Бо мақсади омодагии дасатаҳои Лигаи Олӣ ба мавсими нави футбол дар шаҳри Кӯлоб вохӯрии раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Назарзода Бахтиёр Худоёр ва директори дастаи “Равшан”-и Кӯлоб Ғайраталӣ Мираҳмадов бо масъулини Федератсияи футболи Тоҷикистон таҳти роҳбарии ноиби Президенти федератсия Алишер Урунов, директори Лигаи футболи Тоҷикистон Сайвалӣ Шоҳқурбонов ва ҳамзамон сардори раёсати иншоотҳои варзишии ФФТ Раҳмон Муртазоев баргузор шуд.
Дар ин вохӯрӣ ҳамзамон муовини раиси шаҳри Кӯлоб оид ба соҳаи маънавиёт, ҷавонон ва варзиш Орзу Ҳамидиён ва директори МД Мактаби варзишии шаҳри Кӯлоб Баҳром Рустамов иштирок намуданд.
Нахуст бо истифода аз фурсати муносиб ноиби Президенти федератсия Алишер Урунов раиси шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назарзода ва сарпарасти генералии даста ҶДММ “Ҳоҷӣ Шариф”-ро барои ишғоли мақоми 2-юми “Равшан”-и Кӯлоб дар Чемптонати Тоҷикистон табрику шодбош гуфтанд.
Ҳамзамон иттилоъ доданд, ки дастаи “Равшан” яке аз роҳхатҳои Ҷоми КФО-ро дар соли 2023 ба даст оварда дар оғози мавсим барои “Шоҳҷоми Тоҷикистон-2023” бо дастаи “Истиқлол”-и Душанбе майдондорӣ менамояд.
Раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр якҷо бо масъулини ФФТ масъалаҳои рушди васеъи футбол дар ин шаҳри бостонӣ, ҳамзамон футболи кӯдакону наврасон, бонувон, футболи толорӣ, омодагии варзишгоҳи марказӣ ба мавсими нав ва қабули бозиҳои Осиёиро дар шаҳри Кӯлоб мавриди баррасӣ қарор доданд.
Аз ҷониби масъулини ФФТ изҳор гардид, ки таи ду соли охир дастаи “Равшан”-и Кӯлоб дар Чемпионати Тоҷикистон бидуни ягон камбудӣ молиявӣ ва дигар мушкилиҳо бозиҳои худро баргузор намуданд ва дар натиҷа даста тавонист, ки яке аз мақомҳои ифтихориро соҳиб гардад.
Ҳамзамон дар рафти суҳбат директори Лигаи футболи Тоҷикистон Сайвалӣ Шоҳқурбонов оид ба ҳуҷҷатгузории даста барои ҷоми КФО, омодагии чаманзори варзишгоҳи Кӯлоб барои мавсими нав ва иҷрои талаботҳои комисияи шаҳодатномакунонӣ фикру андешаҳои худро иброз намуда омодагии худро барои мусоидат ба қабули бозиҳои Осиёӣ дар шаҳри Кӯлоб иброз доштанд.
Дар анҷоми суҳбат раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Назарзода Бахтиёр Худоёр ҷиҳати дастгирии ҳамаҷонибаи Клуби футболи “Равшан”-и Кӯлоб дар мавсими нав барои бозиҳои Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ, иштироки фаъолонаи даста дар Ҷоми КФО ва дастгирии дастаҳои наврасону бонувон якҷо бо сарпарасти генералии даста ҶДММ “Ҳоҷӣ Шариф” изҳори андеша намуданд.
Ҳамасола санаи 3-юми декабр ҳамчун Рӯзи байналмилалии маъюбон дар саросари ҷаҳон муайян карда шудааст.
Бо ин мақсад имрӯз дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи байналмиллалии маъюбон чорабинии идона баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр, собиқадорону фаъолони шаҳр ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.
Нахуст, меҳмонон аз намоиши маҳсули дастони нафарони имконияташон маҳдуд, ки ба намоиш гузошта шуда буд, дидан намуда ба ҳунари волои онҳо баҳои баланд доданд.
Сипас, раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Назарзода Бахтиёр Худоёр суханронӣ намуда, аз дастгириву ғамхориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахусус, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба шахсони имконияташон маҳдуд ёдовар шуд.
Дар идома роҳбарияти шаҳри Кӯлоб ба як қатор мутахассисон барои саҳми арзанда гузоштан дар тарбияи кӯдакони имконияташон маҳдуд, риояи меъёрҳои Қонуну Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон” дар соҳаи хизматрасонии иҷтимоӣ бо Ифтихорнома ва Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияити давлатии шаҳри Кӯлоб тақдим намуд. Ҳамчунин ба 20 нафар маъюбон аробачаҳои маъюбӣ тақдим карда шуд.
Дар ин руз аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ба беш аз 200 нафар шахсони имконияташон маҳдуд дастархони идона ороста шуд.
Дар интиҳои чорабинӣ кормандони Бахши фарҳанги шаҳри Кулоб барномаи омоданамудаи худро пешкаши меҳмонон намуданд.
Мавриди зикр аст, ки волидону пайвандони шахсони имконияташон маҳдуд аз ин ҳама таваҷҷуҳу дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯҳбаланд гардида, бо шукргузорӣ аз ҳаёти осоиштаву шароиту имкониятҳои мавҷуда,худ низ баҳри хушбахтиву саодати маъюбон саъю кӯшиши бештар менамоянд.
Бахши матбуотии МИҲД шаҳри Кӯлоб
Имрӯз, 23-юми ноябри соли 2022 бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар толори Қасри фарҳанги ба номи Рустами Абдураҳими шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона доир гардид.
Дар чорабинии идона роҳбарият, кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, масъулину кормандони ташкилоту муассисаҳои шаҳрӣ, кормандони ВАО-и кишвар, собиқадорону фаъолони соҳаҳои гуногун ва ҳамчунин дигар сокинони касбу кори гуногун иштироки фаъол доштанд.
Сипас, меҳмонону иштирокчиён бо мақсади арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ дар назди пояи Парчами давлатӣ гулчанбар гузоштанд.
Дар идома чорабинии идона бо роҳпаймоии зиёда аз 5 ҳазор нафар фаъолону собиқадорони меҳнат ва кормандони касбу кори гуногун бо шиору овезаҳои нақши Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз майдони марказӣ то Қасри Фарҳанги ба номи Рустами Абдураҳими шаҳри Кӯлоб идома ёфт.
Дар ҳамин рӯз дар толори дар толори Қасри фарҳанги ба номи Рустам Абдураҳимови шаҳри Кӯлоб маросими расмии бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ доир гардид.
Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид. Сипас бо сухани табрикоти роҳбарияти шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр баромад намуда тамоми сокинони Кӯлобшаҳри бостониро ба ин муносибати Рӯзи Парчами давалатӣ табрик намуд.
Қайд гардид, ки Парчам яке аз рамзҳои асосии истиқлолияти давлат мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳтади миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд, ки «Дар ҷаҳони муосир ҳар як давлату миллат бо рамзҳои давлатӣ ва муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла Конститутсия, Нишон, Парчам, Суруди миллӣ ва пули миллӣ шинохта мешавад, яъне ин нишонаҳо муаррифкунандаи кишвари соҳибистиқлол дар арсаи байналмиллалӣ мебошанд».
Парчами давлатӣ муарифгари тоҷикон дар арсаи байналмиллалӣ ва мояи ифтихори мо ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳон мебошад. Парчами давлати соҳибихтиёри мо нишонаи таъриху фарҳанги бостониву пурғановати миллати тоҷик буда, ҳар як фарди ҷомеаро вазифадор менамояд, ки ба ин рамзи муқадаси миллӣ арҷ гузорад. Воқеан Парчами давлатӣ омили муайянкунандаи ҳувияти миллӣ ва тақвият пайдо кардани ҳисси милливу ифтихори ватандорӣ дар шуури ҳар як фарди бонангу номуси ҷомеа мебошад.
Баъдан, муовини раиси Суди вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб Назрӣ Муҳаммадвалӣ суханронӣ намуда, афзуд, ки имрӯз Парчами давлатӣ на танҳо муаррифгари Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ, балки дар айни замон нишонаи сарҷамъӣ ва ваҳдату ягонагии миллат ба ҳисоб меравад. Имрӯз парчами давлатӣ ҳамаи моро дар майдони корзори ватансозӣ муттаҳид намуда, ҳисси худогоҳии моро бедор кардааст.
Сипас, барномаи театрикунонидашудаи аҳли фарҳангу санъати вилояти Хатлон ва шаҳри Кӯлоб ки ифодагари ватандӯстиву хештаншиносӣ ва Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро фарогир буд, пешниҳоди аҳли толор карда шуд .
Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб
Табрикотии Раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр ба ифтихори Рӯзи парчами давлатии Тоҷикистон
Ҳамдиёрони азиз!
Рӯзи 24 ноябр бо қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии соҳибистқлоли Тоҷикистон 30 сол сипарӣ мешавад. Ба ин муносибат Шумо ва дар шахси Шумо тамоми мардуми Тоҷикистонро тарбику муборакбод гуфта, ба Шумо тани сиҳату хотири ҷамъ ва бахту иқболи баландро таманно дорам.
Маълум аст, ки дар ҷаҳони мутамаддин ҳар як давлати мустақили соҳибихтиёрро парчами давлатии он муаррифӣ менамояд. Парчам яке аз рамзҳои асосии Истиқлоли давлат мебошад.
Асосгузори сулҳу ваҳтади миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд, ки «Дар ҷаҳони муосир ҳар як давлату миллат бо рамзњои давлатӣ ва муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла Конститутсия, Нишон, Парчам, Суруди миллӣ ва пули миллӣ шинохта мешавад, яъне ин нишонаҳо муаррифкунандаи кишвари соҳибистиқлол дар арсаи байналмиллалӣ мебошанд».
Иҷлосияи ХVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки чанд рӯз пеш 30-юмин солгардашро дар саросари кишвар бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил намудем. Маҳз Иҷлосияи тақдирсоз дар қатори дигар моҳияти таърихии худ инчунин, Тоҷикистонро соҳиби Парчами давлати соҳибистиқлол гардонд. Дар ин Иҷлосия илова ба дигар масъалаҳои бениҳоят муҳими давлатӣ, рӯзи 24 ноябри соли 1992 Қонуни Ҷумзурии Тоҷикистон «Дар бораи даровардани тағйирот ба Конститутсияи Ҷумзурии Тоҷикистон» қабул карда шуд. Дар он давра Шурои Олии Тоҷикистон чунин ваколат дошт ва вакилон метавонистанд ба Конститутсия тағйироту иловаҳо ворид намоянд. Мардуми Тоҷикистон баъди қабули Конститусияи нав 6 ноябри соли 1994, сарчашмаи ягонаи ҳокимият дониста шуд.
Ҳамин тариқ дар асоси қонуни болозикр ба моддаи 170-и Конститутсияи даври Ҷумҳурӣ тағйирот ворид ва дар иртибот бо он Низомномаи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд. Инак 30-сол аст, ки ин Парчам натанҳо болои сари мардуми Тоҷикистон, балки назди бинои Созмонҳои бонуфузи байналмиллалӣ, бахусус Созмони Милали Муттаҳид парафшонӣ дорад ва қосиди соҳибихтиёриву соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҳамчун воҳиди марзиву маъмурии мустақил дар арсаи ҷаҳон мебошад.
Мо тоҷикон аз он ифтихорманду қаноатмандем, ки ба инсоният муқаддасотеро бо номи Парчам ҳадя намудаем. Зеро сарчашмаҳо ва маъхазҳои таърихӣ собит кардаанд, ки парчамдории мардуми форсу тоҷик таърихи хеле қадима дошта, имкон дорад аҷдодони мо аввалин парчамдору парчамбардорон бошанд. Аз ҷумла, дар нахусткитоби энсиклопедии ҷаҳон «Авесто» вожаи парчам бо номи дирафш ёд шудааст. Аз асари безаволи Абулқосим Фирдавсӣ бохабарем, ки Коваи оњангар ба муқобили Заҳҳоки морон миёнбанди чармини худро парчам намуд ва таҳти он мардуми мазлумро ба шӯриш бархезонда, оқибат ин золимро сарнагун сохту адолатро барқарор кард.
Азбаски аҷдодони пешгузаштаи мо кашофони Парчам ҳамчун рамзу муқаддасот ва нишон аз соњибистиқлоливу созибихтиёрии давлатанд, пас ҳуқуқи маънавӣ дорем, ки Парчами давлатии Тоҷикистон дар баландтарин қулла қарор дошта бошад.
Тавре ҳамагон огоҳӣ дорем, моњи сентябри соли 2011 ба муносибати 20 солагии Истиқлолияти давлатӣ дар пойтахти Ҷумҳурӣ, шаҳри Душанбе баландтарин парчам дар ҷаҳон (165) метр бунёд гардид, ки он ба китоби Рекордҳои Гиннес ворид карда шудааст.
Мавриди изкр аст, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми табрикии худ ба муносибати Рузи Парчами давлатӣ санаи 24 ноябри соли 2020 гуфта буданд, ки «Мусаллам аст, ки њар як давлати соҳибистиқлолу озод ба ҷомеаи ҷаҳон, аз он ҷумла Созмони Миллали Муттаҳид маҳз ба Парчами худ пазируфта мешавад ва эътироф мегардад. Яъне парчами давлатӣ муарифгари тоҷикон дар арсаи байналмиллалӣ ва мояи ифтихори мо ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳон мебошад. Парчами давлати соҳибихтиёри мо нишонаи таъриху фарҳанги бостониву пурғановати миллати тоҷик буда, ҳар як фарди ҷомеаро вазифадор менамояд, ки ба ин рамзи муқадаси миллӣ арҷ гузорад. Воқеан Парчами давлатӣ омили муайянкунандаи ҳувияти миллӣ ва тақвият пайдо кардани ҳисси милливу ифтихори ватандорӣ дар шуури ҳар як фарди бонангу номуси ҷомеа мебошад. Парчам рисолат ва неруи муттазидкунанда дорад, зеро он дарбаргиранда ва таҷассуми арзишҳои сиёсиву фарҳангӣ ва ғояву ҳадафҳои миллӣ мебошад».
Ҳақ ба ҷониби Ҷаноби Олист ва ҳар як сокини мамлакат бояд мазбубият ва садоқати худро тавассути арҷгузорӣ ба муқаддасоти Ҷумҳурӣ, алалхусус Парчами давлат пайваста зоҳир кунад. Зеро эҳтироми муқаддасоти давлат, эҳтироми кишвар аст. Зарур аст, ки парваридани муҳаббат ба Парчами давлатӣ аз богчаву кӯдакистонҳо оғоз шавад, то фардо насли дар ҳақиқат ватандусту меҳанпарвар, аз ҷумла арҷгузорандаи муқадасотро ба воя расонида тавонем.
Маврид ба ёдоварист, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз се ранг: сурх, сафед ва сабз иборат буда, дар ранги сурх ҷасорату далерии фарзандони миллат баҳри пойдории давлати тоҷикон, дар ранги сафед сулҳу субот, нияти пок ва дар ранги сабз нишони рушду пешрафт дида мешавад. Тасвири тоҷ ва ҳафт ахтар ишора ба решаҳои таърихии давлатдории миллати тоҷик мебошад.
Дарвоқеъ, Парчами даватӣ рисолати фаромиллӣ низ дорад. Ҳар гоҳе як варзишгар дар мусобиқоти ҷаҳонӣ ғолиб меояд, парчами кишвараш бар фарози осмон бо садо додани Суруди миллӣ бардошта мешавад ва дар дили ҳамватанонаш эҳсоси ғурури миллїэӣ тақвият меёбад.
Парчами давлатӣ дар шахси Сарвари давлат ва миллати шарафманди тоҷик пуштибон дорад.
Бигузор, Парчами Тоҷикистони озоди соҳибихтиёру соҳибистиқлол дар фазои орому осуда ва ваҳдатободи кишвари азизу маҳбубамон абадан парафшонӣ намояд.
Дар охир бо забони шоир гуфтанием:
Чист парчам? Ифтихори миллат аст,
Чист парчам? Иқтидори миллат аст.
Ҷуз парчам нест тоҷикро нишон,
Чист парчам? Эҳтироми миллат аст.
Бо истифода аз фурсати муносиб бори дигар Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистонро ба ҳамаи шумо муборак бошад!