15 ноябри соли равон дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Назарзода Бахтиёр Худоёр ҷаласаи назоратӣ баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи раис ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони ташкилотҳо, раисони ҷамоатҳо, сардорони қитъаҳои истифодабарии манзил ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.
Дар ҷаласаи мазкур масъалаҳо оид ба таъмини иҷрои супоришҳои қаблӣ, оид ба фаъолияти ҷамъиятҳои мусофирбарӣ ва тибқи ҷадвали тасдиқгардида риояи ҳаракати нақлиёти мусофирбар дар хатсайрҳо, оиди иҷрои нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта, ҷиҳати обуна ба рӯзномаҳои маҳаллӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ, оид ба рафти иҷрои нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои ҷорӣ мавриди муҳокима қарор дода шуд.
Сипас, аз рӯи масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳр Шарипов Фирӯз оид ба супоришҳои дар маҷлиси қаблӣ додашуда ҳисобот дод.
Ҳамзамон тибқи тартиби рӯзномаи ҷаласа мудири бахши саноат, энергетика ва нақлиёту камуникатсияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Хуҷамқулов Абдураззоқ оид ба фаъолияти ҷамъиятҳои мусофирбарӣ ва тибқи ҷадвали тасдиқгардида риояи ҳаракати нақлиёти мусофирбар дар хатсайрҳо баромад намуд.
Дар идома роҳбарияти шаҳр ба масъулини мақомот ва роҳбарони ҷамъияти мусофирбарӣ дар хатсайрҳо ҷиҳати хизматрасониро дар сатҳи баланд ба роҳ мондан, корро чоннок намудан дар ин самт ва тибки конун амал кардани ронандагон супоришҳои мушаххас доданд.
Бо ҳамин тартиб муовини якуми раиси шаҳри Кӯлоб Ташрифзода Мунаваршо оид ба ҷамъоварии ҳосили пахта, муовини раиси шаҳр, Даминзода Арафамо оид ба иҷрои нақшаи обуна ба рӯзномаҳо ва Орзу Ҳамидиён, муовини раиси шаҳр, ҳамзамон раиси комиссия, ҷиҳати иҷрои нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намуданд.
Роҳбарияти шаҳри Кӯлоб муҳтарам Назарзода Бахтиёр Худоёр зимни баррасии масъалаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб барои дар муҳлати камтарин иҷрои намудани нақшаи даъват дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Ҳамчунин дар кори ҷаласа масъалаҳо ҷиҳати саривақт иҷро намудани нашаи обуна ба рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳрӣ, шинонидани гулҳои мавсимӣ дар назди ҳамаи ташкилоту муассисаҳо, вусъат додани корҳои ободонӣ, Раванди коргузории хатсайрхоро, ба танзим даровардани воситаи харакати наклиёт ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб
Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP