Ҳамдиёрони азиз!
Инак боз як соли пуртуғён ба охир расида вориди саҳифаи таърих шуда истодааст ва мо дар арафаи соли нави мелодии 2023-юм қарор дорем. Ба ин муносибат Шумо ва дар шахси Шумо тамоми мардуми сарзамини Кӯлоби бостониро табрику муборакбод намуда, таманнои онро дорам, ки соли нав барои халқи Тоҷикистон соли сулҳу оромӣ ва ваҳдати сартосарӣ, файзу баракат, пешрафту дастовардҳои бузург гардад.
Мебояд қайд намуд, ки соли равон барои халқи тоҷик аз ҳама ҷиҳат бобарору пур аз руйдодҳои муҳим буд. Имсол 31 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30 солагии Иҷлосияи таърихию тақдирсозии ХVI – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саросарии кишвар бо шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта шуданд. Ба пешвози ин санаҳои муҳими таърихӣ дар мамлакат ҳазорон иншооти хурду бузурги таъиноти гуногун сохта шуданд ва мавриди истифода қарор гирифтанд.
Рӯзи 14 декабр Маҷмаи Созмони Милали Муттаҳид ташаббуси панҷуми Сардори давлати тоҷикон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро пазируфта, бо қатъномаи худ соли 2025-ро «Соли ҳифзи умумиҷаҳонии пиряхҳо» эълон намуд. Ин руйдод боиси ифтихори ҳар як сокини Тоҷикистон аст. Зеро дар ҷаҳон каманд сиёсатмадороне, ки ба ин андоза пешниҳодҳои аҳамияти умумиинсонӣ карда бошанд ва онҳо аз ҷониби Созмони бонуфузи байналмиллалии болозикр қабул шуда бошад.
Рӯзи 23 декабр Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат ба мақоми Олии қонунгузори мамлакат ироа гардид. Дар Паём Ҷаноби Олӣ тамоми паҳлуҳои ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқии кишварро таҳлил, раванди рушди соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакатро бо далелу рақамҳои қотеъ собит ва вазифаҳоро барои минбаъда муқаррару мушаххас намуданд. Акнун вазифаи ҳамаамон аз он иборат аст, ки онро такрор ба такрор хонем, дастуру супориш ва ҳидоятҳои дар Паём баёншударо сармашқи кори худ намоем.
Мебояд тазаккур дод, ки соли 2022 барои шаҳри Кӯлоби бостонӣ низ ҳамаҷиҳата файзбор буд. Зеро заҳматкашони шаҳру деҳот меҳнати зарбдоронаю садоқатмандона карда, дар зарфи моҳҳои январ – ноябр тавонистанд ба натиҷаҳои назаррас ноил гарданд. Аз ҷумла нақшаи андозҳо барзиёд иҷро шуда, музди маошу нафақапулиҳо пурра пардохт гардиданд.
Дар соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр 2596 ҷойҳои нави кории доимӣ ва муваққатӣ таъсис ёфтанд. 6 корхона ва 3 коргоҳи нав ба истифода дода шуданд.
Рӯзи 27 август бо дастгирӣ ва дастури бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳр бо иштироки сармоягузорони хориҷӣ, бахусус аз Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Туркия, Арабистони Саудӣ, Ҳиндустон, Ҷумҳурии Қазоқистон ва ғайра, Форуми байналқалқии иқтисодии «Кӯлоб - 2022» баргузор гардид. Дар ин чорабинии муҳташам муяссар шуд, ки бо сармоягузорон барои бунёди корхонаҳои саноатӣ санадҳои ҳамкориро ба маблағи 2,2 млрд. сомонӣ ба имзо расонем. Ҳангоми амалӣ намудани ин санадҳо натанҳо соҳаи саноати шаҳр қуллаҳои хеле баландро фатҳ мекунад, балки баҳри расидан ба ҳадафи чоруми стратегии давлат, саноатикунонии босуръати кишвар як қадами устуворе ба пеш гузошта мешавад.
Дар доираи омодагиҳо ба истиқболи 35 солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр сохтмону азнавсозӣ ва таъмири 462 иншоотро ба нақша гирифтааст. Дар зарфи моҳҳои январ – ноябр аз ин ҳисоб 68 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Боиси қаноатмандӣ ва шукургузорист, ки кори чанд иншоотро ҳангоми сафари кориашон ба шаҳри Кӯлоб Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бевосита худашон ифтитоҳ бахшиданд.
Дастовардҳои назаррас дар дигар бахшҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт ҳам кам нестанд. Ба андешаи мо, ҳоло вақти он аст, ки бо шукургузориву миннатдорӣ ҷиҳати атои оромию осоиш, файзу баракати фаровон, корҳои зиёди ободонию созанда бо соли куҳани 2022 хайрухуш кунем ва ба истиқболи соли нави мелодии 2023 бо умеду орзуҳои нек, ҳамчун марҳилаи нави меҳнати садоқатмандонаю содиқона баҳри ободии Ватани ҷононҷонамон бағал кушоем. Таманно кунем, ки соли нав бо қадами хуҷастаи худ барои мардуми Тоҷикистон, аз ҷумла шаҳри Кӯлоб хушнудиву хушҳолӣ биёрад. Соли пурфайзу баракат ва таъмини пешрафти ҳамами ҷабҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт, баланд кардани сатҳи зисту зиндагии аҳолӣ гардад. Соле шавад, ки ҳиммату ғайрати ҳар як сокини ин куҳандиёр барои фаровонии дастархони мардум дучанду сечанд афзоиш ёбад.
Бо ҳамин ниятҳое нек бори дигар ҳамаи Шуморо бо фарорасии соли нави мелодии 2023 самимона табрику таҳният гуфта, ба ҳар як хонавода бахти сафеду иқболи нек, тандурустиву рӯзгори осуда ва ғайрати ободгариву нангу номуси шаҳрдорӣ ва ватандорӣ орзумандам.
Бигузор дар соли нав мувафақияту музаффариятҳо ҳамсафари ҳамарӯзаи Тоҷикистону мардуми ин сарзамини биҳиштосо бошад.
Соли нав муборак ҳамдиёрони азиз!
Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP