Ба муносибати Рӯзи кормандони соҳаи сохтмон дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб вохӯрии раиси шаҳр Назарзода Бахтиёр Худоёр бо сохтмоничиён ва сокинони бунёдкору созанда доир шуд.
Зимни вохӯрӣ роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб тамоми сохтмоничиён ва сокинони бунёдкору созандаи шаҳри Кӯлобро ба Рӯзи кормандони соҳаи сохтмон табрику муборакбод намуда қайд намуд, ки шаҳрсозиву шаҳрдорӣ ва ободкорӣ дар тинату фитрати азалии миллати кӯҳанбунёди тоҷик ҷо дошта, намунаҳои олии он дар осори бисёрҳазорсолаи таърихи бостонӣ ва давраи нави эҳёи созандагиамон – марҳилаи 30 соли соҳибистиқлолии Тоҷикистон таҷассум ёфтаанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ишора ба гузаштаи таърихӣ ва имрӯзи миллати тоҷик зикр намудаанд, ки “Миллати тоҷик аз азал ободкору созанда буд ва дар таърихи инсоният сохтмони зеботарин шаҳрҳоро аждодони мо бунёд ниҳодаанд”.
Зимни вохӯрӣ аз ҷониби раиси шаҳри Кӯлоб баҳри бунёди муҷассами Исмоили Сомонӣ байни сохтмончиён озмун эълон карда шуд. Гуфта шуд, ки ғолибони озмун бо маблағи 50 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ карда мешавад ва иштирокчиёни озмун метавонанд лоиҳаҳои худро ба шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокмияти давлатии шаҳри Кӯлоб пешниҳод намоянд.
Дар идомаи вохӯрии мазкур аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб як қатор сохтмоничиён ва сокинони бунёдкору созанда барои саҳми арзанда гузоштан дар рушди ободӣ, созандагиву бунёдкорӣ ва эъмори иншооти гуногун бо Ифтихорномаи ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб
Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP