Ба озмуни «Беҳтарин муаррификунандаи дастовардҳои шаҳри Кӯлоб»
РУШДИ МУАССИСАҲОИ ТОМАКТАБӢ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ
Дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат барои ба таҳсилоти томактабӣ фаро гирифтани кӯдакон, хусусан дар шаҳри Кӯлоб бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илм, ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр даҳҳо адад муассисаҳои томактабӣ ва марказҳои инкишофи кӯдак бо шароитҳои замони муосир сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.
Муассисаи таълимии томактабии «Ситора»-и назди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ аз ҷумлаи даргоҳест, ки фаъолияташ ба самти таълиму тарбияи кӯдакон нигаронида шудааст. Муассисаи мазкур асосан барои фарзандони устодону омӯзгорони Донишгоҳ таъсис дода шуда, ҳамчун базаи таҷрибавӣ дар назди донишгоҳ фаъолият мекунад, ки дар он донишҷӯёни факултаи омӯзгории шуъбаи таҳсилоти томактабӣ таҷриба меомӯзанд. Бино аз ду ошёна иборат буда, ҳуҷраҳои хобу ҷойи бозии кӯдакон бо тамоми шароитҳои лозима муҷаҳҳаз гардонида шудааст.
Даминзода Хатичамо, мудири кӯдакистон ҳангоми суҳбат ҷиҳати дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолии малмакат, нисбати муассисаҳои томактабӣ изҳори сипосу миннатдори карда, афзуд, ки айни замон дар кӯдакистон панҷ гурӯҳ бо 150 нафар кӯдак ба тарбия фаро гирифта шуданд, ки барои нигоҳубини онҳо шаш мураббия машғуликормебошанд.Баиттилоиномбурда,даркӯдакистончоргурӯҳбозабонитоҷикӣваякгурӯҳбозабонирӯсӣтаълиммегиранд.
Муассисаи таҳсилоти томактабии №3 бо номи «Парасту» аз ҷумлаи даргоҳи таълимиест, ки дар таълиму тарбияи насли наврас хусусан кӯдакон нақши арзанда дорад. Ҳарчанд бинои кӯдакистон солҳои шӯравӣ сохта шуда бошад ҳам, бо дастгирӣ ва маблағгузориҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва соҳибкорони маҳаллӣ бинои муассиса таъмири ҷорӣ гардида, синфхонаҳо бо мизу курсиҳои наву замонавӣ таъмин шудааст .Гулсара Денпанаева, мудири кӯдакистон дар суҳбат гуфт,ки кунун дар муассиса 12 гурӯҳи кӯдакон бо 282 кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шуданд, ки ба онҳо 12 муррабияи соҳибтахассус таълим медиҳанд. Номбурда ҳамчунин, изҳор дошт, ки бо дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб хусусан раиси шаҳр, барои таъмири ҷории муассиса ва иваз кардани тирезаҳои кӯдакистон аз буҷети маҳаллӣ маблағи120 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид. Инчунин, соли гузашта барои болопӯши бино 100 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида, он пурра аз таъмир бароварда шуд.
Ба ҳамин монанд, метавон Муассисаи томактабии №2–ро ҳамчун мисол овард, ки дар таълиму тарбияи насли наврас хусусан кӯдакон саҳми бағоят калон дорад. Муассиса зери роҳбарии Сафармо Шамсуддинова, ба дастовардҳои назарраси меҳнатӣ ноил гардидааст. Он соли 1954 сохта шуда, то имрӯз фаъолияти густурда дорад.
Тавре Сафармо Шамсуддинова, гуфт, ки айни ҳол дар кӯдакистон 170 кӯдак ба тарбия фаро гирифта шуданд, ки ба онҳо 6 мураббияи соҳибмаълумот таълим медиҳанд. Муассиса бо тамоми шароитҳои замони муосир муҷаҳҳаз гардонида шуда, синфхона ва ҷойи бозии кӯдакон ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ мебошад. Дар муассиса бо дастгирии ҳукумати шаҳри Кӯлоб рахти хоби кӯдакон ва мизу курсиҳои замонавӣ барои таълиму тарбияи наврасон харидорӣ шуда, ба талаботи рӯз ҷавобгӯ мебошанд.
Қадамшоҳ Ҳакимзода, мудири шуъбаи маорифи шаҳри Кӯлоб зимни суҳбат афзуд, ки ҳоло дар ҳудуди шаҳру деҳоти Кӯлоб ҳашт кӯдакистони давлатӣ ва се кӯдакистони хусусӣ фаъолият мекунанд, ки дар онҳо1280 нафар кӯдак ба тарбия фаро гирифта шуданд.
-Соли гузашта, - ба муносибати 30–юмин солагарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳаллаи Саддикови шаҳри Кӯлоб муассисаи томактабӣ бо фарогирии 250 кӯдак бо тамоми шароитҳои лозима аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ сохта ба истифода дода шуд. Ду боғчаи дигар, ки яке дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №50–и шаҳри Кӯлоб, дигар дар деҳаи Андароби ҷамоати деҳоти Кӯлоб бо фарогирии 280 кӯдак аз ҷониби Вазорати маориф ва илм сохтмонаш идома доранд,- изҳор намуд Қ. Ҳакимзода.
Исломи РАҶАБАЛӢ,
Рӯзноманигор
Санаи 30 сентябри соли равон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №45-и шаҳри Кӯлоб бо иштироки муовини раиси шаҳр Даминзода Арафамо ба муносибати Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ҳамоиши ҷашнӣ баргузор гардид.
Нахуст, муовини раиси шаҳри Кӯлоб Даминзода Арафамо суханронӣ намуда, паёми табрикотии раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Назарзода Бахтиёр Худоёрро ба саҳми ҳозирин расонид.
Қайд намуд, ки бо ба даст овардани истиқлолияти давлатии Ҷумњурии Тоҷикистон ва сулҳу оромии кишварамон зери сиёсати бобарору арзишманди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми ҷашнҳои милливу таърихиямон бо як шукуҳу шаҳомати хос ва арҷ гузоштан ба фарҳанги гузаштагонам дар як руҳияи худшиносию худогоҳи ва ифтихори миллӣ баргузор мегардад. Воқеан ҳам арҷгузорӣ ба фарҳангу тамаддуни оламгир ва мероси маънавии халқи тоҷик аз муҳимтарин ҷанбаи сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб рафта, «Дар шароити феълӣ, ки бархурди тамадунҳо дар ҷаҳон торафт тезу тунд мешавад, омӯхтан ва таҳқиқ кардани мероси бостонӣ, ҳифзи арзишу суннатҳои милливу мардумӣ ва ёдгориҳои таърихӣ аҳамияти махсус пайдо мекунад».
Сипас, директори генералии Муҷтамаи ҷумҳуриявии осорхонаҳои Кӯлоб Асозода Ҳотам баромад намуда, изҳор намуд, ки Мавлоно аз сермаҳсултарин адибони тоҷик буда, бо мероси адабии худ ҷаҳониёнро дар ҳайрат гузоштааст. Ҷалолиддини Балхӣ бо осори орифонаю безаволи худ, аз он ҷумла “Маснавии Маънавӣ”, бо гузашти асрҳо дили ҳаводорони каломи манзумро тасхир намудааст.
Ҳамчунин дар идомаи чорабинӣ шоираи ширинкалом Хосият Вализода баромад карда, иброз аз он дошт, ки Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ миёни сухансароён, шоирону орифони адабиёту фарҳанги оламшумули тоҷик ҷойгоҳи баланд дошта, бо эътибори андешаҳои ирфонӣ, ахлоқи, фалсафӣ ва афкори гаронқадри маънавии хеш беш аз 800-сол инҷониб маъруф аст.
Дар қисмати баъдии чорабинӣ хонандагони муассисаҳои таълимми шаҳр аз эҷодиёти Мавлоно Ҷалолиддин Балхӣ панду андарз ва шеърҳо қироат намуданд.
Дар охир ҳунармандони бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб баҳри болидаруҳии иштирокчиён барномаи омоданамудааи хешро пешинҳоди ҳозирин намуданд.
Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб
28 сентябри соли 2022 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб даъвати шашум баргузор гардид.
Дар кори иҷлосия роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр, муовинон ва роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Кӯлоб, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, сардорони раёсатҳо, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳо, масъулони муассисаҳои таълимию тиббии шаҳр, намояндагони васоити ахбори омма ва вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб иштирок доштанд.
Ҳамчунин дар иҷлосияи мазкур намояндаи вилояти Хатлон, муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ ширкат доштанд.
Дар иҷлосияи чордаҳум даъвати шашум раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Назарзода Бахтиёр Худоёр масъалаҳои ҷаласаро ба ҳозирин хотиррасон намуда рӯзномаи маҷлис тасдиқ гардид.
Сипас, аз рӯи масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис “Оид ба рафти иҷрои қарори раиси шаҳри Кӯлоб аз 4 феврали соли 2021, №66 “Дар бораи Барномаи давлатии ташкили таълим ва омӯзиши забонҳои рӯсӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030” дар шаҳри Кӯлоб Асозода Ҳотамшо, раиси Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб “Оид ба маориф, тандурустӣ, фарҳанг, илм, варзиш, сиёсати ҷавонон, зан ва оила” баромад намуд.
Дар идомаи муҳокимаи масъалаи мазкур мудири шуъбаи маорифи шаҳри Кӯлоб Ҳакимзода Қадамшоҳ баромад намуда изҳор дошт, ки соҳаи маориф яке аз соҳаҳои калидӣ ва омили асосии рушди ҷомеа ва миллат маҳсуб меёбад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маорифро соҳаи афзалиятнок шуморида, онро дар меҳвари сиёсати хирадмандонаи худ қарор додааст. Қайд намуд, ки “Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ба рушди таҳсилоти бисёрфарҳагию бисёрзабонии насли наврас мусоидат мекунад.
Аз рӯи масъалаи дуюми рӯзномаи маҷлис Мирзохонзода Шамсимад- вакил аз ҳавзаи интихоботии №39, раиси Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб “Оид ба саноат, сохтмон, нақлиёт, алоқа, энергетика ва хоҷагии манзилию комуналлӣ” баромад намуда оиди фаъолити Комиссияи мазкур ҳисобот пешниҳод намуд.
Ҳамчунин аз рӯи масъалаи сеюм ахбороти вакил аз ҳавзаи интихоботии №14, муовини раиси шаҳри Кӯлоб Даминзода Арафамо шунида шуд. Иброз намуд, ки Комиссия аз рӯи нақшаи машаххаси корӣ ва тибқи қарорҳои раиси Маҷлиси вакилони шаҳр муҳтарам Назарзода Бахтиёр фаъолият карда, ҷиҳати беҳтар намудани вазъи иқтисодии шаҳри Кӯлоб як қатор корҳоро ба анҷом расонидааст. Қайд карда шуд, ки имрӯз бо дастгириҳои бевоситоаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ба тавсиб расидааст, ки ин инъикоскунандаи сиёсати созандаву бунёдкоронаи Роҳбарияти Олии кишвар нисбат ба занон арзёбӣ гардидааст.
Дар идомаи ҷаласа раиси Комисияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб оид ба “Одоби вакилон”, вакил аз ҳавзаии интихоботии №33 Валиева Саъбагул оид ба фаъолият ва уҳдадориҳои ваколатҳои вакилии маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб гузориши дод.
Баъдан, вакилон аз рӯи масъалаи панҷуми рӯзнома лоиҳаи қарор оид ба қарорҳои раиси шаҳри Кӯлобро тасдиқ намуданд.
Дар ҳошияи иҷлосияи чордаҳум, даъвати шашуми маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ баромад намуда, нуқтаҳои муҳимии суханрониҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти фаъолияти соҳаи маориф бахусус омӯзиши забони русӣ ва англисиро ба ҳозирин ироа намуд.
Баъди муҳокимарониҳои масъалаҳои иҷлосия раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Назарзода Бахтиёр Худоёр аз масъулин даъват ба амал овард, ки дар иҷрои вазифаҳои ба зиммадошта масъулиятшинос буда, баҳри беҳбудии рӯзгори мардум саъюу талоши бештар дошта ҷиҳати вусъат додани корҳои ободониву созандагии шаҳри Кӯлоб саҳмгузор бошем.
Бахши матбуотии Миҳд-и шаҳри Кӯлоб
26 сентябри соли равон таҳти раёсати раиси шаҳр Назарзода Бахтиёр Худоёр дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҷиҳати дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба тақвият бахшидан ба раванди корҳои созандагию ободонӣ ва дар ин замина корбарию коргузориро беҳтар намудан ҷаласаи корӣ баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи раис ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони ташкилотҳо ва муассисаҳои таълимию тиббӣ, раисони ҷамоатҳо ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.
Дар ҷаласаи мазкур масъалаҳо таҳлили рафти бунёди корхонаву коргоҳҳои саноатӣ дар шаҳру деҳоти Кӯлоб, оид ба ҳолати ҷамъоварии зироатҳои кишоварзӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ, оид ба рафти корҳои омодагӣ ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, рафти обунашавии соҳаҳо ба рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳрӣ тибқи нақшаи тақсимот барои соли 2023, оид ба омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023, оид ба омодагии кӯчаву маҳаллаҳои шаҳр ва деҳот, рафти корҳои иншоотҳои бунёдшаванда ва дигар масъалаҳои ҷорӣ мавриди муҳокимаронӣ қарор дода шуд.
Зимни баррасии масъалаҳои рӯзномаи маҷлис раиси шаҳр ба масъулон ҷиҳати ба кор андохтани корхонаҳои саноатии аз фаъолият бозмонда, вусъат додани зироатҳои кишоварзӣ, махсусан ҷамъоварии ҳосили пахта ва сифатан иҷро намудани дурнамои пешбинишуда, дастрас гардидани сӯзишворӣ ва ангишт ба ташкилоту муассисаҳо, захираи хӯроки чорво барои давраи зимистон, вусъат додани корҳои созандагию ободонӣ ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ҳудуди тамоми маҳаллаҳои ҳудуди шаҳр ва ҷамоатҳо, батартибдарории роҳу кӯчаҳо, махсусан кӯчаҳои марказӣ, тозакунӣ аз партову ифлосиҳо, ба тартиб даровардани заминҳо, ивази шиору овезаҳо ва парчаму парчампояҳои фарсудашуда, насби шиору овезаҳо доир ба мавсим ва мавзӯҳои зарурӣ ва сифатнок ба итмом расонидани иншоотҳои ҷашнӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд, ва таъкид намуданд, ки дар муҳлатҳои кутоҳтарин супоришҳои додашударо иҷро намоянд.
Дар охир, роҳбарияти шаҳр зикр намуд, ки дар партави сиёсати хирадмандонаю дурбинона ва инсонпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамбастагӣ ҷиҳати иҷрои саривақтию сифатноки дастуру супориш ва ҳидоятҳои Ҷаноби Олӣ ҳар яки моро мебояд бо истифода аз тамоми имкониятҳо тадбирҳои заруриро амалӣ намоем, то ба пешрафтҳои навин сазовор гардем.
Бахши матбуотии Миҳд-и шаҳри Кӯлоб