Дар минтақаи мазкур тибқи қарорҳои раиси шаҳр ба 11 нафар қитъаҳои замин барои сохтмони корхона ва коргоҳҳои саноатӣ дода шуд.
Дар ин замина бо мақсади хубтару беҳтар гардидани корхонаҳои саноатӣ тибқи нақша чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҳар ҳафта вохӯрӣ бо роҳбарону соҳибмулкони корхонаҳои саноатӣ ва корхонаҳои сохташаванда дар минтақаи саноатӣ баргузор карда мешавад.
Ин навбат санаи 15 июли соли равон вохӯрии муовини якуми раиси шаҳри Кӯлоб Ташрифзода Мунавваршо бо роҳбарони корхонаҳои саноатӣ ва соҳибкорон баргузор гардид.
Дар вохӯрии мазкур масъалаҳо оид ба сохтмону бунёди корхонаҳои саноатӣ ва назорати қатъии он аз ҷониби масъулин, иҷрои пардохти сарвақтии андозҳо, ҳамчунин фаъолияти хуби корхонаҳои саноатӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Санаи 14 июли соли равон раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, собиқадорони меҳнат, модарони Кӯлобшаҳр, волидони хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар шахсони масъул ба аёдати сарбозони қисми низомии 13483 “Д”-и шаҳри Кӯлоб ташриф оварда, аз вазъи шароитҳои истироҳату фароғати хизматчиёни ҳарбӣ аз наздик шинос шуданд.
Зимни суҳбату вохӯриҳои меҳмонон бо хизматчиёни ҳарбӣ раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр изҳор доштанд, ки маҳз бо шарофати ғамхориҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва хизмати садоқатмандонаи ҳайати шахсии Қувваҳои мусаллаҳ, мақомоти қудратии мамлакат дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ имконияти мустақилона ҳимоя намудани марзи Ватанро ба даст овард ва имрӯз ҷавонони ватандӯсти моро месазад, ки дар ҳимояи марзу буми кишварамон ҳамеша омода бошанд.
Тазаккур бояд дод, ки дар идомаи вохӯрӣ волидони сарбозон суханронӣ намуда, аз ободиву сулҳу осоиштагии Тоҷикистони биҳиштосоямон изҳори андеша намуданд ва таманно намуданд, ки ҳамеша Тоҷикистони азизамон гул-гуншуфон бошаду сулҳу ваҳдат пойдор бимонад.
Ҳамчунин, дар ин рӯз модарони рӯзгордида нону дигар дастранҷҳои ҳунарии худро пешкаши сарбозон намуданд.
Зикр кардан ба маврид аст, ки дар идомаи боздид аз қисми низомии 13483 “Д”-и шаҳри Кӯлоб маводҳои хӯрока дар шакли орд, равған, картошка, пиёз, макарон ва полезиҳо дастрас гардид.
Инчунин, ба китобхонаи қисми ҳарбӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ба хотири баланд бардоштани маърифатнокии хизматчиёни ҳарбӣ ва тарғиби ғояҳои ватандӯстии ҷавонон беш аз 1000 нусха адабиёти бадеии тозанашр тақдим карда шуд.
Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб
Боиси зикр аст, ки санаи 8 июл ҳамчун Рӯзи маъюбон ва пиронсолон дар Тоҷикистон қайд карда мешавад. Бахшида ба ин рӯз санаи 8 юли соли 2022 дар боғи фарҳангӣ-фароғатӣ ба номи Мир Сайи Алии Ҳамадонӣ чорабинии бошукуҳ баргузор карда шуд.
Нахуст, иштирокчиён аз намоиши ҳунарҳои маҳсули дастии маъюбон боздид намуда, ба ҳунари волои ин табақа баҳои баланд доданд.
Сипас, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ин табақаи эҳтиёҷманди чомеаро ба муносибати ҷашнашон табрику таҳният намуда, изҳор дошт, ки таваҷҷӯҳу ғамхорӣ ба маъюбону пиронсолон, шахсони яккаву танҳо ва ба меҳрубонӣ ниёздошта дар меҳвари сиёсати хирадмандона Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад ва ин ҳама натиҷаи сиёсати инсондӯстона аст, ки имрӯз дар тамоми муассисаҳои соҳа, аз қабили марказҳои хизматрасонии иҷтимоӣ ва мактаб-интернатҳои шаҳр тамоми шароитҳои зарурӣ барои зиндагӣ ва кору истироҳати қишри ниёзманди ҷомеа фароҳам оварда шуда, аёдати онҳо дар арафаи иду айём ба таври мунтазам ба роҳ монда мешавад.
Дар идомаи чорабинӣ ба як қатор фаъолон барои саҳми арзанда гузоштан дар тарбияи нафарони имконияташон маҳдуд бахшида ба Рӯзи маъюбон дар Тоҷикистон бо Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб сарфароз гардонида шуданд.
Дар охир барномаи пурмуҳтавои фарҳангӣ аз тарафи санъаткорони шинохтаи бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва маъюбони боистеъдод пешниҳоди ҳозирин гардонида шуд.
Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб
Санаи 8 июли соли 2022 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҷаласаи ҷамъбастии натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Кӯлоб дар шашмоҳаи якуми соли 2022 бо иштироки Азим Иброҳим, намояндаи Ҳукумати мамлакат, Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Назарзода Бахтиёр Худоёр, раиси шаҳри Кӯлоб, Қурбонзода Амирхон, муовини раиси вилояти Хатлон ва кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб доир гардид.
Нахуст, роҳбарияти шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр, дар ҷаласаи ҷамбастӣ суханронӣ намуда, изҳор дошт, ки дар давраи сипаригашта сокинони шаҳри Кӯлоб ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон баҳри расидан ба нишондиҳандаҳои назаррасу арзандаи меҳнатӣ, аз тамоми имконот самараноку оқилона истифода бурда, бо фаъолияти аҳлонаву содиқонаи худ ба раванди пешрафту тараққиёти диёри биҳиштосоямон вусъати тоза бахшида, дар шашмоҳаи соли 2022 ба тақвияти корҳои созандагиву бунёдкорӣ заминаҳои мусоиду устувор гузошта истодаанд.
Сипас, дар маҷлиси васеи фаъолони шаҳри Кӯлоб оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Кӯлоб дар шашмоҳаи соли равон ҳисоботи муовини якуми раиси шаҳр Ташрифзода Мунаваршо, муовини раиси шаҳр Орзу Ҳамидиён, Асозода Манучеҳр, Сардори раёсати агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукмати Ҷумҳурии Тоҷикистон ждар шаҳри Кӯлоб, Аҳмадзода Қурбон, мудири шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар назди ҳозирин шунида шуд.
Дар идомаи ҷаласаи ҷамъбастӣ, аз ҷониби баромадкунандагон қайд гардид, ки дар шашмоҳаи соли 2022 мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” фаъолият намуда, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (21 декабри соли 2021), дастуру супоришҳое, ки дар Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 январи соли 2022 “Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021 ва вазифаҳо барои соли 2022” ва машварати кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони вилояти Хатлон дар ноҳияи Данғара 18 июни баён гардид, ба роҳбарӣ гирифта, дар шашмоҳаи соли 2022 ҷиҳати пешбурди иқтисодиёту иҷтимоиёт корҳои муайянро ба сомон расонида, ба нишондодҳои назаррас ноил гардидааст.
Ҳамчунин, дар ҷараёни маҷлиси фаъолон Раиси шаҳри Кӯлоб, иҷрои саривақтии нақшаи андоз, оид ба таъмину либосҳои мактабӣ ба таълимгирандагон, ҷиҳати кишти такрорӣ ва самаранок истифода бурдани қитъаҳои замини наздиҳавалигӣ, баҳри рушди соҳаи саноат ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, ба кор андохтани корхонаҳои бозистода, таъмини босифати барқ, кишту истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, корҳои ободонию созандагӣ, таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокиву полезӣ, рушди соҳаи сайёҳӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ, ҷалби мутахассисони ҷавони соҳаҳои маорифу тандурустӣ ба кор, пешгирии ҷудошавии оилаҳо ба масъулин дастуру супоришҳои махсус дод.
Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб