987
Ба муносибати Рӯзи Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри бостонии Кӯлоб маросими бошукӯҳи идона баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 40 ҳазор сокинону меҳмонон бо рӯҳияи болидаву ҳисси ифтихору сарфарозӣ аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ширкат варзиданд.
Маросими идонаи “Файзи Истиқлол” аз намоиши дастовардҳои илмиву фарҳангӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ мардуми шарафманди шаҳри Кӯлоб ҳусни оғоз ёфта, меҳмонон аз кашфиётҳои олимону маҳсули эҷодии адибон ва натиҷаҳои истеҳсолии соҳаҳои саноату кишоварзӣ ва дигар самтҳои хоҷагии халқи шаҳри Кӯлоб ошноӣ пайдо намуданд.
Аз ҷумла, намоишгоҳи дастовардҳои илмиву эҷодии муасссиаҳои олии таълимӣ, колеҷу омӯзишгоҳ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Кӯлоб баёнгари фароҳам гардидани шароиту имкониятҳои мусоид ҷиҳати рушди илму маориф арзёбӣ мегардид, ки дар замони соҳибистиқлолӣ олимону пажӯҳишгарон ва устодони забардасти риштаҳои гуногуни илму адаб бо эҷоди садҳо асарҳои илмиву бадеӣ дар рушду нумӯи самтҳои гуногуни соҳаи маориф саҳми арзандаи худро гузоштаанд.
Истиқлоли давлатӣ имкон фароҳам овард, ки миллати тамаддунофари тоҷик бо эҳёи дубора фарҳанги волои ниёгони худро рушду нумӯъ бахшида, гулу чакандӯзи гулбасту бофандагӣ ва дигар ҳунарҳои қадимии халқи тоҷикро ҳамчун мероси фарҳангии башар муаррифӣ намуданд. Қобили зикр аст, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ маҳсули ҳунарҳои қадимии пешаварону кадбонуҳои чирадасти Кӯлоби бостонӣ ба ҳусни намоишгоҳҳои фарҳангӣ ва иду ҷашнвораҳои миллӣ шукуҳу шаҳомати хоса мебахшанд.
Дар ин рӯз ҳамчунин, саноатчиёну кишоварзон ва намояндагони идораву такшилотҳои гуногуни шаҳр беҳтарин намунаҳои истеҳсолиии худро пешкаши меҳмонону иштирокчиён гардонида буданд.
Баъди намоиши дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ дар Маҷмӯаи фарҳангии Амфитеатри шаҳри Кӯлоб маросими расмии бахшида ба ҷашни 31-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Нахуст, раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр меҳмонону сокинонро ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ табрику муборакбод намуда, иброз дошт, ки мардуми сарбаланди Тоҷикистон, аз ҷумла, сокинони шаҳри бостонии Кӯлоб бо шукргузорӣ из сулҳу ваҳдати миллӣ ва ҷонибдорӣ аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, саҳми арзанда гузоштан дар корҳои ободонӣ ва рушду нумӯи Ватани азизро вазифаи муқаддаси хеш дониста, баҳри ҳифзи арзишҳои муқаддас, таъмини осоиштагӣ ва суботи амнияти ҷомеа ҳамеша омода мебошанд. Саҳмгузорӣ дар раванди корҳои ободонӣ ба истиқболи ҷашнҳои фархундаи кишвар ва азму талош ҷиҳати рӯи даст гирифтани ташаббусҳои созандаву ояндасоз аз ҷониби сокинони ватандӯсти шаҳри бостонии Кӯлоб далели садоқату самимияти мардум нисбат ба Пешвои муаззами миллат ва сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.
Дар идомаи маросими расмии бахшида ба ҷашни 31-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳачунин, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим суханронӣ намуда, бо ёдоварӣ аз дастовардҳои меҳнатии заҳматкашони шаҳри Кӯлоб солҳои соҳибистиқлолии кишварро муҳимтарин даврони рушду ободонии ин гӯшаи диёр арзёбӣ дошт. Мавсуф, бо қаноатмандӣ аз саъю талоши сокинони меҳандӯсти шаҳри бостонии Кӯлоб дар самти ободонӣ ва афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти маҳалӣ, қайд намуд, ки татбиқи барномаҳои гуногуни давлатӣ дар самти рушду пешрафти соҳаҳои гуногнуи шаҳри Кӯлоб, фароҳам овардани шароиту имкониятҳои мусоид ва дар умум таъмини зиндагии шоистаи мардум мавриди таваҷҷуҳи ҳамешагии роҳбарияти олии кишвар қарор дорад.
Сипас, Файзуллозода Заробиддин, муовини раиси вилояти Хатлон ва дигар меҳмонони расмӣ сокинони шаҳри Кӯлобро ба фарорасии ҷашни пуршукӯҳи Истиқлоли давлатӣ табрику муборакбод намуданд.
Мавриди зикр аст, ки дар арафаи ҷашни 31-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чаҳор нафар фаъолони соҳаҳои гуногуни шаҳри Кӯлоб бо мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ шудаанд. Дар идомаи маросими тантанавӣ меҳмонони расмӣ якчанд нафар фаъолони шаҳри бостонии Кӯлобро ба медали “Хизмати шоиста” ва Ифтихорномаи мақомоти иҷроияи ҳокимията давлатии шаҳри Кӯлоб сарфароз намуданд.
Баъдан, барномаи театрикунонидашудаи аҳли фарҳанг ва ҳаваскорони шаҳри Кӯлоб пешкаши иштирокчиён гардид. Ҳамин тавр, шоми ҷашни Истиқлоли давлатӣ бо иштироки даҳҳо ҳазор сокинону меҳмонон бо шукуҳу шаҳомати хоса баргузор шуд, ки лаҳзаҳои фараҳбахши он дар хотироти иштирокчиён нақш хоҳад баст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP