Боиси ифтихор ва сарфарозӣ аст, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола 10-уми октябр дар кишварамон “Рӯзи фалак” бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад.
Ба ин муносибат санаи 8 октябри соли равон дар Қасри фарҳанги ба номи Рустами Абдураҳими шаҳри Кӯлоб чорабинии ҷашнӣ баргузор гардид.
Чорабинии мазкур бо иштироки муовини раиси шаҳри Кӯлоб Даминзода Арафамо, шоирону адибон, омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ ва хонандагону донишҷӯёни донишгоҳу колеҷу муассисаҳои таълимии шаҳр доир гардид.
Нахуст, меҳмонон аз намоиши ҳунарҳои мардумии шаҳр Кӯлоб аз қабили гулдӯзию чакандӯзӣ, қуроқдӯзӣ, чӯбтарошиву кандакорӣ ва дигар навъҳои ҳунарии мардумӣ дидан намуда, ба ҳунари волои онҳо баҳои баланд доданд..
Дар маросими тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Фалак муовини раиси шаҳри Кӯлоб суханронӣ намуда, табрикоти роҳбарияти шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёрро ба саҳми ҳозирин расонид.
Қайд намуд, ки барои мо мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол, хусусан сокинони шаҳри Кӯлоб мояи ифтихор ва сарфарозист, ки бо эъҷози баланди ҳунар тули асрҳо дар рушди фарҳанги миллӣ ва умумиҷаҳонӣ саҳми арзанда гузошта истодаем. Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштаанд: “Ватани Чакан ва ватани Фалак шаҳри Кӯлоб аст”.
Фалак жанри озод буда, дар шаҳри Кӯлоб ҳамеша дар такомул ва таҳаввули инкишоф аст. Чуноне, ки медонем Ҳукумати ҷумҳурӣ бахусус Роҳбарияти Олии мамалакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушду нумӯи жанри мусиқии Фалак пайваста таваҷҷуҳ зоҳир менамояд. Бо ташаббуси Пешвои миллат 16 ноябри соли 2001 ба ансамбли “Фалак” мақоми давлатӣ дода шуд. Маҳз чунин ташаббусҳои созанда боис гардид, ки минбаъд Фалак аз ҷониби ЮНЕСКО ҳамчун мероси фарҳанги умумибашарӣ эътироф гардад.
Ҳамчунин дар вазъияти тантанвӣ ба як қатор ҳунармандони шаҳри Кӯлоб барои хизматҳои назаррас, ноил гардидан ба дастовардҳои пурсамари меҳнатӣ, саҳми арзанда гузоштан дар рушди соҳаи фарҳанг Сипосномаи раиси шаҳри Кӯлоб тақдим карда шуд.
Чорабинии фарҳангӣ аз тамошои наворҳои видиоӣ аз ҷараёни қабулшавии жанри Фалак дар Юнеско оғоз гардид.
Дар идомаи ин чорабинии бошукӯҳ барномаи омоданамудаи фалаксароёни шаҳри бостонии Кӯлоб пешниҳоди иштирокчиён гардид.
Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб
Имрӯз, 5 октябри соли равон дар толори маҷлисгоҳи донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бахшида ба таҷлили Рӯзи забони тоҷикиӣ ҷамъомади тантанвӣ баргузор гардид.
Дар ҷамъомади мазкур раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр, сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон Нозимзода Файзулло Ватан, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, зиёиён, гуруҳи фаъоли “Авангард”, гуруҳи захиравии шаҳри Кӯлоб ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.
Баъд аз садо додани суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомад оғоз гардида, сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон, полковники милитсия Нозимзода Файзулло Ватан вобаста ба аҳамияти забони давлатӣ, ташаббусҳои созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумуҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти баланд бардоштани мақоми забони давлатӣ ибрози андеша намуд.
Ҳамчуни раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр суханронӣ намуда, тамоми мардуми Кӯлобшаҳри бостониро ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд. Зикр гардид, ки бо туфайли сиёсати хирадмандона ва дастгириҳои доимии Роҳбарияти Олии мамлакат, Ҷаноби Олӣ дар замони соҳибистиқлолӣ, забони давлатӣ ба марҳилаи тозаи рушд ва таҳаввул ворид гардид. Пеш аз ҳама дар ин давра ба сифати як унсури миллатсоз ҳусну қубҳи худро дигар ва дар ҷомеа мавқеи худро устувор намуд. Пешвои муаззами миллат забони тоҷикиро барои худ чунин мешуморад: “Забони тоҷикӣ натанҳо воситаи гуфтугую муошират, балки болотар аз он, шиносномаи миллати азизам, руҳи поки гузаштагонамон ва оинаи осори ниёгонамон мебошад».
Ин гуфтаҳо далели онанд, ки забони давлатӣ зери пуштибонии бевоситаи Пешвои миллат ва давлату ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад.
Дар идомаи ҷамъомади мазкур Давлатзода Раҳмон Қодир сардори қисми минтақавии РВКД ҶТ оид дар минтақаи Кӯлоб, ректори донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Раҳмонзода Дилшод ва дигар зиёиён оид ба нақши забони давлатии тоҷикӣ дар замони соҳибистиқлолӣ андешаронӣ намуданд.
Дар охир ба як зумра фаъолони шаҳру минтақаи Кӯлоб Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Бахши матбуотии Миҳд-и шаҳри Кӯлоб
Имрӯз 5 октябри соли равон дар Қасри фарҳанги ба номи Рустами Абдураҳими шаҳри Кӯлоб бахшида рӯзи забони давлатӣ ва омӯзгорон бо иштироки раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр, доираи васеъи омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ, фаъолон, собиқадорон, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва хонандагону донишҷӯёни донишгоҳу колеҷу муассисаҳои таълимии шаҳр чорабинии идона баргузор гардид.
Пеш аз оғози чорабинӣ роҳбарияти шаҳри Кӯлоб ва дигар меҳмонон аз намоиши дастовардҳои илмии таълимгирандагони муассисаҳои миёна ва олии касбӣ дидан намуда, ба истеъдоди волоии онҳо баҳои баланд доданд.
Дар ин чорабинии бошукӯҳ нахуст раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Назарзода Бахтиёр Худоёр суханронӣ намуда, ҳамагонро ба ин муносибат табрику таҳният гуфт. Изҳор доштанд, ки нақш ва ҷойгоҳи Пешвои муаззами миллат дар баланд бардоштану бартарӣ додани рукнҳои давлатӣ, бахусус забон ниҳоят бузург аст. Зеро ба туфайли сиёсати хирадмандона ва дастгириҳои доимии Ҷаноби Олӣ дар замони соҳибистиқлолӣ, забони давлатӣ ба марҳилаи тозаи рушд ва таҳаввул ворид гардид. Пеш аз ҳама дар ин давра ба сифати як унсури миллатсоз ҳусну қубҳи худро дигар ва дар ҷомеа мавқеи худро устувор намуд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ бахшида ба муносибати Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон таъкид карданд, ки «Забон неъмати бебаҳои зиндагии аҳли башар мебошад. Инсон фақат тавассути забон метавонад эҳсос ва фикру андешаҳои худро иброз намояд.
Забони миллӣ оинаи пурҷиллои таърих, ҷаҳони маънавӣ ва хираду маърифати ҳар як халқу миллат ба шумор меравад».
Дар идомаи чорабинӣ устоди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, ховаршинос, Зафар Мирзоён баромад намуда, қайд кард, ки тайи ҳазорсолаҳо шоирону муттафакирон, олимону донишмандони гузаштаи мо, аз ҷумла Рӯдакиву Ибни Сино, Фирдавсиву Дақикӣ, Саъдиву Ҳофиз ва Ҳилоливу Бедил бо ин забони нобу беолоиш асарҳо эҷод кардаанд, ки боиси ифтихор ва сарбаландӣ мебошанд.
Дар идомаи чорабинӣ бахшида ба рӯзи забони давлатӣ ба як зумра кормандони соҳаи маорифи шаҳри Кӯлоб бо Сипосномаҳои раиси шаҳри Кӯлоб қадрдонӣ карда шуданд.
Дар охир барномаи омоданамудаи ҳунармандони шаҳри бостонии Кӯлоб, ки тараннумгари ватандустиву хештаншиносӣ буд пешкаши ҳозирин гардонида шуд.
Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб
Тӯли чанд рӯз боз бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бахшида ба сазовор таҷлил намудани Рӯзи забони давлатӣ таҳти шиори “Тани солим-руҳи солим” миёни кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва наврасону ҷавонони шаҳри Кӯлоб мусобиқаи кушоди варзишӣ аз рӯи намудҳои варзиши шашкаю шоҳмот, тенниси рӯи миз, тенниси калон, футболи хурд, волейбол ва гуштини миллӣ баргузор гардид. Озмуни мазкур санаи 5 октябри соли равон дар боғи фарҳангиву фароғатии ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо баргузор намудани чорабинии тантанавӣ ва фарҳангӣ сурат гирифт.
Дар ин чорабинии тантанвӣ раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр, сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон Нозимзода Файзулло Ватан, Давлатзода Раҳмон , сардори қисми минтақавии РВКД ҶТ дар минтақаи Кӯлоб, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои шаҳр. зиёиён ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.
Чорабинӣ бо садо додани Суруди Милли Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Сипас, ба ғолибони мусобиқаҳо аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Дар фарҷом ҳунармандони шаҳри бостонии Кӯлоб барномаи консертии омоданамудаи хешро манзури иштирокчиён гардониданд.
Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб