Санаи 3 июни соли 2022 дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб тамошои дастаҷамъонаи филми «Шикасти фитна» бо иштироки муовини раиси шаҳр Ҳамидиён Орзу ва кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давалатӣ баргузор гардид.
Ҳадафи тамошои филми мазкур баланд бардоштани сатҳи огоҳии кормандони мақомот аз ҳодисаҳои нанговар дар ВМКБ, пешниҳоди далели ҳуҷҷатӣ ва дарки ҳақиқат мебошад.
Дар якҷоягӣ кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб рафтор ва амалҳои нопоки душманони миллатро маҳкум намуда, тасмим гирифтаанд, ки далелҳои дар филми “Шикасти фитна” қайд гардидаро ҳамчун асос барои баланд бардоштани худогоҳии мардум истифода мебаранд.
Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояшон қайд намуданд, ки «Ҳар як фарди бедордили ҷомеа, ҳар як шаҳрванди бонангу номуси Тоҷикистон, ки барояш Ватан ва сарзамини аҷдодӣ қадру манзалат дорад, бояд сулҳу ваҳдатро чун гавҳараки чашм ҳифз карда, барои ободиву пешрафти кишвар ҷаҳду талош намояд».
Вале бисёре аз шаҳрвандон махсусан нафароне ҳастанд, ки пайваста ба вартаи мафкураи нопоки сохташудаи афроди нохалаф ворид шуда, дар ин гирдоби нангин ба ҷиноятҳои махсусан вазнин, ки хатари ҷиддиро ба давлатдории миллӣ эҷод мекунад, даст мезананд.
Филми ҳуҷҷатии «Шикасти фитна» ин ошкоркунандаи ҳақиқати нооромиҳои рӯзҳои 14 -18 майи соли 2022 дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Рӯшон мебошад ва ҳар яки моро водор месозад, ки дар пайравӣ аз сиёсати Пешвои муаззами миллат зиракии сиёсиро аз даст надода, сулҳу ваҳдатро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем.
Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб
Тибқи нақшаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҳар ҳафта ҷаласаи назоратӣ оид ба соҳаи комуналӣ ва хизматрасонӣ дар маҳалҳо ба мардум гузаронида мешавад.
Аз ҷумла, ҷаласаи навбати оид ба соҳаи коммуналӣ ва хизматрасонӣ таҳти раёсати муовини раиси шаҳри Кӯлоб Ҳамидиён Орзу баргузор гардид, ки дар он роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, роҳбарияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сардорони қитъаҳои истифодабарии манзил ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.
Дар ҷаласа масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаи комуналӣ ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба мардум мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб
Боиси хурсандист, ки ҳамасола дар саросари кишварамон 1 июн ҳамчун Рӯзи байналмиллалии муҳофизати кӯдакон бо тантана таҷлил мегардад. Бо ин мақсад санаи 1 июни соли равон дар боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо иштироки раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр ва дигар шахсони масъул чорабинии идона баргузор гардид.
Нахуст, роҳбарияти шаҳр аз намоиши ҳунарҳои дастии хурдсолон – тарбиятгирандагони боғчаҳои бачагона ва муассисаҳои таълимии шаҳр дидан намуданд. Зимни боздид аз намоишгоҳи ҳунарии кӯдакону наврасон роҳбарият ба дастандаркорони намоиши ҳунарӣ баҳои баланд доданд.
Сипас, чорабинии тантанавӣ ба сухани ифтитоҳии Раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр оғоз гардида, ҳамаи кӯдакону наврасон ва иштирокчиёни чорабиниро ба ин санаи фархуда табрику муборакбод намуд.
Қайд гардид, ки дар кишвари азизамон аз тарафи давлату Ҳукумат ва аҳли ҷомеа ба тарбияи насли наврас аҳамияти ҳамаҷониба дода мешавад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо иброз доштаанд, ки танҳо насли навраси аз ҷиҳати зеҳнӣ ва ҷисмонӣ солим метавонад дар оянда барои ҳалқу миллат хизматҳои арзанда кунад. Ба ин хотир, дар кишварамон аз 22 июни соли 2019 “Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025” амал мекунад. Мақсад аз таҳияи барномаи мазкур беҳтар намудани шароит ва сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои томактабӣ ва ба танзим даровардани системаи тарбияи кӯдакони синни томактабӣ мебошад.
Ҳамчунин, дар ин рӯз ба як қатор фаъолони шаҳр барои саҳми арзанда гузоштан дар таълиму тарбияи насли наврас, дар замири кӯдакони парвардаи меҳру муҳаббат ба Ватан ва тарғиби меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” бо Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб қадрдонӣ карда шуданд.
Инчунин дар идомаи чорабинӣ роҳбарияти шаҳр ба кӯдакону наврасон тӯҳфаи хотиравӣ тақдим намуд.
Дар охир ба иштирокчиён чорабинии фарҳангии омоданамудаи бахши фарҳанг, тарбиятгирандагони кӯдакистонҳо ва муассисаҳои таълимии шаҳри Кӯлоб пешкаш гардонида шуд.
Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар Ташкилоти ҷамъиятии «Заршедабону» -и шаҳри Кӯлоб чорабинии идона баргузор гардид. Ки дар он намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва масъулони бахшҳои марбута иштирок намуданд.
Дар оғози чорабинӣ меҳмонон аз дастовардҳо ва шароити буду боши таълимгирандагони ташкилоти мазкур ошноӣ пайдо намуданд.
Баъдан,мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Кӯлоб Давлатҷон Ғаффорзода зимни суханронии хеш кӯдакону наврасонро ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон табрику муборакбодӣ намуда, аз ҷумла иброз дошт, ки дар партави сиёсати инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишварамон ба тарбияи кӯдак ва ташаккули тарзи ҳаёти солими насли наврас ва таълиму тарбияи онҳо диққати ҷиддӣ дода мешавад.
Ҳамзамон, роҳбари ташкилоти ҷамъиятии Заршедабону Қаламнисо Абдулқайюмова аз моҳияти таваҷҷуҳи мақомоти маҳаллӣ ба таълиму тарбияи насли ояндаи ҷомеа ёдовар шуд. Мавсуф бо қаноатмандӣ аз дастгирӣ ва ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат ҷиҳати пуштибонӣ аз ҳуқуқи кӯдакон ва муҳайё намудани шароити мусоиду замонавӣ барои кӯдакони имконияташон маҳдуд, иброз дошт, ки бо шарофати соҳибистиқлолӣ ва таваҷҷуҳи ҳамагонӣ ба тарбияву ташаккули зеҳнии кӯдакон дар оянда аз миёни онҳо беҳтарин кадрҳои хизматгори содиқи Ватан ба воя хоҳанд расид.
Дар идомаи чорабинии мазкур барномаи омода намудаи тарбиятгирандагони ташкилоти ҷамъиятии Заршедабону бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон пешниҳоди ҳозирин гардонида шуд.
Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб