Кӯлоб. 19.12.2022с

 19 декабр дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давалатии шаҳри Кӯлоб ҷаласаи назоратии назди раиси шаҳр Назарзода Бахтиёр Худоёр баргузор гардид, ки дар он   муовинони раиси шаҳр, сардорони раёсатҳо, мудирони шуъбаҳо, раисони ҷамоатҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.

Сараввал, раиси шаҳр ҷаласаро ифтитоҳ намуда рӯзномаи маҷлисро ба ҳозирин шинос намуд.

Қайд гардид, ки  баҳри амалӣ гардидани дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебояд масъулиятшинос бошему дар таъмини фазои мусоид ва рушду пешрафти шаҳрамон ҳиссагузор бошем.

Сипас аз рӯи масъалаҳои рӯзномаи маҷлис мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳри Кӯлоб Фирӯз Шарипов, Ғаффорзода Давлатҷон, мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Кӯлоб доир ба гузаронидани роҳпаймоӣ ба муносибати қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Миллали Муттаҳид оид ба эълон гардидани “Соли 2025-Соли байналмиллалии ҳифзи пиряхҳо”, Даминзода Арафамо оиди рафти иҷрои   нақшаи обуна ба рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳрӣ, Ташрифзода Мунаваршо оиди кишти барвақтии картошка, Неъматов Саъдулло сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зист оиди шинонидани дарахтони мавсимӣ ва гулу буттаҳо баромад намуданд.  

 Дар идомаи кори ҷаласа роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ба масъулин ҷиҳати ҳарчӣ зудтар иҷрои нақшаи обуна ба рӯзномаҳо, дар сатҳи баланд баргузор намудании роҳпаймоӣ ба муносибати эълон гардидани “Соли 2025-Соли байналмиллалии ҳифзи пиряхҳо”, оиди кишти барвақтии картошка, шинонидани дарахтон ва гулҳои мавсимӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб

Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP