Имрӯз, 21 ноябри соли равон дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҷаласаи назоратии назди раиси шаҳр Назарзода Бахтиёр Худоёр аз рӯи масъалаҳои дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани Рӯзи Парчами миллӣ, ҷамъовари намудани ҳосили пахта, иҷрои нақшаи обуна ба рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳрӣ, оид ба татбиқи омӯзиши талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар ташкилоту муассисаҳо ва ҷамоатҳои деҳот” баргузор гардид.
Дар ҷаласа муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳ, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, сардорони раёсатҳо, масъулони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои деҳот, сардорони қитъаҳои истифодабарии манзили шаҳр ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.
Нахуст, раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр рӯзномаи маҷлисро ба ҳозирин шинос намуд. Изҳор гардид, ки бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар яки моро мебояд корбариро беҳтару хубтар намоем то ба ҳадафҳои ниҳоӣ ва рушду пешрафти шаҳрамон ҳиссагузор бошем.
Сипас, аз рӯи масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис муовини раиси шаҳри Кӯлоб Арафамо Даминзода нақшаи тасдиқнамудаи раиси шаҳри Кӯлобро барои дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабинии рӯзи Парчами миллӣ ба масъулин шинос намуд.
Аз рӯи масъалаи дигари рӯзномаи маҷлис мудири шӯъбаи кор бо кадрҳо ва дастгоҳи раиси шаҳри Кӯлоб Шарипов Фирӯз оид иҷрои супоришҳои дар маҷлиси қаблӣ додашуда ҳисобот пешниҳод намуд.
Зимни баррасии масъалаи мазкур оиди хушсифат ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахта, шудгор намудани заминҳо барои кишти ғалладонагиҳои барвақтӣ, тартиб додани нақшаи дурнамои пахта барои соли 2023, иҷрои нақшаи обуна ба рӯзномаҳо аз ҷониби ташкилоту муассисаҳои дахлдор, сафарбар намудани ҷавонон ба сафи қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмин намудани қувваи барқ ба тамоми аҳолии ҷамоату деҳоти шаҳри кӯлоб, риояи ботартиби хизматрасонии хатсайрҳо ба аҳолӣ ва дигар масъалаҳо мавриди муҳокимаронӣ қарор дода шуд.
Бо ҳамин тартиб мудири шуъбаи умумӣ ва муроҷиати шаҳрвандони дастгоҳи раиси шаҳри Кӯлоб Раҳмонов Икром оид ба татбиқи омӯзиши талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар ташкилоту муассисаҳо ва ҷамоату деҳоти шаҳри Кӯлоб” баромад намуд.
Ҳамчунин муовини якуми раиси шаҳри Кӯлоб Ташрифзода Мунаваршо оид ба иҷрои нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта, муовини раиси шаҳр Даминзода Арафамо оиди иҷрои нақшаи обуна ба рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳрӣ, сармутахассис-ҳуқуқшиноси дастгоҳи раиси шаҳр Амирҷон Гулмадов оид ба пешниҳодҳои Прокуратураи шаҳри Кӯлоб дар назди ҳозирин маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.
Баъди баррасии масъалаҳои ҷаласаи мазкур раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр ба масъулини ташкилоту муассисаҳо бо мақсади вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ, ташкили дурусти корҳо дар самти ҷамъоврии ҳосили пахта, иҷрои дурусти нақшаи андоз, дар муҳлати камтарин иҷро намудани нақшаи обуна ба рӯзномаҳо, сари вақт тоза намудани ҷӯйборҳои ҳудуди шаҳр ва ҷамоатҳо ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб
Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP