Бинои бахши Муассисаи давлатии “Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб”
23.10.2022
23 октябр дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Кӯлоб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти бинои бахши Муассисаи давлатии “Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон” дар шаҳри Кӯлоб оғоз бахшиданд.
Бино дорои 16 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳ, ду синфхонаи компютерӣ, ҳуҷраи дӯзандагӣ, кошонаи ҳусн барои духтарон ва писарон мебошад.
Ташаккули соҳибкорӣ маҳорати баланд, ихтисосмандӣ ва донишҳои муосирро талаб мекунад. Бо назардошти ҳамин дар доираи мизҳои мудаввар, мастер-классҳо, экспресс-курсҳо шаҳрвандон ба омӯзиши касбҳои сартарошӣ, қаннодӣ, дӯзандагӣ ва компютерӣ фаро гирифта мешаванд. Тадбирҳои омӯзиши ройгон сурат гирифта, хоҳишмандон имконият доранд, ки донишҳои худро дар самти бахши хусусӣ тақвият бахшида, фаъолияти соҳибкории худро ташкилу таҳким бахшанд.
Дар курсҳои дӯзандагӣ давоми ду моҳ 10 нафар соҳибкасб гардонида мешаванд. Дар курсҳои сартарошӣ ва ороиши рӯю мӯй бошад, давоми як моҳ омӯзиш сурат мегирад.
Дар Тоҷикистон барои татбиқи ғояҳои соҳибкорӣ имконият зиёд аст ва ба омӯзиш фаро гирифтани шаҳрвандон аз шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб метавонад барои афзун шудани муваффақият ҷиҳати амалӣ гардидани нақшаҳои намояндагони бахши хусусӣ мусоидат намояд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз саҳми бахши хусусӣ дар рушди иқтисоди миллӣ масъулинро барои истифодаи пурраи имконияти фароҳамшуда ва омода кардани шаҳрвандон ҷиҳати фаъолият дар бахши хусусӣ вазифадор карданд.
Зиёрати оромгоҳи олим ва файласуфи шарқ Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ
23.10.2022
23 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба вилояти Хатлон бо нишони эҳтирому қадршиносӣ ва арҷгузорӣ ба орифону фарзандони баруманди халқи тоҷик дар шаҳри Кӯлоб оромгоҳи олим ва файласуфи шарқ Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат карда, барои бақои давлату миллат, осудагии мардуми мамлакат, ободии Ватан ва пойдории сулҳу суботи сарзамин дуову фотеҳаи нек намуданд.
23.10.2022
23 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба вилояти Хатлон ба шаҳри Кӯлоб ташриф оварданд.
Иншооти замонавӣ 4-ошёна буда, аз 19 ҳуҷра, маҷлисгоҳ барои 100 ҷойи нишаст ва меҳмонхона иборат мебошад.
Корҳои сохтмонӣ дар иншоот соли 2020 оғоз гардида буд ва бо сифати баланд ба анҷом расонида шудааст.
Дар иншооти замонавӣ барои пешбурди фаъолияти хизматӣ ба кормандони Кумитаи идораи замини минтақаи Кӯлоб, Кумитаи идораи замини шаҳри Кӯлоб ва Корхонаи давлатии фаръии Бақайдгирии молу мулки ғайриманқули шаҳри Кӯлоб шароити замонавӣ фароҳам гардидааст.
Бинои хуштарҳу муосир дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кормандону мутахассисони соҳа супориш доданд, ки дар заминаи шароити фароҳамшуда хизматрасониро ба мардум дар сатҳи баланд таъмин намоянд.
Дар вохӯрӣ ректори донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи шаҳри Кӯлоб Шарифҷон Ҳакимзода, муовини раиси Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб Фирӯзи Саидмуъминзода ва ҳайати омӯзгорону донишҷӯён ширкат варзиданд.
Сараввал ректори донишгоҳ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек суханронӣ намуда, ҳозиринро ба фарорасии 30-юмин солгарди Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош гуфта, қайд намуданд, ки маҳз 30-сол муқаддам бо назардошти авзои мураккаби сиёсию ҷамъиятии ҷумҳурӣ, дар шаҳри бостонии Хуҷанд Иҷлосияи мазкур доир гардид, ки ба сарнавишти минбаъдаи миллати тоҷик ва давлати Тоҷикистон таъсири амиқ гузошт.
Баъдан вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи шаҳри Кӯлоб Шарифҷон Ҳакимзода зикр доштанд: “Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти таърихии беназир дорад, зеро ин рӯйдоди муҳими таърихӣ дар шахсияти Эмомалӣ Раҳмон роҳбареро ба саҳнаи сиёсат овард, ки бо дилу нияти пок аз рӯзҳои аввалини роҳбарӣ тамоми кӯшишу заҳматҳои худро барои хомӯш намудани алангаи ҷанги шаҳрвандӣ, таҳкими сулҳу субот, якпорчагии марзу буми аҷдодӣ ва Ваҳдати миллии тоҷикон равона намуда, халқи тоҷикро муттаҳид сохт. Шукр, ки бо шарофати хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишварамон сулҳу салоҳ барқарор гардид ва имрӯз мо дар ватани биҳиштосо зиндагӣ дорем”.
Дар интиҳои чорабинӣ муовини раиси Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб Фирӯзи Саидмуъминзода қайд намуд, ки Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар собит намуд, ки пешрафти ҷомеа ва давлат, ҳаёти шоистаи зиндагии одамон, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон танҳо дар шароити сулҳу ваҳдати миллӣ имконпазиранд. Тоҷикон дар тӯли ин солҳо аз таҷрибаи талхи таърихи наздики худ ҳамеша ёдовар шуда, сулҳ ва ваҳдати миллиро чун неъмати бебаҳо пос медоранд. Таҳияи садҳо китобҳо ва мақолаҳои олимону муаррихон оид ба ин дастоварди бузурги таърихӣ имрӯз насли ҷавонро дар рӯҳияи ифтихори миллӣ ва ватандорӣ тарбия намуда, барои онҳо беҳтарин раҳнамо мебошад.