Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол баргузор мешавад.
Озмун бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии кишвар, аз ҷумла тарбиягирандагон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо), калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун (омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат ва дигар табақаҳои аҳолии кишвар) доир мегардад.
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ низ дар ин озмун фаъолона иштирок намуда, дар даврҳои шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ сазовори ҷойҳои намоён гардиданд.
Акнун даври ҷумҳуриявии озмун ҷамъбаст гардид ва дар натиҷа Муҳтарамаи Зиёвуддин, донишҷӯи соли 3-юми факултети филологияи хориҷии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз рӯи номинаи "Адабиёти ҷаҳон" ҷойи 2-юм ва Абдураҳимзода Ҳабиба, донишҷӯи соли 2-юми факултети филологияи рус аз рӯи номинаи "Адабиёти классикии тоҷик" ҷойи 2-юмро насиб шуданд.
Субҳи имрӯз ғолибон ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абубадуллоҳи Рӯдакӣ омаданд. Дар саҳни донишгоҳ ғолибонро ректори донишгоҳ доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек, муовини раиси шаҳри Кӯлоб Орзу Ҳамидиён, раёсати донишгоҳ ва донишҷӯён пешвоз гирифтанд.
Зимни чорабинии тантанавӣ профессор Раҳмон Дилшод Сафарбек зикр намуданд, ки тамоми кӯшишу заҳматҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри ободии кишвар буда, ташкили чунин озмунҳо заминаи хубе барои китобхон кардани мардум аст. Сипас ин музаффариятро ба донишҷӯён ва роҳбаронашон самимона табрик гуфта, дар корҳои минбаъдаашон барор хост.
Инчунин Орзу Ҳамидиён низ суханронӣ намуда, ғолибонро табрик кард ва аз саҳми назарраси омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳ ёдовар шуд.
Баъдан ғолибони озмун Муҳтарама ва Ҳабиба ва волидайнашон баромад намуда, сипосгузории хешро ба Пешвои миллат баён доштанд.
Бознашр аз Рӯзномаи Анвори Дониш
Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP