"Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббускори сатҳи ҷаҳонӣ"
Дар конференсия мазкур раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, аҳли илму адаб, фаъолон ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.
Чорабинии мазкур бо садо додани Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.
Сипас, роҳбарияти шаҳри Кӯлоб суханронӣ намуда, изҳор доштанд, ки дар доираи қатъномаи Маҷмааи умумии Созмони Миллали Муттаҳид соли 2025 ҳамчун "Соли байналмиллалии ҳифзи пиряхҳо" эълон гардида, аз оғози соли 2025 ба баъд ҳар сол рӯзи 21 март ҳамчун рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо таҷлил карда мешавад. Ин руйдоди воқеан таърихӣ бори дигар мавқеи Тоҷикистонро ҳамчун кишвари соҳибистиқлол, ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ дар арсаи ҷаҳонӣ мустаҳкамтар намуда, обруву нуфузи тоҷиконро ҳамчун миллати башардӯсту тамаддунофар боз ҳам баландтар меозад.
Дар идома ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек дар мавзӯи "Истиқболи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ташаббусҳои байналмиллалии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи пиряхҳо", мушовири ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, ховаршинос Зафар Мирзоён, дар мавзӯи "Ташаббуси байналмиллалии Пешвои миллат дар бунёди илми пиряхшиносӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон",Шералӣ Гадоев устоди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар мавзӯи "Нақши Пешвои миллат дар омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо" маърӯзаҳои пурмуҳтаво пешниҳод намуданд. Дар охир шоири Халқии Тоҷикистон Устод Ҳақназар Ғоиб чунин ташаббусҳои беназири Сарвари давлатро хуб арзёбӣ намуд.
Бо ҳамин конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони "Эмомалӣ Раҳмон -ташаббускори ҳалли масоили об дар сатҳи ҷаҳон" хотима ёфт.
Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб
Ҳамватанони азиз,
Барои мо сокинони озоди Тоҷикистони соҳибистиқлол боиси ифтихор аст, ки ташаббуси панҷуми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи об санаи 14 декабри соли 2022 аз ҷониби Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид якдилона ва бо қабули қатъномаи махсус тасдиқ гардид.
Ёдовар мешавем, ки дар доираи қатъномаи мазкур соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардида, аз оғози соли 2025 ба баъд ҳар сол рӯзи 21 март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо таҷлил карда мешавад.
Ба ин муносибат ҳамаи Шуморо табрику муборакбод мегӯем!
Ин рӯйдоди воқеан ҳам таърихӣ бори дигар мавқеи Тоҷикистонро ҳамчун кишвари соҳибистиқлол, ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ дар арсаи ҷаҳонӣ мустаҳкамтар намуда, обруву нуфузи тоҷиконро ҳамчун миллати башардӯсту тамаддунофар боз ҳам баландтар месозад.
Бояд қайд намоем, ки нахустин ташаббуси ҷаҳонии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи об ҳанӯз соли 2003 қабул гардида буд. Яъне соли 2003 аз ҷониби Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо ташаббуси Тоҷикистон Соли байналмилалии “Оби тоза” эълон гардид. Минбаъд, солҳои 2005-2015 – Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” эълон карда шуд.
Дар ин миён, баҳри ҷалби таваҷҷуҳи тамоми кишварҳои ҷаҳон ба масъалаи норасоии оби тоза дар сайёра ва ҳамкории ҳамаҷониба дар ин самт ташаббуси нави Тоҷикистон пазируфта шуда, соли 2013 – Соли байналмилалии “Ҳамкорӣ дар соҳаи об” эълон гардид.
Ташаббуси чоруми Тоҷикистон дар соҳаи об, ки аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфт, ин эълон намудани солҳои 2018-2028 Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” мебошад.
Ташаббуси панҷуми Тоҷикистон, тавре дар боло зикр гардид, ба ҳифзи пиряхҳо дахл дорад, ки манбаи асосии оби ошомиданӣ ба ҳисоб мераванд. Ҳамзамон, пиряхҳо дар баробари манбаи асосии оби тоза будан, инчунин аз аҳамияти баланди ҳаётӣ бархурдоранд ва тақдири минбаъдаи сайёра аз онҳо вобаста аст. Бо назардошти тағйирёбии босуръати иқлим дар ҳолати ба таври дахлдор наандешидани чораҳои дастаҷамъона дар ин самт сайёра ба ҳодисаҳои фалокатбори экологӣ рӯбарӯ мегардад. Яъне ин пешниҳоди Тоҷикистон на танҳо барои кишвари мо, балки барои мардуми тамоми сайёра иқдоми саривақтӣ ва наҷотбахшанда аст.
Ин иқдом бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари аз вартаи парокандагӣ наҷот додани миллати тоҷик дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, имрӯзҳо дар андешаи наҷоти мардуми сайёраи Замин аз вартаи хатарҳои экологӣ мебошад. Ҳамзамон, дар шароити аз лиҳози сиёсӣ мураккаб шудани авзои ҷомеаи ҷаҳонӣ ироаи чунин пешниҳод ба муттаҳид шудани мардуми ҷаҳон баҳри пешгирӣ аз мусибатҳои табиӣ, ки оқибатҳои он аз хатарҳои ҷанги нави ҷаҳонӣ кам нестанд, мусоидат мекунад. Яъне ин пешниҳод пайғоми сулҳу дӯстӣ ва иттифоқу ягонагӣ барои кулли мардуми сайёра ба ҳисоб меравад.
Дар охир, ҳамаи Шумо ҳамдиёрони азизро бори дигар ба муносибати қабул гардидани ташаббуси панҷуми Тоҷикистон дар соҳаи об табрику муборакбод намуда, ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар саргаҳи ин ташаббусҳо меистанд, арзи сипосу миннатдории кулли сокинони Кӯлобшаҳри бостониро мерасонам.
Ташаккур ба диққататон!
Дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷадвали тасдиқгардидаи раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, Раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр ва дигар шахсони масъул сарбозони Дидбонгоҳи “Шоҳон”-и ноҳияи Шамсиддини Шоҳинро аёдат намуданд.
Раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр аз шароити хизмати сарбозон, фаъолияти афсарон ҳамчунин сайқали маҳорати сарбозон пурсон гардида, аз тартибу низом ва нигаҳдории онҳо изҳори қаноатмандӣ кард.
Дар ин замина ба бошандагони дидбонгоҳи мазкур кӯмакҳои моддӣ аз қабили орд, равған, гушту биринҷ, пиёз, картошка, намак, сабзӣ, равған, шакар ва дигар маводҳои хӯрокаи лозима расонида шуд .
Бояд қайд намоем, ки амалигардии чунин иқдомҳои созанда боиси хушҳоливу рӯҳбаландии сарбозон гардида, миннадории самимии хешро ба роҳбарияти давлату ҳукумат махсусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд.
Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб