Мулоқот бо собиқадорону фаъолон ва аҳли ҷамоатчигии шаҳри Кӯлоб
23.10.2022
23 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб бо собиқадорону фаъолон ва аҳли ҷамоатчигии шаҳр мулоқот ва суҳбати самимӣ доир намуданд.
Президенти мамлакат собиқадоронро ҷиҳати саҳмгузорӣ дар таълиму тарбияи насли наврас, тарғиби сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тадбирҳои ободонӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳидоят намуданд.
Бо дарназардошти авзои имрӯзаи ҷомеаи байналмилалӣ таъкид гардид, ки бо истифода аз шароит ва иқлими мувофиқи шаҳр сокинон бояд ҳамасола дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳмгузор бошанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон бо ёдоварӣ аз нишондодҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” сокинонро ҷиҳати тарбияи фарзандон дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ ва касбу ҳунардӯстӣ ҳидоят намуданд.
Риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро омили муҳим дар самти пешгирӣ аз исрофкорию харҷи беҳуда маънидод карда шуд.
Собиқадорони шаҳри Кӯлоб дар навбати худ ба Пешвои муаззами миллат ҷиҳати таъмини зиндагии шоиста, ғамхорӣ ба ҳама табақаҳои ҷомеа, бахусус барҷомондагону собиқадорон изҳори сипос карданд.
Ба истифода додани Маҷмааи “Дуои Модар” дар шаҳри Кӯлоб
23.10.2022
23 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон Маҷмааи “Дуои Модар”-ро мавриди истифода қарор доданд.
Дар маркази маҷмаа муҷассамаи Модар дар шакли “болои кат даст ба дуо бардошта” сохта шудааст. Дар фарҳанги мардуми тоҷик дуои Модар рамзи ҳифзу амонӣ, сабзишу пешрафт ва комёбиву муваффақиятҳо дониста мешавад.
Пасманзари муҷассамаро асари бадеии монументалӣ дар васфи Модар зеб медиҳад. Ин асар аз 6 қисм иборат аст ва ҳар яки онҳо заҳмату талошҳои шабонарӯзии Модар баҳри тарбия ва ба камол расонидани фарзандро инъикос мекунанд. Ҳамзамон дар ин асар расму ойин, рӯзгору пайкори мардуми тоҷик таҷассум ёфтааст.
Муҷассамаи “Дуои Модар” ва асари бадеии монументалӣ дар васфи Модар аз ҷониби ҳайкалтарошони маҳаллӣ, ки аъзои Иттифоқи рассомони Тоҷикистон мебошанд, бунёд ёфтааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар суханрониҳои худ азамату бузургии Модарро васф карда, дар ситоиши Модар фармудаанд: “Зан-Модар ибтидои ҳастии башарият, мабдаи меҳру вафо ва рамзи муҳаббату садоқат мебошад.”
Лоиҳаи иншоот аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии “Лоиҳакаш”-и шаҳри Кӯлоб таҳия шудааст. Фармоишгари иншоот Идораи сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб буда, пудратчӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Паргор” мебошад.
Дар ҳудуди маҷмаа фаввораҳо сохта шуда, чароғҳои замонавӣ насб гардидааст. Атрофи муҷассамаи Модар бо гулу буттаҳо ва дарахтони ороишӣ сабзкорӣ шуда, роҳравҳо сафолакпӯш гардидаанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохтмони Маҷмааи “Дуои Модар”-ро дар даромадгоҳи шаҳр иқдоми хубу шоистаи таҳсин хонда, ба тамоми дастандакорон изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.
Ифтитоҳи бинои баландошёнаи истиқоматӣ дар шаҳри Кӯлоб
23.10.2022
Дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Кӯлоб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳр бинои баландошёнаи истиқоматиро мавриди истифода қарор доданд.
Бино аз нуҳ ошёна иборат буда, дар ошёнаи якум маркази савдою хизматрасонӣ ва дар ҳашт ошёнаи дигар 40 ҳуҷра бунёд гардидааст.
Иншоот дар асоси лоиҳаи омоданамудаи ҶДММ “Идриси Ҷаҳон” аз ҷониби фармоишгар-пудратчӣ ҶДММ “Насим сохтмон” бо истифода аз масолеҳи хушсифати ватанӣ сохта шудааст.
Вобаста ба талаботи замони муосир, дар қисмати берунии бино таҷҳизоти каммасрафи равшанидиҳанда насб карда шудааст, ки шабонгоҳ бо рангҳои гуногун ба зебогии шаҳр ҳусни дигар зам мекунад. Гирду атроф ва ҳавлии бино пурра сафолакпӯш гардида, дар рафти корҳои сохтмонӣ беш аз 20 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин шудаанд. Бо мавриди истифода қарор гирифтани бино 40 оилаи дигар дар маркази шаҳр соҳиби манзили зист гардиданд.
Дар ошёнаи якуми бинои мазкур Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо 68 нафар ятими кулл аз шаҳрҳои Кӯлоб, Норак ва ноҳияи Шамсиддин Шоҳин мулоқот намуданд. Зимни мулоқот Президенти мамлакат кӯдакону наврасони ятимро, ки пурра дар таъминоти давлату Ҳукумат мебошанд, ба омӯзиши амиқи илму фан ва касбу кори гуногун ҳидоят намуданд.
Барои кӯдакони ятиму бепарастор дастурхони пурнозу неъмат густурда шуда, аз ҷониби Сарвари давлат ба ҳар яки онҳо туҳфаҳо тақдим гардид.
Ифтитоҳи бинои Коллеҷи технологияҳои инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб
23.10.2022
23 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Ҳаким Неъматови шаҳри Кӯлоб бинои Коллеҷи технологияҳои инноватсионӣ ва иттилоотӣ-коммуникатсиониро баъди таъмиру навсозӣ мавриди истифода қарор доданд.
Корҳои сохтмонӣ дар иншоот аз ҷониби мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Комил-2010” соли 2021 оғоз гардида, дар муҳлати пешбинигардида бо сифати баланд ва ба талаботи замони ҳозира ҷавобгӯ иҷро гардид. Дар рафти корҳои сохтмонӣ зиёда аз 20 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори муваққатӣ таъмин шуданд.
Бинои Коллеҷи технологияҳои инноватсионӣ ва иттилоотӣ-коммуникатсионии шаҳри Кӯлоб барои 460 донишҷӯ пешбинӣ гардида, дорои шароити муосири илмомӯзӣ ва аз худ кардани технологияҳои иттилоотӣ мебошад.
Иншооти мазкур дорои синфхонаҳои компютерӣ, электронӣ, толори маҷлисгоҳ, китобхона, лабаратория ва синфхонаҳои дарсӣ буда, барои донишҷӯён шароиту имконоти муосири аз худ кардани технологияҳои пешрафта муҳайё карда шудааст. Дар муассисаи нави таълимӣ ду кафедра, технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ ва радиоалоқа амал мекунад, ки мутахассисони ҷавон аз рӯи ихтисосҳои равияи техникӣ ва алоқа омода карда мешаванд.
Ба Пешвои миллат иттилоъ дода шуд, ки дар Коллеҷи технологияҳои инноватсионӣ ва иттилоотӣ-коммуникатсионии шаҳри Кӯлоб ба донишҷӯён, ки баъди хатми синфи 9 ва 11 қабул карда мешаванд аз рӯи 13 ихтисос касбу ҳунар омӯзонида мешавад.