Кӯлоб: 10.11.2022с. Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки ҳамасола санаи 10 ноябр ҳамчун Рӯзи милитсияи тоҷик ҷашн гирифта мешавад. Ба ин муносибат дар толори қисми минтақавии раёсати ВКД ҶТ оид ба гуруҳҳои ноҳияҳои Кӯлоб ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Дар ҷамъомади идона раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, ҳайати кормандони милитсия ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.
Чорабинӣ бо садо додани Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.
Сипас, раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр суханронӣ тамоми Кормандони милитсияро бо ин санаи фархунда табрику таҳният намуд.
Изҳор гардид, ки дар раванди таъмини суботи сиёсӣ ва Ваҳдати комили ҷомеаи Тоҷикистон, талошу ҷонисориҳои ҳар фарди огоҳи ин миллат, хосатан қишри равшанфикрони ҷомеаи Тоҷикистон, ки роҳбарии онҳоро Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар уҳда доштанд аҳамияти бориз дорад.Маҳз таавассути чунин хизматҳои бемисл Тоҷикистони биҳиштосо аз вартаи нобудӣ ва ҳалокати сиёсӣ наҷот ёфт.
Саҳифаҳои аввалин таърихи фаъолияти миллитсияи тоҷик дар ибтидои солҳои истиқлолияти давлатӣ саршор аз матонату мардонагӣ, далерию ҷонбозӣ, садоқат ба касбу савганд, инсондустиву ватандӯстӣ ва аз дигар ҷониб пур аз фоҷиаро ифшо намуд. Аммо сарфи назар аз ҳама мушкилоти мавҷуда, аз ҷумла фалаҷ гардидани сохторҳои давлативу ҷамъиятӣ, тафаккури шаҳрвандонро фаро гирифтани ноумеди ва умуман бесуботи сиёсӣ, милитсияи тоҷик аз иҷрои вазифаву уҳдадориҳояш, ки миллату давлат дар назди он гузошта буданд усулан сарпечӣ накард ва дар ин раванди ниҳоят душвор баҳри таъмини суботи сиёсӣ ва амнияти комили ҷомеаи Тоҷикистон ҷонисориҳои бемисл анҷом додааст. Ҳақ ба ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки дар ин ҷода чунин зикр намудаанд. «Ҷасорат ва мардонагии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, ки дар солҳои барқарорсозӣ ва ҳимояи сохти конститутсионӣ аз худ нишон доданд, ҳеҷгоҳ аз хотири халқ зудуда нахоҳад шуд».
Дар идомаи ҷамъомад сардори ШВКД-и шаҳри Кӯлоб, генерал-майёри милитсия Қунғуротзода Фотеҳ баромад намуда афзуд, ки мақомоти милитсия яке аз сохторҳои бузургу бонуфузи ҳифзи ҳуқуқ ба ҳисоб рафта, аз нахустин лаҳзаҳои ташкилёбӣ то имрӯз ҳамчун нерӯи муҳофизи тартиботи ҷамъиятӣ дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон саҳмгузор мебошад. Мақомоти мазкур дар лаҳзаҳои сангини таърихи кишвар аз имтиҳоноти ҷиддӣ гузашта, барои таъмини амну суботи ҷомеа талош варзидааст.
Таъкид шуд, ки имрӯз бо дастгирию пуштибонии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақомоти корҳои дохила ба сохтори тавонои ҳифзи тартибот табдил ёфтааст ва барои кормандони он тамоми шароити зиндагӣ ва хизматӣ аз қабили таъминот бо манзили истиқоматӣ, замини наздиҳавлигӣ, таҷҳизоти муосир, хизматрасонии тиббӣ ва таълиму фароғат муҳайё карда шудаанд.
Дар охир ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик роҳбарияти шаҳр ба роҳбарон ва кормандони мақомоти корҳои дохилии шаҳр барои саҳми арзанда гузоштан дар ташкил ва баргузории чорабиниҳои муҳими сиёсӣ, иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ Ифтихорнома ва Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар вазъияти тантанавӣ тақдим намуданд.
Шамсия Наврӯзова, мутахассиси пешбари бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб
Боиси зикр аст, ки сатҳу сифати хизматрасонии ширкатҳои мобилӣ рӯз то рӯз баланд гардида дар ин самт хизматрасониҳои мобилӣ беҳтару хубтар гардидаа истодааст.
Бояд гуфт, ки дар асоси нақша- чорабиниҳои Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ нуқтаҳои хизматрасонии мобилӣ баҳри осон гардидани мушкилоти сокинон фаъолият намуда истодаанд.
Дар ин замина дар маркази шаҳри Кӯлоб воқеъ дар хиёбони Исмоили Сомонӣ нуқтаи хизматрасонии O mobile дари худро барои муштариён боз намуд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки дар нуқтаи фаъолгардида айни ҳол зиёда аз 4-нафар ҷавонон ба ҷои кори доимӣ таъмин гардида, утоқхои корӣ бо мизу курсӣ ва таҷҳизотҳои лозима муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.
Соҳибкорон ният доранд, ки дар оянда низ баҳри фаъолияти хуби хизматрасонии симкортҳои мобилӣ ва алоқаи сокинон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон нуқтаҳои дигари хизматрасонӣ таъсис диҳанд, то ки ҷавононро ба ҷои кори доимӣ таъмин намоянд.
Бахши матбуотии Миҳд-и шаҳри Кӯлоб
1 ноябри соли равон дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Пеш аз оғози чорабинӣ дар назди майдони марказӣ Маросими қадрдонии ғолибони Озмунҳои ҷумҳуриявии “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” ва “Илм фурӯғи маърифат” бо иштироки раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳру минтақаи Кӯлоб, сарварони муассисаҳои оливу касбӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ ва дигар меҳмонону зиёиёни шаҳри бостонии Кӯлоб баргузор гардида ба ғолибон Ифтихорномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар вазъияти тантанавӣ тақдим карда шуд.
Сипас, чорабинии идона бо роҳпаймоии ҳазорон нафар фаъолону собиқадорони меҳнат ва кормандони касбу кори гуногун бо шиору овезаҳои тараннумгари дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва нақши Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз майдони марказӣ то Қасри Фарҳанги ба номи Рустами Абдураҳими шаҳри Кӯлоб идома ёфт.
Маросими расмӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия бо садо додани Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.
Дар идома роҳбарияти шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр суханронӣ намуда, изҳор дошт, ки Иҷлосияи таърихии ХVI-уми Шурои Олии Тоҷикистон дар қатори дигар хизматҳои бузурги худ, инчунин баҳри эҷоди конститутсияи нав заминагузорӣ кард. Зеро ғояи меҳварие, ки дар ҳамин Иҷлосия баён гардид, баъдан аз ҷониби Комиссияи конститутсионӣ ба Конститутсияи Тоҷикистони соҳибихтиёр ворид карда шуд. 6 ноябри соли 1994 ҷиҳати қабул онро дар раъйпурсии умумихалқӣ ба мардум пешниҳод карданд ва бо аксарияти овозҳои шаҳрвандони мамлакат пазируфта шуд.
Қайд гардид, ки Конститутсия ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқҳоро ба зиндагӣ, дахлнопазирии шахсият, ҳимояи судӣ, иштирок дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ, доштани моликият ва мерос, ташкили оила, ҳифзи саломатӣ, таъминоти иҷтимоӣ, таҳсил, меҳнат, истироҳат ва ғайраҳо дод. Ин санади муҳим заминаҳоро барои давлатдорӣ ба вуҷуд оварда, чаҳорчӯбаи фаъолияти онро муайян намуд, ки бо назардошти шароити иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ, ҳуқуқӣ, таърихӣ ва миллии ҳаёти мамлакат онҳо рушду такмил дода мешаванд.
Маҳз ба туфайли ҳамин ҳуҷҷати муҳим ҳоло дар кишвар системаи муташаккилу устувори сиёсӣ ташкил карда шудааст. Боиси қаноатмандиву ифтихор аст, ки коршиносони ташкилотҳои бонуфузи байналмиллалӣ Конститутсияи кишвари моро яке аз Конститутсияҳои беҳтарини ҷаҳон донистанд-изҳор намуд раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр.
Дар чорабинӣ ҳамчунин, Раҳмонзода Шарифхон раиси Суди шаҳри Кӯлоб баромад намуда қайд намуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон заминагузори низоми нави давлатдории миллӣ, таҳкимбахши нақш ва мақоми ҳокимияти давлатӣ дар ҷомеаи имрӯзаи мамлакат ва арсаи байналмилалӣ, инчунин таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, волоияти қонун ва адолати судиву иҷтимоӣ мебошад.
Ҳамчунин профессори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Абдулло Маҳмуд зимни суханронии хеш иброз дошт, ки бо қабули Конститутсия дар инкишофи давлатдории Тоҷикистон марҳалаи нави таърихӣ оғоз гардид ва он мардуми кишварро ба созандагиву бунёдкорӣ, дигаргуниҳои азими иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ роҳнамоӣ кард.
Дар идомаи маросими идона бахшида ба Рӯзи Конститутсия аз ҷониби роҳбарияти шаҳри Кӯлоб як қатор фаъолони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту идораҳои давлатӣ ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр ва минтақаи Кӯлоб барои фаъолияти пурсамар дар роҳи пешбурди меҳнати содиқона ба нафъи давлату миллат ва саҳмгузорӣ дар корҳои созандагиву бунёдкорӣ бо Ифтихорнома ва Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯло сарфароз гардонида шуданд.
Баъдан, гузориши телевизионӣ аз лаҳзаҳои фараҳбахши сафари Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Кӯлоб пешкаши иштирокчиёни чорабинӣ гардид.
Дар қисмати охири чорабинӣ барномаи омоданамудаи иштирокчиёни озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон –Ватани азизи ман” ва ҳамчунин барномаи консертии бахши фарҳанги шаҳр ва ҳунармандони маъруфи кишвар манзури иштирокчиён гардид.
Бахши матуотии Миҳд-и шаҳри Кӯлоб