Имрӯз, 12 сентябри соли ҷорӣ дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати муовини якуми раиси шаҳри Кӯлоб Ташрифзода Мунаваршо ҷаласаи назоратӣ баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи раис ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, намояндагони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои таълимӣ ва тиббӣ, раисони ҷамоатҳо, имомхатибон ва дигар шахсони масъул ширкат доштанд.
Дар ҷаласаи мазкур оид ба рафти даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, рафти корҳои омодагӣ дар иншоотҳои сохташаванда, рафти иҷрои нақшаи обуна ба рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳрӣ, иҷрои кишти тирамоҳӣ ва дигар масъалаҳо мавриди муҳокимаронӣ қарор дода шуд.
Аз рӯи масъалаи якум муовини раиси шаҳри Кӯлоб Ҳамидиён Орзу оид ба рафти даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳозири ҳисобот пешниҳод намуд. Дар идомаи баррасии масъалаи мазкур изҳор гардид, ки тибқи нақшаи тасдиқгардида ҳар як масъулинро мебояд дар муҳлати кутоҳтарин дастуру супоришҳоро иҷро намоянд .
Тибқи рӯзномаи маҷлис мудири шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб Аҳмадзода Қурбон оид ба рафти иншоотҳои сохташаванда дар шаҳру деҳоти Кӯлоб ва муовини раиси шаҳри Кӯлоб Даминзода Арафамо оид ба рафти иҷрои нақшаи обуна ба рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва маҳаллӣ муфассал ҳисобот доданд.
Ҳамчунин дар кори ҷаласа масъалаҳо оид ба иҷроиши пардохти андоз, сари вақт пешниҳод намудани ҳисоботҳои оморӣ аз ҷониби масъулон, тоза ва озода намудани гирду атрофи ташкилоту муассисаҳо, оид ба рафти кишти зироатҳои кишоварзӣ ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Зикр гардид, ки дар доираи дастуру супоришҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар яки моро мебояд, ки корбариро дар самтҳои рушди иқтисодию иҷтимоии хоҷагии халқ боз ҳам беҳтару хубтар ба роҳ монда то дар рушду пешрафти шаҳри азизамон ҳиссагузор бошем.
Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб тамоми сокинони бонангу номус ва ватанпарвари шаҳри Кӯлобро ба фарорасии 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик менамояд.
Барои мо сокинони шаҳри Кӯлоб, ки ҷузви ҷудонопазири халқи хушбахту босаодат ва шарафманди Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳастем, мояи ифтихору сарбаландист, ки бо шарофати сиёсати оқилонаву хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 9-уми сентябрро ҳамчун солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои сулҳу субот, ҳамдигарфаҳмиву якдилӣ ва Ваҳдати миллӣ истиқбол мегирем.
Истиқлолият дар таърихи давлатдорӣ ва сарнавишти миллати тоҷик гардиши куллӣ ва оғози марҳилаи сифатан нави рушдро ба вуҷуд оварда, дар назди мо иҷрои вазифаи бисёр пурмасъулияти таърихӣ, яъне бунёди давлати мутамаддини ҷавобгӯ ба манфиатҳои халқу мамлакат ва эҷоди аркони давлатдории муосирро пеш гузошт.
Мардуми баору нанги шаҳри Кӯлоб, якҷо бо дигар фарзандони озодихоҳи кишвар, ки дар марҳилаҳои душвортарин барои ҳимояи арзишҳо ва мустаҳкам гардидани пояҳои Истиқлолияти давлатӣ фидокориву азхудгузариҳо нишон додаанд, имрӯзҳо бо шукргузорӣ аз фазои орому осудаи кишвар ба корҳои созангӣ рӯ овардаанд.
Ҳамакнун, ки аз 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқбол гирифта, ба остонаи 35-солагии ин ҷашни муқаддас қадам мегузорем, ба ин муносибат дар тамоми гушаву канори ватанамон, аз ҷумла шаҳри Кӯлоб таҳти сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои ободониву бунёдкорӣ бо маром ҷараён доранд. Ҷавобан ба ин таваҷҷуҳу дастгириҳо мо мардуми Кӯлобшаҳри бостонӣ дар роҳи пойдор нигоҳ доштани Истиқлолияти давлатӣ, таҳкими дастовардҳои он, дӯст доштани Ватан, ҳимояи марзу бум ва эҳтиром ба фарҳангу арзишҳои олии милливу давлатдорӣ саҳми арзандаи худро мегузорем.
Имрӯз вобаста ба талаботу таҳаввулоти ҷомеаи ҷаҳонӣ мо миллати соҳибтамаддунро зарур аст зиракиву ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем. Мо ҳамчун пайравони воқеии роҳи ҳидоятнамудаи Пешвои миллат ҳастии худро барои таҳким ва рушди Истиқлолияти давлатӣ бахшида, нерӯи созандаи хешро баҳри шукуфоиву пешрафти ватани азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол сафарбар менамоем.
Бо ин нияту таманниёт бори дигар ҳамаи Шумо сокинони меҳанпарасти шаҳри Кӯлобро ба фарорасии санаи муқаддаси миллӣ – 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику шодбош гуфта, бароятон дар роҳи ҳифзи Истиқлолият ва таҳкими дастовардҳои он муваффақият ва барои Тоҷикистони азиз Истиқлолияти абадӣ ва суботу оромии сартосариро таманно менамоем!
Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бод!
Таҳти ин унвон дар толори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бо ташаббуси шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб бахшида ба 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.
Дар конференсияи мазкур мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Нозимзода Фариштамо, ноиби ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Шарофат Худойдодова, сардори раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Самариддинова Зайнаб, декани факултети филологияи рус, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент, Шарипова Одинамо, номзади илмҳои таърих, мудири кафедраи таърихи халқи тоҷик, Холмуродзода Меҳрафрӯз, саромӯзгори кафедраи забоншиносӣ ва таърихи забон, Кенҷаева Озодамо ва ҳайати омӯзгорону донишҷӯён ширкат доштанд.
Нахуст бо сухани ифтитоҳӣ дотсент Шарофат Худойдодова суханронӣ намуда ҳозиринро ба ин санаи фархунда, 31 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд. Қайд намуд, ки Ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз аз оғози Истиқлолият вобаста ба тахкими макому манзалат ва таъмини риояи хукуки конститутсионии занон тамоми тадбирҳои заруриро андешида, мутобиқи меъёрҳои чомеаи демократӣ, хуқуқбунёд ва дунявӣ амалӣ мегардонад.
Сипас, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Нозимзода Фариштамо тамоми занони шаҳри Кӯлобро ба ин ҷашни бузурги миллии халқи тоҷик самимона табрик намуд. Изҳор дошт, ки занону бонувон дар ҷомеа қувваи бузург буда, бо шукргузорӣ аз ваҳдату якдилӣ, сулҳу субот ва фазои тинҷу ороми кишвар дар тамоми соҳаҳои хоҷагиҳои халқи мамлаат фаъолияти босамар доранд.
Дар идомаи конференсия дотсент Шарипова Одинамо дар мавзӯи “Сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат дар замони сиҳибистиқлолии кишвар”, дотсент Холмуродзода Меҳрафрӯз дар мавзӯи “Зан ва Истиқлолият”, саромӯзгор Кенҷаева Озодамо дар мавзӯи “Нақши зан дар замони Истиқлол” маърузаҳои худро ироа намуданд.
Дар охир, конференсияи мазкур бо саволу ҷавоб ва музокираҳои омӯзгорону донишҷӯён ҳусни анҷом ёфт.
Шамсия Наврӯзова, мутахассиси пешбари бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб