5 сентябри соли равон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр ҷаласаи назоратӣ баргузор гардид.

jalas

Дар кори ҷаласа муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи раис ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, намояндагони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, раисони маҳаллаву  ҷамоатҳо ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.

Дар ҷаласаи мазкур масъалаҳои кадрӣ,  оид ба таъмини иҷрои супоришҳои қаблӣ, оид ба рафти даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, рафти корҳои омодагӣ дар иншоотҳои ҷашнӣ, дар бораи рафти иҷрои нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб вобаста ба истиқболи ҷашни 31- солгаии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, оид ба рафти амалишавии қарори раиси шаҳри Кӯлоб аз 19 майи соли 2022, №222 “Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти шаҳру деҳоти Кӯлоб барои фаъолияти мунтазам ва самарбахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023” ва дигар масъалаҳои ҷорӣ мавриди муҳокимаронӣ қарор дода шуд.

jalas 2

Нахуст, дар ҷаласа   фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъин гардидани  Одиназода Латофат Амиршо, ба вазифаи директори   Муассисаи давлатии Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Кӯлобро ба ҳозирин расонида шуд. 

Сипас, аз рӯи масъалаи дуюми рӯзномаи маҷлис роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр  Абдуллоев Файзулло оид ба супоришҳои дар маҷлиси қаблӣ додашуда  ҳисобот дод.

         Ҳамзамон дар кори ҷаласа вобаста   ба рафти даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориши муовини раиси шаҳри Кӯлоб Орзу  Ҳамидиён шунида шуд.

Роҳбарияти шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр ба масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва комиссариати ҳарбӣ оид ба   ҷалби ҷавонписарони синни даъваташон 1995-2004 ба курсҳои кӯтоҳмуддати ронандагӣ, гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо     волидайни ҷавонон ҷиҳати сафарбарнамоии ҷавонони ихтиёрӣ ба сафи Қувваҳли Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дастуру супоришҳо мушаххас доданд.   

         Тибқи банди чорум ва панҷуми  рӯзнома маҷлис мудири шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб Аҳмадзода Қурбон ва  мудири шуъбаи бахши фарҳанг Зокирзода Раҳмон оид ба рафти корҳои омодагӣ дар иншоотҳои ҷашнӣ ва   дар бораи рафти иҷрои нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб вобаста ба истиқболи ҷашни 31- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намуданд.

Дар идомаи кори ҷаласаи муовини якуми раиси шаҳри Кӯлоб Ташрифзода Мунавваршо оид ба рафти амалишавии қарори раиси шаҳри Кӯлоб аз 19 майи соли 2022, №222 “Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти шаҳру деҳоти Кӯлоб барои фаъолияти мунтазам ва самарбахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023” ҳисобот дод.  Номбурда оид ба раванди муассисаҳои соҳаи маорифу тандурустӣ, фарҳанг, шабакаҳои барқӣ, хоҷагиҳои камуналӣ ва дигар сохторҳо ҳисоботи муфассал пешниҳод кард. Зимни ҷаласа роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ба масъулин оид ба фаъолияти дурусти системаҳои гармидиҳии муассисаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва дигар ташкилоту муассисаҳо дастурҳои мушаххас дода шуд.

Зикр намуд, ки ҷавобан ба ғамхорӣ ва дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҶумҳурииТооҷикистон ҳар яки моро мебояд корро боз ҳам беҳтару хубтар намоем.

Ҳамчунин дар кори ҷаласа масъалаҳо оид ба иҷроиши пардохти андоз ва  дар сатҳи баланд баргузор намудани 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

  Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб

Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP