Санаи 3 сентябри соли равон дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб бо иштироки раиси шаҳр Назарзода Бахтиёр Худоёр рӯзи қабули шаҳрвандон баргузор гардид.
Дар рӯзи қабул ҳамчунин муовини якум, муовинони раиси шаҳр, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва масъулони шуъбаву бахшҳои сохторҳои дастгоҳи раиси шаҳр иштирок доштанд.
Дар қабули навбатии шаҳрвандон раиси шаҳри Кӯлоб арзу матлаби зиёда аз 60 - нафар сокинони шаҳру деҳоти Кӯлобро шунида, ҷиҳати ҳаллу фасли масоили рӯзмараи шаҳрвандон ба масъулони соҳаҳои марбута супоришҳои мушаххас доданд.
Бояд қайд кард, ки сокинони шаҳри Кӯлоб ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе барои ҳаллу фасли масъалаҳои гуногуни рӯзмара ба раиси шаҳр муроҷиат менамоянд.
kabul
Зимни қабули шаҳрвандо маълум гардид, ки аксарияти сокинон оид ба масъалаҳои расонидани кӯмаки молиявӣ, ҷудо кардани қитъаи замини наздиҳавлигӣ, таъмини оби нушокӣ, ҳуҷҷатгузории манзили истиқоматӣ, таъсиси хоҷагиҳои деҳқонӣ, таъмиру тармими рохҳо ва амсоли инҳоро ба роҳбарияти шаҳр иброз намуданд.
Раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Назарзода Бахтиёр Худоёр пас аз шунидани муроҷиатҳои сокинон ба масъулини сохторҳои шаҳрӣ дастур дод, ки ба масъалаи баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон ва бартараф намудани мушкилоти ҷойдоштаи сокинон эътибори ҷиддӣ диҳанд ва дар кутоҳтарин муҳлат мушкилотҳои онҳоро бартараф намоянд. Инчунин дар дар қабули навбатӣ ба як нафар сокини шаҳри Кӯлоб, ҷамоати деҳоти Зиракӣ 1 адад аробачаи маъюбӣ расонида шуд.
Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб
Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP