Санаи 17 октябри соли равон ҳайати иштирокчиёни конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Логистика ва бартариҳои он дар рушди иртибототи нақлиётӣ миёни Тоҷикистон ва кишварҳои минтақа» аз ҷумҳуриҳои Эрон, Туркия, Туркманистон, Қазоқистон, Хитой ва Ӯзбекистон ба шаҳри Кӯлоб ташриф оварданд.
Меҳмононро дар назди даромадгоҳи шаҳри Кӯлоб Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим, муовинонони раиси шаҳри Кӯлоб ва дигар шахсони масъул самимона пешвоз гирифтанд.
Сипасдар ҳудуди истигоҳи роҳи оҳани шаҳри Кӯлоб мулоқоти Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо ҳайати иштирокчиёни конфронс баргузор гардид.
Зимни баргузории мулоқот лоиҳаи озмоишии ҳамлу нақли мултимодалии бор тавассути долони "Хитой-Тоҷикистон-Ӯзбекистон-Туркманистон-Эрон-Туркия" мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар идома ҳайати меҳмонон аз бинои маъмурии ба расмиятдарории нуктаи ҳамлу нақли борҳоро ки дар шаҳри Кӯлоб ба таври муосир бунёд гардидаву дар он намояндагони мақомоти назоратӣ аз ҷумла хадамоти гумрук , КВД роҳи оҳани Тоҷикистон, суғурта ва дигар сохторҳои марбута фаъолият менамоянд, ки Махз барасмиятдарории борхати электронӣ дар ҳамин нуқта сурат мегирад боздид намуданд. Иттилоъ дода шуд, ки мавкегирии маркази ҳамлу нақл дар майдони 7 гектар дар шахри Кӯлоб бунёд шудааст.
Бояд гуфт ки Татбиқи чунин лоиҳаҳо ба рушди муносибатҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва транзитии байналмиллалии кишвар нақши муассир дорад.
Дар охир ҳайати меҳмонон бо мақсади эҳтиром ва қадршиносӣ Оромгоҳи мутафаккири бузург Мир Сайи Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд. Бо ҳамин ташрифи меҳмонон ба шаҳри Кӯлоб ба охир расид.
Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб
Санаи 13 октябр бахшида ба Рӯзи байналмиллалии паст кардани хатари офатҳои табиӣ дар назди Маркази ҷавонони шаҳри Кӯлоб ҷамъомад баргузор гардид.
Дар ҷамъомади мазкур муовини раиси шаҳри Кӯлоб Орзу Ҳамидиён, Сардори шӯъбаи хадамоти давлатии оташнишонии минтақавӣ, подполковники хизмати дохила, Раҳматзода Саймудассир, намояндаи Созмони Миллали Муттаҳид дар минтақаи Кӯлоб Гулиев Абдулло, кормандони шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва Мудофиаи граждании шаҳр ва минтақаи Кӯлоб, намояндагони ташкилоту муасиссаҳои тиббӣ ва таълимӣ, донишҷӯён ва хонандагони муассисаҳои миёна ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.
Пеш аз оғози ҷамъомад иштироккунандагони аз намоиши автомошинаҳои махсуси наҷотдиҳӣ ва таҷҳизотҳои замонавӣ дар амалиётҳои наҷотдиҳӣ истифодашаванда ва расмҳои беҳтарини толибилмони муассисаҳои таълимӣ дидан карданд.
Сипас муовини раиси шаҳри Кӯлоб Орзу Ҳамидиён, Сардори шӯъбаи хадамоти давлатии оташнишонии минтақавӣ, подполковники хизмати дохила, Раҳматзода Саймудассир, намояндаи Созмони Миллали Муттаҳид дар минтақаи Кӯлоб Гулиев Абдулло, Сардори шуъбаи КҲФ ва МГ дар минтақаи Кӯлоб Юсуф Сафаров ва Абдулло Дониёр омӯзгори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ маърӯза намуда, нақши кормандони хадамоти давлатии оташнишонӣ ва мудофиаи гражданиро дар паст кардани хавфи офатҳои табиӣ хуб арзёбӣ карданд.
Дар идома ба як қатор иштирокчиён барои саҳми арзанда гузоштан дар пешгирӣ ва тасмимигирии фаврӣ ҳангоми рӯй додани офатҳои табиӣ бахшида ба “Рӯзи байналмиллалии коҳиши хатари офатҳои табиӣ бо Сипосномаи раиси шаҳри Кӯлоб, Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии ШКҲФ ва МГ инчунин Маркази иҷроиш ва навоварии Барномаи рушди СММ дар минтақаи Кӯлоб тақдим карда шуд.
Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб
Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими Истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст.
Бояд гуфт, ки яке аз рукнҳои муҳимтарини давлату давлатдорӣ ва сипари боэътмоди ҳар кишвари соҳибистиқлол Қувваҳои Мусаллаҳи он маҳсуб меёбад. Ин аст, ки Қувваҳои мусаллаҳ ба як сутуни муқтадири ҳимояи марзу бум ва тамомияти арзии кишвар табдил ёфтаанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид намудаанд: “Барои насли наврас хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат муҳимтарин мактаби обутоби ҳаётӣ мебошад. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон сабақи шуҷоату мардонагӣ гирифта, муҳофизат кардани хоки Ватанро меомӯзанд. Вақте ки мо ватандӯстӣ мегӯем, пеш аз ҳама муҳофизати Ватан ва якпорчагии марзу буми кишварро дар назар дорем”.
Дар ин баробар имрӯзҳо ҷавонони шаҳри Кӯлоб суханони падарони Пешвои миллатро сармашқи кори худ намуда ихтиёран ба Сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ҳифзу ҳимояи Ватани азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол дохил шуда истодаанд.
Яке аз он нафароне, ки имрӯз ихтиёран баъди хатми Донишгоҳ ба Комисариати ҳарбии шаҳри Кӯлоб ҳозир гардид Миров Масабур Баҳрамович мебошад ва мехоҳад хизмати Модар-Ватанро софдилонаю содиқона адо намояд.
Бо боварӣ метавон гуфт, ки ҷавонони саодатманди шаҳру деҳоти Кӯлоб бо хизмати намунавӣ дар Сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон садоқати худро ба Пешвои муаззами миллат ва Ватани азизи худ ҳамеша собит месозанд.
Шамсия Наврӯзова, мутахассиси пешбари бахши матбуотии Миҳд-и шаҳри Кӯлоб
Санаи 10 октябри соли 2022 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҷаласаи ҷамъбастии натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Кӯлоб дар нуҳ моҳи соли 2022 бо иштироки намояндаи Ҳукумати мамлакат ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гуруҳи корӣ дар шаҳри Кӯлоб Азим Иброҳим, раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр, Қурбонзода Амирхон, муовини раиси вилояти Хатлон баргузор гардид.
Ҳамчунин дар чаласаи ҷамъбастии мазкур муовини якум, муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи раис ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, намояндагони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони муассисаҳои таълимиву тиббӣ,
сардорони қитъаҳои истифодабарии манзилии шаҳр, раисони ҷамоатҳо, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ, имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ, намояндагони васоити ахбори омма ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.
Нахуст, раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр дар ҷаласаи ҷамбастӣ суханронӣ намуда, изҳор дошт, ки дар давраи сипаригашта сокинони шаҳри Кӯлоб бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон баҳри расидан ба нишондиҳандаҳои назаррасу арзандаи меҳнатӣ аз ҳама имкониятҳо истифода бурда, дар фаъолияти кориашон ба тақвияти корҳои созандагиву бунёдкории шаҳр саҳми хешро гузошта истодаанд.
Сипас, дар маҷлиси васеи фаъолони шаҳри Кӯлоб муовини якуми раиси шаҳр Ташрифзода Мунаваршо оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Кӯлоб дар нуҳ моҳи соли 2022 ва вазифаҳо барои минбаъда ҳисобот пешниҳод намуд. Зимни баромад қайд гардид, ки дар нуҳ моҳи соли равон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” фаъолият намуда, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (21 декабри соли 2021), дастуру супоришҳое, ки дар Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 январи соли 2022 “Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021 ва вазифаҳо барои соли 2022” ва вазифаву супоришҳое, ки аз машварати кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони вилояти Хатлон 24 феврал ва 18 июни соли 2022 бармеоянд, ба роҳбарӣ гирифта, дар нуҳ моҳи соли 2022 ҷиҳати пешбурди иқтисодиёту иҷтимоиёт корҳои муайянро ба сомон расонида, ба нишондодҳои назаррасу мусбӣ ноил гардидааст.
Дар идомаи кори ҷаласа Раҳимзода Назирмад, сардори нозироти андози шаҳр, Хуҷамқуллов Абдураззоқ, мудири бахши саноат, энергетика ва нақлиёту комуникатсияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, Ҳамоҳангсози соҳаи тандурустӣ, Абураҳмонов Бобохон оид ба фаъолияти корӣ дар нуҳ моҳи соли равон ҳисобот пешниҳод намуданд.
Зимни баррасии масъалаи ҷамъбастии натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Кӯлоб дар нуҳ моҳаи соли 2022 ҷиҳати пурра таъмин намудани дурнамои кишти зироатҳои кишоварзӣ, самаранок истифода бурдани қитъаҳои замини наздиҳавалигӣ, аз ҷумла кишти пахта, иҷрои саривақтии нақшаи андоз ва кам кардани бақияпулиҳои андоз, баҳри рушди соҳаи саноат ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, дуруст ба роҳ мондани корхонаҳои саноатӣ, бунёди корхонаҳои саноатӣ, ба кор андохтани корхонаҳои бозистода, ҷалби мутахассисони ҷавони соҳаҳои маорифу тандурустӣ ба кор, иҷрои нақшаи даъвати ҷавонон ба Сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои нақшаи обуна ба рӯзномаҳои шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ барои соли 2023 ва дигар масъалаҳо мавриди муҳокимронӣ қарор дода шуда дар ин бобат ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.
Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб