26 сентябри соли равон таҳти раёсати раиси шаҳр Назарзода Бахтиёр Худоёр дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҷиҳати дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба тақвият бахшидан ба раванди корҳои созандагию ободонӣ ва дар ин замина корбарию коргузориро беҳтар намудан ҷаласаи корӣ баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи раис ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони ташкилотҳо ва муассисаҳои таълимию тиббӣ, раисони ҷамоатҳо ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.
Дар ҷаласаи мазкур масъалаҳо таҳлили рафти бунёди корхонаву коргоҳҳои саноатӣ дар шаҳру деҳоти Кӯлоб, оид ба ҳолати ҷамъоварии зироатҳои кишоварзӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ, оид ба рафти корҳои омодагӣ ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, рафти обунашавии соҳаҳо ба рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳрӣ тибқи нақшаи тақсимот барои соли 2023, оид ба омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023, оид ба омодагии кӯчаву маҳаллаҳои шаҳр ва деҳот, рафти корҳои иншоотҳои бунёдшаванда ва дигар масъалаҳои ҷорӣ мавриди муҳокимаронӣ қарор дода шуд.
Зимни баррасии масъалаҳои рӯзномаи маҷлис раиси шаҳр ба масъулон ҷиҳати ба кор андохтани корхонаҳои саноатии аз фаъолият бозмонда, вусъат додани зироатҳои кишоварзӣ, махсусан ҷамъоварии ҳосили пахта ва сифатан иҷро намудани дурнамои пешбинишуда, дастрас гардидани сӯзишворӣ ва ангишт ба ташкилоту муассисаҳо, захираи хӯроки чорво барои давраи зимистон, вусъат додани корҳои созандагию ободонӣ ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ҳудуди тамоми маҳаллаҳои ҳудуди шаҳр ва ҷамоатҳо, батартибдарории роҳу кӯчаҳо, махсусан кӯчаҳои марказӣ, тозакунӣ аз партову ифлосиҳо, ба тартиб даровардани заминҳо, ивази шиору овезаҳо ва парчаму парчампояҳои фарсудашуда, насби шиору овезаҳо доир ба мавсим ва мавзӯҳои зарурӣ ва сифатнок ба итмом расонидани иншоотҳои ҷашнӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд, ва таъкид намуданд, ки дар муҳлатҳои кутоҳтарин супоришҳои додашударо иҷро намоянд.
Дар охир, роҳбарияти шаҳр зикр намуд, ки дар партави сиёсати хирадмандонаю дурбинона ва инсонпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамбастагӣ ҷиҳати иҷрои саривақтию сифатноки дастуру супориш ва ҳидоятҳои Ҷаноби Олӣ ҳар яки моро мебояд бо истифода аз тамоми имкониятҳо тадбирҳои заруриро амалӣ намоем, то ба пешрафтҳои навин сазовор гардем.
Бахши матбуотии Миҳд-и шаҳри Кӯлоб
Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба қабул ва муроҷиати шаҳрвандон санаи 23 сентябри соли 2022 дар толори маҷлисгоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19-и ҷамоати деҳоти Зиракии шаҳри Кӯлоб қабули сайёри шаҳрвандон аз ҷониби муовини якуми раиси вилояти Хатлон Салимзода Амонулло баргузор гардид.
Ҳамчунин дар қабули мазкур муовинони раиси шаҳри Кӯлоб, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва дигар шахсони масъул ширкат доштанд.
Нахуст муовини якуми раиси вилояти Хатлон Салимзода Амонулло оид ба фаъолияти рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Кӯлоб ибрози андеша намуд. Зимни суханронӣ ба масъулони шаҳр ҷиҳати омодагӣ ба давраи зимистони соли 2023, обуна ба рӯзномаҳои чумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳрӣ, даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳо масъулонро муваззаф намуд.
Бояд қайд кард, ки дар қабули мазкур 9 нафар сокинон оид ба масъалаҳои гуногун аз ҷумла сохтмони биноҳои иловагӣ дар муассисаҳои таълимӣ, таъмини оби нушокӣ ва полезӣ, таъмири роҳҳо ва дигар масъалаҳо муроҷиат намуданд.
Баъд аз шунидани арзи ҳар як сокини ҷамоат, аз тарафи муовини раиси вилоят ба ҳар як масъули ташкилоту идораҳо доир ба иҷроиш ва таъмини ин масоили мавҷуда дар муҳлатҳои муайян супоришҳои мушаххас дода шуд.
Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб
Боиси ифтихору сарфарозист, ки ҳамасола 22 сентябр ҳамчун Рӯзи Рӯдакӣ бо шукуҳу шаҳомати хоса дар кишварамон таҷлил карда мешавад. Ба ин муносибат дар театри мазҳакаи мусиқии ба номи Сайдалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб ҷамъомади тантанавӣ барпо гардид.
Дар ин ҳамоиш муовини раиси шаҳри Кӯлоб Даминзода Арафамо, шоирону адибони шинохтаи шаҳр, омӯзгорону донишҷӯён ва хонандагони муассисаҳои миёна ва олӣ ширкат варзиданд.
Нахуст бо сухани ифтитоҳӣ муовини раиси шаҳри Кӯлоб Даминзода Арафамо суханронӣ намуда, табрикоти раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёрро ба муносибати Рӯзи Рӯдакӣ ба ҳозирин ироа намуд.
Зикр гардид, ки бо ҳидояти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол 22 сентябр «Рӯзи Рӯдакӣ», бо тантана қайд мегардад. Тавре, ки маълум аст, Устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар сарнавишти халқи тоҷик аз нахустин суханварону андешамандони ояндабин буд, ки бо сухани баландмазмуни худ барои эҷод, бунёд ва рушди назму насри адабиёти тоҷику форс пояи устувор гузошт, Чуноне ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, «Забони шеъри Рӯдакӣ забони меъёр ва забони адабии мост, ки онро бо гузашти дувоздаҳ аср мо имрӯз низ истифода мебарем ва бо шеъри Рӯдакӣ ҳар рӯз сухан мегӯем».
Дар идомаи ҳамоиши мазкур шоирону адибон баромад намуда, аз бузургии Одамушшуаро Абубӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ёд намуданд.
Дар қисмати фарҳангии ҷамъомад ғазал ва суруду таронаҳо тақдими ҳаводорони осори безаволи Маликушшуаро Рӯдакӣ гардид.
Шамсия Наврӯзова, мутахассиси пешбари бахши матбуотии Миҳд-и шаҳри Кӯлоб