Дар назди Муҷтамаи 2700 солагии шаҳри Кӯлоб бо иштироки Раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Назарзода Бахтиёр Худоёр, фаъолону адибон ва сокинони касбу кори гуногуни шаҳр Соли нави мелодӣ бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил карда шуд.
Қайд гардид, ки соли равон барои халқи тоҷик аз ҳама ҷиҳат бобарору пур аз руйдодҳои муҳим буд. Имсол 31 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30 солагии Иҷлосияи таърихию тақдирсозии ХVI – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саросарии кишвар бо шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта шуданд. Ба пешвози ин санаҳои муҳими таърихӣ дар мамлакат ҳазорон иншооти хурду бузурги таъиноти гуногун сохта шуданд ва мавриди истифода қарор гирифтанд.
Сипас, собиқадорони соҳаи маориф Аслбӣ Шарифова ва НозимТалаб баромад карда ҳозиринро ба ин муносибат самимона табрик намуданд.
Дар охир аз тарафи бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва ҳунармандони санъати кишвар барномаи рангину шавқовар пешкаши аҳли сокинон гардонида шуд.

Бахши матбуотии Миҳд-и шаҳри Кӯлоб