Суханронии раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр дар Конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Эмомалӣ Раҳмон – ташаббускори ҳалли масоили об дар сатҳи ҷаҳон!”
Ҳамватанони азиз,
Барои мо сокинони озоди Тоҷикистони соҳибистиқлол боиси ифтихор аст, ки ташаббуси панҷуми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи об санаи 14 декабри соли 2022 аз ҷониби Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид якдилона ва бо қабули қатъномаи махсус тасдиқ гардид.
Ёдовар мешавем, ки дар доираи қатъномаи мазкур соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардида, аз оғози соли 2025 ба баъд ҳар сол рӯзи 21 март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо таҷлил карда мешавад.
Ба ин муносибат ҳамаи Шуморо табрику муборакбод мегӯем!
Ин рӯйдоди воқеан ҳам таърихӣ бори дигар мавқеи Тоҷикистонро ҳамчун кишвари соҳибистиқлол, ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ дар арсаи ҷаҳонӣ мустаҳкамтар намуда, обруву нуфузи тоҷиконро ҳамчун миллати башардӯсту тамаддунофар боз ҳам баландтар месозад.
Бояд қайд намоем, ки нахустин ташаббуси ҷаҳонии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи об ҳанӯз соли 2003 қабул гардида буд. Яъне соли 2003 аз ҷониби Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо ташаббуси Тоҷикистон Соли байналмилалии “Оби тоза” эълон гардид. Минбаъд, солҳои 2005-2015 – Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” эълон карда шуд.
Дар ин миён, баҳри ҷалби таваҷҷуҳи тамоми кишварҳои ҷаҳон ба масъалаи норасоии оби тоза дар сайёра ва ҳамкории ҳамаҷониба дар ин самт ташаббуси нави Тоҷикистон пазируфта шуда, соли 2013 – Соли байналмилалии “Ҳамкорӣ дар соҳаи об” эълон гардид.
Ташаббуси чоруми Тоҷикистон дар соҳаи об, ки аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфт, ин эълон намудани солҳои 2018-2028 Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” мебошад.
Ташаббуси панҷуми Тоҷикистон, тавре дар боло зикр гардид, ба ҳифзи пиряхҳо дахл дорад, ки манбаи асосии оби ошомиданӣ ба ҳисоб мераванд. Ҳамзамон, пиряхҳо дар баробари манбаи асосии оби тоза будан, инчунин аз аҳамияти баланди ҳаётӣ бархурдоранд ва тақдири минбаъдаи сайёра аз онҳо вобаста аст. Бо назардошти тағйирёбии босуръати иқлим дар ҳолати ба таври дахлдор наандешидани чораҳои дастаҷамъона дар ин самт сайёра ба ҳодисаҳои фалокатбори экологӣ рӯбарӯ мегардад. Яъне ин пешниҳоди Тоҷикистон на танҳо барои кишвари мо, балки барои мардуми тамоми сайёра иқдоми саривақтӣ ва наҷотбахшанда аст.
Ин иқдом бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари аз вартаи парокандагӣ наҷот додани миллати тоҷик дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, имрӯзҳо дар андешаи наҷоти мардуми сайёраи Замин аз вартаи хатарҳои экологӣ мебошад. Ҳамзамон, дар шароити аз лиҳози сиёсӣ мураккаб шудани авзои ҷомеаи ҷаҳонӣ ироаи чунин пешниҳод ба муттаҳид шудани мардуми ҷаҳон баҳри пешгирӣ аз мусибатҳои табиӣ, ки оқибатҳои он аз хатарҳои ҷанги нави ҷаҳонӣ кам нестанд, мусоидат мекунад. Яъне ин пешниҳод пайғоми сулҳу дӯстӣ ва иттифоқу ягонагӣ барои кулли мардуми сайёра ба ҳисоб меравад.
Дар охир, ҳамаи Шумо ҳамдиёрони азизро бори дигар ба муносибати қабул гардидани ташаббуси панҷуми Тоҷикистон дар соҳаи об табрику муборакбод намуда, ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар саргаҳи ин ташаббусҳо меистанд, арзи сипосу миннатдории кулли сокинони Кӯлобшаҳри бостониро мерасонам.
Ташаккур ба диққататон!
Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP