣ таблиғ ва рушд дода мешаванд.
Яке аз ҳадафҳои муҳими Пешвои миллат эҳёи фарҳанг ва анъанаҳои миллӣ мебошад. Дар ин замина, Наврӯз ба як ҷашни фарҳангӣ, илмӣ ва маърифатӣ табдил дода шудааст. Ҳамасола дар арафаи Наврӯз озмунҳои шеърхонӣ, мусиқии суннатӣ ва намоишҳои театрӣ баргузор мешаванд.
Бисёр адибон ва шоирон бо илҳом аз Наврӯз асарҳои нав эҷод мекунанд, ки дар рушди адабиёти муосири тоҷик нақши муҳим мебозанд.
Дар фарҳанги тоҷикон, Наврӯз ҳамеша бо мафҳуми зебоӣ ва зебоипарастӣ пайванди ногусастанӣ дошт. Дар айёми Наврӯз ва фасли баҳор пӯшидани либосҳои миллии идона, тозаву озода кардани хонаву кошона, кӯчаву хиёбон, боғу гулгашт ва маҳалли зисти худ аз ойинҳои зебоипарастии ниёгонамон маншаъ мегирад. Ин ҷанба, яъне тарғиби зебоипарастӣ ва ободкорӣ, дар сиёсати дохилии Тоҷикистон нақши муҳим бозида, ба ташаккули Тоҷикистон ҳамчун кишвари тамаддунсоз низ мусоидат менамояд.
Дар сатҳи фарҳангӣ ва сиёсӣ, Наврӯз ба як воситаи муҳими таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ табдил ёфтааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дигар кишварҳои минтақа ҳамкорӣ намуда, барои таблиғ ва ҳифзи арзишҳои Наврӯз талош мекунад. Ин ҷашн ба мустаҳкам шудани робитаҳои фарҳангӣ ва дӯстонаи кишварҳои гуногун мусоидат менамояд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз кишварҳои бунёдгузори ин ҷашни бузург дар сатҳи ҷаҳонӣ барои ҳифзи арзишҳои Наврӯз ва густариши он нақши босазо дорад. Наврӯз имрӯз низ, мисли ҳазорсолаҳо пеш, мардумро ба ҳам меорад, ба онҳо шодиву нишот мебахшад ва эҳсоси ҳамдилӣ ва дӯстиро таҳким мебахшад.
Наврӯз оғози сол, оғози зиндагии тоза, оғози умеду орзуҳо ва бахту саодат буда, ба хонадони ҳар кадоми мо чун пайки шодиву нишот ва эҳёи табиат қадам ниҳода, кулбаву кошонаи моро нуру зиё мебахшад, дар вуҷуди мо поктарин эҳсосот ва волотарин умеду орзуҳоро бедор месозад.
Дар Нишони наврӯз, ки ба шакли кураи замин аст, қутбҳои шимолу ҷануб, нурафшонии офтоб, оғози бедоршавии табиат, айёми киштукори донаҳои умед ва фасли баҳору шукуфоӣ ва ҳамчунин тоҷи заррини Нишону Парчами Тоҷикистон таҷассум ёфтаанд.
Наврӯз яке аз қадимтарин идҳои тоҷикон ба шумор меравад. Тавре, ки дар китобҳои таърих омадааст, аввалин касе ки ин идро ҷашн гирифт подшоҳи форс бо номи Ҷамшед буд.
Дуруст аст, ки Наврӯзро муждарасони баҳор мегӯянд. Табиат аз нав эҳё гардида, бо ҳашамату шукӯҳ, зебу фар ба назарҳо ҷилванамоӣ мекунад. Ҳаёт дар ин айём пуртаровату зебою мубарро мегардад. Тамоми олам аз сармои тӯлонӣ озод шуда, аз нурҳои гарми офтоби оламафрӯз нерӯи тоза гирифта, аз вазидани боди форами барозанда нафаси озод мекашад. Замин аз ғӯнудан бедор гардида, нурҳои пурсаховати офтобро бо қаноатмандӣ қабул намуда, симои хешро тағйир медиҳад. Ба назарҳо чунин менамояд, ки гӯё пири барҷомонда аз нав ҷавон гардида, худнамоӣ мекунад.
Дар ин айём замини саховатманд бунёди ризқу рӯзии инсонро омода мегардонад. Мурғон аз зебу зиннати табиати биҳиштосо ба чаҳ-чаҳ медароянд, гулҳо ба шукуфтан сар карда, инсонро рӯҳи тоза мебахшанд ва ӯ ин рӯзи фараҳмандӣ ва пур аз шодию сурурро бо рӯҳи болида пешвоз мегирад. Дар ин рӯз базму тантанаҳо меороянд. Аз ҳар гӯшаву канор садои хурсндӣ ба гӯш мерасаду олами пурасрор зебову ҳайратангез мегардад. Аз ин ҷост, ки Наврӯзи пурнишотро ҳар сол интизор мешаванд, истиқбол мегиранд. Дар давраи истиқлолияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз шукӯҳу таҷаллои тоза пайдо намуд ва мо тоҷикон ин ҷашнро ҳамчун мероси муқаддастарини ниёгонамон ва ҷашни покию зебоӣ дар фазои истиқлолу ваҳдат бо шукргузорӣ бошукӯҳ таҷлил менамоем.
Мирзоев Ҳофиз мудири шуъбаи кор
бо ҷавонони КИ ҲХДТ
дар шаҳри Кӯлоб