Санаи 1 сентябр Маросими ифтитоҳи мактабҳои нав бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин ба таври маҷозӣ сурат гирифт.

         Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон    дар маросими ифтитоҳи 5 мактаби миёнаи русӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ карданд.

maktab 3

Нахуст оид ба охирин омодагиҳо ба расми ифтитоҳи муассисаҳои нави таълимӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода ва Вазири маорифи Федератсияи Русия Сергей Кравтсов маълумот доданд.

Ба Сарони давлатҳо ва дигар иштирокчиёни маросими ифтитоҳи мактабҳои наву замонавӣ оид ба ҷараёни татбиқи лоиҳаҳои бунёди муассисаҳои таълимӣ видеофилми кутоҳ пешкаш карда шуд.

Бояд қайд кард, ки дар шаҳри Кӯлоб аз ҳисоби заминҳои қисми ҳарбии 13483 “Б” барои сохтмони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии таҳсилоташ бо забони русӣ барои 1224 хонанда дар асоси розигии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон майдони умумии 3 га замин дар асоси қарори раиси шаҳри Кӯлоб аз 24 майи соли 2018, №289 ҷудо гардида ва бо шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ таъмин гардидааст.

Корҳои сохтмонӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии таҳсилоташ бо забони русӣ барои 1224 хонанда, воқеъ дар хиёбони Исмоили Сомонӣ соли 2021 оғоз гардид.

Дар маросими ифтитоҳи он ҳамчунин раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр ва дигар шахсони масъул  иштирок доштанд.

Сипас, дар маросими ифтитоҳи 5 мактаби нави русӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин бо нутқи пурмуҳтаво оид ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои равобити ду кишвар, бахусус дар бораи самараи ҳамкориҳои судманд дар соҳаи илму маориф суханронӣ карданд.

Баъди суханронӣ Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Владимир Путин дар вазъияти тантанавӣ барои буридани лентаи рамзӣ ва ба фаъолият оғоз кардани мактабҳои наву замонавии русӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат доданд.

maktab 2

Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб

Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP