Санаи 11 августи соли равон дар Маркази ҷавонони шаҳри Кӯлоб ҷиҳати баланд бардоштани ҳисси хештаншиносӣ ва ватандӯстии ҷавонон вохӯрӣ доир гардид.
Дар вохӯрии мазкур муовини раиси шаҳр Ҳамидиён Орзу, мудири шуъбаи кор ба ҷавонони КИВ ҲХДТ дар вилояти Хатлон, роҳбари ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар вилояти Хатлон Ғуломов Меҳроҷ, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Саймуминзода Фирӯз, инчунин намояндаи ШВКД дар минтақаи Кӯлоб, аъзоёни гуруҳи Авангард, хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таълимии шаҳр, валантёрон, варзишгарон ва бархе аз котибони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ иштирок доштанд.
javonon
Зимни ҷаласа муовини раиси шаҳри Кӯлоб, Орзу Ҳамидиён аз дастовардҳои ҷавонони боистеъдоди шаҳри Кӯлобсуханронӣ намуд. Мавсуф қайд кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдаи миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як суханронии худ таъкид мекунанд, ки созандагиву ободкории миллату давлат дар дасти ҷавонон аст ва ҷавонон ояндаи имрӯзу фардои давлату миллатанд.
Дар идома мудири шуъбаи кор ба ҷавонони КИВ ҲХДТ дар вилояти Хатлон, роҳбари ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар вилояти Хатлон Ғуломов Меҳроч Бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу субот ва Истиқлолияти давлатӣ ибрози андеша намуда, қайд аз он дошт, ки хизмат ба Ватан, садоқат ба Пешво, ҳиссагузорӣ дар ободиву шукуфонии Тоҷикистони азиз бояд рисолати ҳар як ҷавони имрӯза бошад ва ҳамчунин ҷавонони имрӯзаи моро мебояд дастгириву хизматҳои сарвари давлатро дар самти ҷавонон қадр намоянд.
Бояд қайд намоем, ки дар вохӯрии имрӯза Бобохонзода Ситора - сардори шуъбаи кор бо ноболиғони РВКД-и вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб, Ятимов Алишер-роҳбари гуруҳи Авангарди минтақаи Кӯлоб, Шоҳинов Ҳасан-аъзои фаъоли ҲХДТ баромад карда аз таваҷҷуҳи бевоситаи давлату Ҳукумат бахусус Роҳбарияти Олии кишвар дар самти ҷавонону наврасон дар соҳаҳои гуногун изҳори андеша намуданд.
Сипас, Саймуминзода Фирӯз-муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб аз нақши меҳварӣ доштани ҷавонон дар фаъолияти ҲХДТ ёдовар шуда, қайд намуданд: пешрафти ҷомеа дар тамоми соҳаҳо аз оромии он вобастагии зиёд дошта, муттаҳидиву иттиҳодии ҷавонон асоси он ба шумор рафта, муҳимияти он дар камоли иҷтимоии шахс махсус аст. Набояд фаромӯш кард, ки ҷавонон нерӯи бузург дар ҳар давру замон дониста шуда, дар меҳвари ҳамагуна тағйироту табадуллоти равандҳои ҷомеа нерӯи марказӣ маҳсуб ёфта, нақши муассир доранд.
Бахши матбуотии МИҲД-и шаҳри Кӯлоб
Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Кӯлоб, хиёбони И. Сомонӣ №36 Адрес электронной почты защищен от спам-ботов. Для просмотра адреса в браузере должен быть включен Javascript.
TPL_BACKTOTOP