Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб тамоми сокинони бонангу номус ва ватанпарвари шаҳри Кӯлобро ба фарорасии 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик менамояд.
Барои мо сокинони шаҳри Кӯлоб, ки ҷузви ҷудонопазири халқи хушбахту босаодат ва шарафманди Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳастем, мояи ифтихору сарбаландист, ки бо шарофати сиёсати оқилонаву хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 9-уми сентябрро ҳамчун солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои сулҳу субот, ҳамдигарфаҳмиву якдилӣ ва Ваҳдати миллӣ истиқбол мегирем.
Истиқлолият дар таърихи давлатдорӣ ва сарнавишти миллати тоҷик гардиши куллӣ ва оғози марҳилаи сифатан нави рушдро ба вуҷуд оварда, дар назди мо иҷрои вазифаи бисёр пурмасъулияти таърихӣ, яъне бунёди давлати мутамаддини ҷавобгӯ ба манфиатҳои халқу мамлакат ва эҷоди аркони давлатдории муосирро пеш гузошт.
Мардуми баору нанги шаҳри Кӯлоб, якҷо бо дигар фарзандони озодихоҳи кишвар, ки дар марҳилаҳои душвортарин барои ҳимояи арзишҳо ва мустаҳкам гардидани пояҳои Истиқлолияти давлатӣ фидокориву азхудгузариҳо нишон додаанд, имрӯзҳо бо шукргузорӣ аз фазои орому осудаи кишвар ба корҳои созангӣ рӯ овардаанд.
Ҳамакнун, ки аз 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқбол гирифта, ба остонаи 35-солагии ин ҷашни муқаддас қадам мегузорем, ба ин муносибат дар тамоми гушаву канори ватанамон, аз ҷумла шаҳри Кӯлоб таҳти сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои ободониву бунёдкорӣ бо маром ҷараён доранд. Ҷавобан ба ин таваҷҷуҳу дастгириҳо мо мардуми Кӯлобшаҳри бостонӣ дар роҳи пойдор нигоҳ доштани Истиқлолияти давлатӣ, таҳкими дастовардҳои он, дӯст доштани Ватан, ҳимояи марзу бум ва эҳтиром ба фарҳангу арзишҳои олии милливу давлатдорӣ саҳми арзандаи худро мегузорем.
Имрӯз вобаста ба талаботу таҳаввулоти ҷомеаи ҷаҳонӣ мо миллати соҳибтамаддунро зарур аст зиракиву ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем. Мо ҳамчун пайравони воқеии роҳи ҳидоятнамудаи Пешвои миллат ҳастии худро барои таҳким ва рушди Истиқлолияти давлатӣ бахшида, нерӯи созандаи хешро баҳри шукуфоиву пешрафти ватани азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол сафарбар менамоем.
Бо ин нияту таманниёт бори дигар ҳамаи Шумо сокинони меҳанпарасти шаҳри Кӯлобро ба фарорасии санаи муқаддаси миллӣ – 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику шодбош гуфта, бароятон дар роҳи ҳифзи Истиқлолият ва таҳкими дастовардҳои он муваффақият ва барои Тоҷикистони азиз Истиқлолияти абадӣ ва суботу оромии сартосариро таманно менамоем!
Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бод!