Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҳамаи кормандони сохтори мақомоти амнияти миллӣ ва собиқадорони соҳаро ба муносибати иди касбии Рӯзи кормандони мақомоти амнияти миллӣ табрику муборакбод менамояд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузургтарин хизматро дар роҳи таъмини амният ва суботи ҷомеа амалӣ намуда, Тоҷикистонро аз кишвари ҷангзада ба кишвари орому осуда табдил дод ва ба мардуми тоҷик олитарин ифодаи амният-сулҳу оромӣ ва ваҳдати саросариро ҳадя кард. Имрӯз вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як узви ҷомеа ҳаст, ки ин неъмати бебаҳоро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифзу эҳтиёт намояд.
Ҳамчунон, ки худи Пешвои муаззами миллат зикр намуданд «Ҳифзи давлату миллат масъалаи ҳаётан муҳим ба шумор меравад». Аз ин лиҳоз амнияти миллӣ омили сарнавиштсоз ва таъмини бақои давлату миллат мебошад.
Дар иртибод ба гуфтаҳои боло мебояд таъкид намуд, ки мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони он нафароне мебошанд, ки ба зиммаашон амнияти шахс, давлат ва ҷамъият аз таҳдидҳои дохилӣ ва хориҷӣ вогузор карда шудааст. Бо қаноатмандӣ бояд изҳор намуд, ки ҳар як корманди ин ниҳод ӯҳдадориҳои базимадоштаро сарбаландона иҷро карда истодаанд ва нақшашон дар таъмини зиндагии осоиштаи халқ ва амну суботи кишвар, фаъолияти пурсамари соҳаҳои мухталифи иқтисодиёту иҷтимоиёт хеле назаррас арзёбӣ мегардад.
Бо назардошти он, ки давлат таъмини амниятро вазифаи муҳимтарин ва афзалиятноки хеш медонад, ҳалли ин масоил ба заҳматҳои шабонарузии чунин ҷавонмардони бонангу номус алоқаи ногусастанӣ дорад.
Пешвои муаззами миллат хизматҳои садоқатмандонаи кормандони мақомоти амнияти кишварро дар кори таъмини амну суботи мамлакат ва зисту зиндагии ороми мардум борҳо қайд карданд. Бомаврид аст зикр кунем, ки дар роҳи расидан ба сулҳу вахдат кормандони мақомоти амнияти мамлакат корнамоиҳои бемисл нишон доданд ва мутаасифона чандин нафарашон қурбон ҳам гардиданд.
Ҳоло онҳоро бо некӣ ёд карда, таманноионро дорем, ки ёдашон бахайр, руҳашон шод бошад. Бо боварӣ метавон гуфт, ки меҳнати содиқонаи кормандони мақомоти амнияти миллӣ ҷиҳати таъмини бехатарии давлату ҷомеа аз ҷониби Президенти кишвар, халқ ва дигар сохторҳо борҳо бо сипосгузорӣ қадрдонӣ карда мешаванд.
Имрӯзҳо Тоҷикистони соҳибистиқлол, аз ҷумла қисми таркибии он шаҳри бостонии Кӯлоб рӯ ба рушд ниҳода, рӯзгори мардумаш обод гаштааст. Ҳалқи заҳматқаринаш шукри осмони софу беғубор ва сулҳи бебозгаштро карда, зери роҳбарии сиёсатмадори шинохтаи сатҳи ҷаҳонӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба оянда устуворона қадам зада истодаанд. Бори дигар мехоҳам қайд кунам, ки дар таъмини ин ҳаёти осоишта нақши тамоми кормандони мақомоти амнияти миллӣ бараъло эҳсос мегардад. Боварии комил дорем, ки минбаъд низ афсарону сарбозони шуҷоъи ин ниҳоди қудратӣ хизмати содиқонаву сарбаландонаи халқу Ватани азизро сарбаландона ба ҷо оварда, мардуми Тоҷикистон аз чунин нерӯи тавоно ва таъмингари ҳаёти осоиштаи мардум ҳамеша ифтихор мекунанд.
Дар охир бори дигар ҳамаи кормандон ва собиқадорони мақомоти амнияти миллиро бо иди касбӣ табрик гуфта, дар корҳои ояндаи пурмасъулият бобати таъмини амну субот музаффарияту комёбҳои беназир хоҳонам
Ҳамеша сарбаланду нерӯманд ва саодатманд бошед родмардони Ватан!
Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP