Санаи 7-8 июни соли равон дар толори Қасри фарҳанги ба номи Рустами Абдураҳими шаҳри Кӯлоб бо иштироки наврасону ҷавонони боистеъдод даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» дар бахшҳои гуногуни ҳунарӣ баргузор гардид.
Озмуни мазкур бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардида, он ба муносибати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат, баланд бардоштани мақому маҳорати касбии ҷавонону наврасон, тақвият бахшидан ба касбияти баланди ҳунари иҷрокунандагӣ, сатҳи касбии асарҳои нави мусиқӣ, интихоби намунаҳои беҳтарини оҳангу сурудҳои тараннумгари дастовардҳои замони Истиқлолияти давлатӣ ва тарғибу ташвиқи анъанаҳои арзишманди миллию мероси пурғановати ниёгон ташкил гардидааст.
Дар озмун ҷавонон ва наврасон шеъру суруд ва оҳангҳои нав, асарҳои мусиқии композиторони ватанӣ ва ҷаҳонӣ, намунаҳои мусиқии анъанавӣ, академӣ ва муосири тоҷикро, ки ба талаботи низомнома ва шартҳои озмун ҷавобгӯянд, пешниҳод намуданд.
Бояд гуфт, ки баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» дар даврони ҷаҳонишавии фарҳангҳо ба тарбияи ватандӯстиву хештаншиносии миллӣ ва тарбияи маънавии ҷомеа махсусан ҷавонону наврасон нақши басо муҳим арзёбӣ гардид.
Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб
Санаи 6 июни соли равон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҷаласаи назоратии назди раиси шаҳр Назарзода Бахтиёр Худоёр баргузор гардид.
Дар ҷаласа муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳ, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, сардорони раёсатҳо, раисони ҷамоатҳои деҳот, директорони ташкилоту муассисаҳо ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.
Ҷаласаро ба сухани муқаддимавӣ раиси шаҳр ифтитоҳ бахшида, изҳор намуданд, ки дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебояд корбарию коргузориро дар ҳама самтҳо ҳамарӯза ҷоннок намоем, то дар пешрафти шаҳрамон ҳиссагузор бошем.
Дар идомаи ҷаласа роҳбари дастгоҳи шаҳр Файзулло Абдуллоев оид ба рафти иҷрои супоришҳои протоколии дар маҷлиси қаблӣ додашуда ҳисобот пешниҳод намуд.
Сипас, тибқи банди 2-и рӯзномаи маҷлис оид ба фаъолияти бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Кӯлоб Марям Саймуминзода баромад намуда, изҳор доштанд, ки бахши САҲШ-и шаҳри Кӯлоб ҷиҳати амалӣ намудани сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қайди давлатӣ гирифтани асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ташаккули маърифати ҳуқуқии кормандони САҲШ ва аҳолӣ, фарҳанги оиладории ҷавонон, танзими муносибатҳои оилавӣ, тарбияи маънавӣ ва ахлоқии фарзандон дар оила, қабул ва баррасии саривақтии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ва нақша чорабиниҳои мақомоти дахлдор нақши муносиб гузошта истодааст.
Баъдан, мудири бахши саноат, энергетика ва нақлиёту комуникатсияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб Абдуразоқ Хуҷамқулов оид ба рафти духти либосҳои мактабӣ дар корхонаҳои дузандагии шаҳр ва таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо либосҳои мактабӣ суханронӣ намуд.
Ҳамчунин, дар маҷлиси назоратӣ сармутахассис-ҳуқуқшиноси дастгоҳи раиси шаҳр Амирҷон Гулмадов оид ба пешниҳодҳои Прокуратураи шаҳри Кӯлоб ва муовини сардори қисми 33-юми ҳарбикунонидашудашудаи хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Кӯлоб Иброҳимзода Бобоҷон Хайримад оид ба ҷамъбасти машқи тактикии Хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Кӯлоб дар бозори “Саховат баромад намуданд.
Дар идомаи кори ҷаласаи имрӯза инчунин, масъалаҳои вобаста ба гузоштани номҳои тоҷикӣ, ҷиҳати пешгирӣ намудани пошхӯрии оилаҳо корҳои фаҳмондадиҳиро аз ҷониби шахсони масъул зиёдтар ба роҳ мондан, ҳамчунин таъмини хонандагон бо либосҳои мактабӣ, оид ба иҷроиши андозҳо, рафти кишти пахта ва ғалладонагиҳо, фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, сохтмону бунёди иншоотҳо ва назорати қатъии он аз ҷониби сармеъмори шаҳр, таъмини об ба аҳолӣ ва дигар масъалаҳои ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Баъди баррасии масъалаҳои ҷаласаи мазкур раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр ба роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Роҳбарияти Олии мамлакат, иҷрои супоришҳои қаблии раиси шаҳр, дастурҳои маҷлиси навбатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, вусъати корҳои ободонӣ, ташкили дурусти корҳо ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз супоришҳои мушаххас доданд.
Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб
Санаи 4 июни соли равон бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо минтақаи озоди иқтисоди “Кӯлоб” дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб вохӯрии роҳбарияти шаҳр бо намояндагони ширкати “ДСТ-Урал”-и Федератсия Россия баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ намояндагони шаркати номбурда маҳсулоти истеҳсолшавандаашонро ба таври рӯнамо ба ҳозирин муаррифӣ намуданд.
Дар ҷараёни ин мулоқот ҷонибҳо доир ба самтҳои асосии фаъолияти ширкати “ДСТ-Урал”-и Федератсия Россия табодули назар карданд.
Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб
Ҳамасола санаи 5-июн ҳамчун рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи муҳити зист дар саросари кишвар қайд карда мешавад.
Бо ин мақсад санаи 4 июни соли 2022 бахшида ба рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Кӯлоб чорабинии тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Кӯлоб Давлатҷон Ғаффорзода, роҳбарияти ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб Қурбон Соҳибов инчунин, дигар шахсони масъул иштирок доштанд.
Нахуст, меҳмонон аз намоиши дастовардҳои хонандагои ташкилоту муассисаҳои шаҳр оид ба тозагӣ ва ҳифзи муҳити зист дидан намуданд.
Сипас, дар чорабинӣ мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Кӯлоб Давлатҷон Ғаффорзода суханронӣ намуда, табрикоти роҳбарияти шаҳри Кӯлобро ба бахшида ба рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи муҳити зист ба ҳозирин расонид.
Зимни суханронӣ изҳор дошт, ки бодастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз лаҳзаҳои аввалини сарварии хеш дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат дар қатори тақвият додани соҳаҳои иқтисодии мамлакат ба масълаҳои соҳаи ҳифзи муҳити зист аҳамияти хоса дода, барои таъмини амнияти санитарию экологии шаҳру кишвари азизамон ғамхории доимӣ зоҳир менамоянд.
Дар идома роҳбарияти ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб Қурбон Соҳибов баромад намуда қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари дорои сарватҳои пурғановати табиӣ, чашмаҳои мусаффову обҳои шифобахш ва кўҳҳои ба монанди мардумаш сарбаланд мебошад. Ватандўстии мо дар он зоҳир мегардад, ки ба қадри ин ҳама неъматҳои дар табиати диёрамон мавҷудбуда, бирасем.
Ҳамчунин, дар чорабинии имрӯза ба як қатор фаъолони шаҳри Кӯлоб барои саҳми арзанда гузоштан дар беҳдошти ҳифзи муҳити зист ва баланд бардоштани маърифат ва тарғиби экологии аҳолӣ Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.
Дар охир, барномаи омоданамудаи бахши фарҳангии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давалти шаҳри Кӯлоб хешро пешкаши ҳозирин гардонида шуд.
Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб